Монолог

Барои ислоҳ аввалтар аз ҳама бояд иштибоҳро пайхас кард.

Аммо, бигӯ, дӯстам Хоҷаев, кӣ ба осониву бе афту дарафт қоил мешавад, ки хатое маҳз аз ҷониби ӯ ва ё ҳадди ақал бо айби ӯ рух додааст? Ростӣ, ман ҳеҷ натавонистам ташхис диҳам чунин манзараро. Мо худ хатокорем, иштибоҳ мекунем, номи бегуноҳеро ба гуноҳ ғарқа месозем, вале чунон гарданшаху якравем, ки гуноҳамонро ба зимма намегирем. Чаро? Барои он, ки баҳри ислоҳи худ ҷуръат надорем. Дақиқан, бовар надорем, ки оё метавонем худро ислоҳ кунем ё не? Яъне, заифем! Ва медонӣ чӣ? Шиква аз ислоҳнопазирии дигарон мекунем! Дар сурате, ки шоири барҷастаамон Фарзонаи Хуҷандӣ мегӯяд:

Ту медонӣ, ки ислоҳи башар чист?

Ҷуз ислоҳи худӣ чизе дигар нест.

Мадеҳ тағйир авзои ҷаҳонро,

Ки гар худро диҳӣ тағйир, кофист.

Дар ҳақиқат, ба назарамон чунин менамояд, ки мисли оина соф ҳастем ва ба ҳеҷ гуна ислоҳ ниёз надорем. Бехабар аз он, ки гоҳу ногоҳ рӯйи оина ҳам чангу гард нишаставу онро ғуборолуд месозад. Ноогаҳ аз он, ки чун рӯйи оина ғубор нишаст, ҳама чеҳраҳоро каҷнамо намудор мекунад. Дар ин ҳол чӣ кор бояд кард? Бояд ғубор аз рӯйи оина шуст. Вагарна… Намедонам дигар чӣ гӯям…

Андеша маро ба ёди замонҳои кӯдакӣ мебарад, рафиқ Хоҷаев. Бисёр ҳолатҳое буд, ки амали ноҷо аз ман содир мешуд ва боиси хашми атрофиён мегардид. Дар чунин ҳолатҳо пеш ва беш аз ҳама модарам барошуфта мешуд. Аз гӯшам мекашид ва исрор мекард: “Тавба кардӣ!?”. Ман ҳам бе дарку диди воқеӣ, бо фикри кӯдакона фарёд мезадам: “Тавба кардам! Тавба кардам!”. Вале рӯзе нагузаштаву қилиқҳои ноҷо такрор мешуданд. Охир, мани кӯдак аз куҷо донам, ки манзури модар ислоҳ шудани ман буд!? Аммо, боз ҳолатҳое ба миён меомад, ки чун амали хубе аз ҷонибам рух менамуд, чеҳраи модар хандон мешуд ва хушҳолона садо мекард: “Ай бача, ҷони оча, доночаи оча”. Баъди чунин нидо кӯдакона қарсак мезадам, пой мекӯфтам ва хурсандӣ мекардам. Бо гузашти солҳои тӯлонӣ, дарк мекунам, ки модари олиҳаам аз панди файласуфи олмонӣ Иммануил Кант — «агар кӯдакро барои амали бадаш танбеҳ диҳиву барои кори хубаш ситоиш намоӣ, ба хотири манфиат кори нек мекунад” хуб огоҳӣ дошта ва шояд бештар аз ӯ медонистааст ин сирро.

Ҳоло мехоҳам боре ҳам модар аз гӯшам бикашад, ҳатто чанд шаппотӣ занаду бигӯяд, ки “тавба мекунӣ!?”. Аммо фикри беҳуда. Ӯ дигар азми ин корро надорад. Ба ман чун ба худ менигарад. Шояд чунин мепиндорад, ки ман акнун як нафари мустақил ҳастам ва хатоҳои худро меёбаму ислоҳ мекунам. Аммо боз як кунҷи дилам сиёҳ аст… Мабодо ӯ чунин андеша бар сар надошта бошад, ки “риши сафедшуда дигар сиёҳ намешавад”?

Ин мақоли хуби мардумиро ту ҳам борҳо шунидаӣ, ҷаноби Хоҷаев: “Ҳавои бад тағйир меёбаду одами бад не”. Ман ба ин гуфта умуман розӣ нестам. Ҳавои бад ҳам тағйирёбанда асту ҳавои беғубор ҳам. Одами бад ҳам тағйир меёбад, шахси хуб ҳам. Ин вобаста аст аз он, ки одам худро ба кадом самт аз рӯи чанд дараҷа тағйир медиҳад. Муҳимтар аз ҳама, оё ӯ қодир ҳаст, ки бо истифодаи тағйирот нуқсҳои худро ислоҳ намояд?

Барои ҳамин, ин қабил мақолҳо ба назар баҳона менамоянду бас.

Фазлиддин АСОЗОДА, “ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here