Даҳаи саввуми моҳи мубораки Рамазон, ки Худо хоҳад рӯзи якшанбе медарояд, бо шарофати худ дигар намегузорад, ки мардум “рӯзҳо дарозу шабҳо кӯтоҳанд” бигӯянд.

Хусусиятҳои ин даҳа зиёданд, вале онҳоро метавон бо як калима баён кард: мутобиқшавӣ. Дар ду даҳаи аввал бо навгониҳову дигаргуниҳо ҳам ҷисману ҳам руҳан дучор меоем ва дар ин даҳа то қадре ба онҳо мутобиқ мешавем. Мо ҳоло танҳо дар мавриди мутобиқшавӣ ҳарф мезанем, зеро дар баёни фазилатҳои даҳаи мазкур хеле зиёд гуфтаанду гуфта истодаанд ва хоҳанд гуфт. Ва гуфтани фазилату арқомҳои ин моҳи бузург вазифаи мо маҳсуб намеёбад, чунки агар мо гӯемашон, дигар домуллоҳо бекор мемонанд.

Агарчи гуфтаи «Одамӣ на тоби гармӣ дораду на аз сардӣ» вуҷуд дораду ба он хеле зиёд бовар дорем, боз моро мебояд бовар кунем, ки одамизод бар ҳар навъ зиндагию рӯзгордорӣ қобилияти одат кардан дорад. Мумкин аст, ки аз амалу тарзи зиндагии нав димоғамон чоқ нашавад. Мумкин аст, ки бо амалу зиндагии нав худамонро ҷур карда натавонем. Мумкин аст, ки ба амалу зиндагии нав омода набошем. Мумкин аст, ки ба амалу зиндагии нав ворид шудан нахоҳем. Вале бо ин ҳама мумкин буданҳо одат кардан аст. Мутобиқшавӣ ба дилхоҳ вазъи зиндагӣ ва рӯзгордориву рӯзгузаронӣ барои одамизод бегона нест ва бо каме кӯшиш ва бо фикри он будан ба амал меояд.

Бале, одат кардан. Дигар “дароз” будани рӯзҳо ва “кӯтоҳ” будани шабҳо одат мешавад. Дигар гӯш кардани “насиҳат”-у “амри маъруф”-и “домуллоҳо” одат мешавад. Дигар дидану шуниданҳои уффу додгӯиҳо одат мешавад. Дигар ба қимматии бозорҳо одат мекунем. Дигар аз таровеҳ гурехтанҳо одат мешавад. Дигар ногап шудан бо носиҳову сигориҳо одат мешавад. Дигар мо ба ҳама чиз одат мекунем. Лекин бисёр хуб мешавад, агар мутобиқшавиамон нек ва ба фоидаи мо бошад.

Дар шумораҳои қаблӣ бобати тавлиди холигиҳо ва пуркунандагони он холигиҳо дар моҳи шарифи Рамазон гуфтем. Ва ҳоло бошад, чи тавр омилҳои пуркунандаи холигиҳоро истифода карданро мегӯем.

Шояд дар назарҳо намояд, ки аз кори хуб кардан дида кори бадро анҷом додан осон аст. Лекин ба ин андеша онҳое метавонанд розӣ шаванд, ки қобилият ва дарки кори худ ва амали некро намедонанд. Аммо ба ин ҷо аз равзанаи дигар назар кунем, тамоман чизи дигар ҳосил мешавад. Кори бад накардан, ба касе зиён нарасонидан, вақти хешро беҳуда сарф накарда… ин ҳама ва калимоту ибороти пушти аломати “се нуқта” монда дар як ҷо нисшастан ва коре накарданро мемонанд, аммо кори нек ҳастанд. Яъне бо ин далел метавон хулоса кард, ки кори хуб кардан осон ва сода аст. Ба мардум зиён нарасонидан ҳам як рисолати инсон аст, зеро имрӯз табиати баъзеҳо ба зарар расонидан одат кардааст.

Мо дар моҳи шарифи Рамазон вақти зиёд дорем, ҳатто аз он миқдоре, ки фикр мекунем, яъне зиёдтар аз 24 соат. Чӣ хел? Бо кам кардани хоб, дидани филм, нишастан дар фазои маҷозӣ, телефонбозӣ… метавон вақти зиёд ба даст овард. Бо ин гуфтанӣ ҳастем, ки дар натиҷаи ин гуна вақтзиёдкуниҳо метавон ба дилхоҳ пуркунандаи холигиҳо расид.

Интиҳо. Ягона омиле, ки барои холигиҳоро бо корҳои муайян пур кардани мо сабаб мешавад, доштан ва хуб истифода кардани вақт аст. Ва умед мебандем, ки холигиҳоро пур карда, бо онҳо одат мекунем.

 

Сино ТОҲИРОВ

P.S. Дар оянда бобати афсӯсу навмедиҳои пас аз рамазонӣ суҳбат хоҳем кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here