Вазифаҳо тақсим шудаанд: даҳаи аввал холигиҳоро ба вуҷуд меорад, даҳаи дуввум онҳоро пур мекунад.

Табиист, ки бо омадани моҳе, соле, ҳодисае, вазифае, рисолате… дар ҳаёти мо дигаргуниҳои зиёде ба вуҷуд меоянд. Бештари ин дигаргуниҳо ба зиндагии мо чизеро илова мекунанд ё ин ки аз он ҷузъеро мегиранд. Ташрифи моҳи шарифи Рамазон ҳам аз ин ҳолат истисно нест. Ва ин моҳи бузург дар рӯзгори якмоҳаи мо бисёр чизҳоро илова мекунаду бисёри дигарро мегирад. Дар ин асно моро мебояд ба иловаҳои ҳаётамон одат карда, ҷойи холигиҳоро пур кунем. Дар бобати пур кардани холигиҳо ҳафтаи гузашта чанд омилеро ном бурда будем ва айни ҳол чи тавр онҳоро васл кардану аз иҷрои он амалҳо ҳаловат бурданро мегӯем. Дар рӯзгори имрӯз амалеро аз амалҳоямон иҷро накардан зуд пайхас мегардад ва дар ҳаёти ҳаррӯзаамон ноҷурӣ ва костагиеро эҳсос мекунем.
Аз рафтору гуфтор ва кирдори муқаррарӣ наметавон ба якборагӣ даст кашид, зеро баробари даст кашидан эҳсоси навмедӣ ва хастагиро эҳсос мекунем. Дар ин гуна лаҳазот бояд амалҳоеро пайдо кард, ки ҷой ва мавқеи корҳои пешинро иваз кунанд.
Пуркунандаи аввал табассум кардан ба рӯйи мардум аст. Медонем, ҳатто бисёр хуб дарк мекунем, ки имрӯз ба рӯйи касе табассуму меҳрубонӣ нишон додан, фикри аз ӯ чизе интизор буданамонро мекунад, вале бояд мо ҳадди ақал дар ин моҳи шариф табассуму меҳрубониро нисбати якдигар омӯзем ва новобаста аз он, ки кӣ чӣ аксуламале нишон медиҳад, онро дар худ дошта бошем. Табассум ба чеҳраи як нафар пеш аз ҳама кину бухлу ҳасадро аз миён дур карда, ниҳоли дӯстиро мешинонад. Дар ин моҳи бузург, ки моҳи дӯстиву бародарӣ ва дур будан аз бадиҳост, табассум кардан ба рӯйи башарият қудрати ҷойиваз кардани бисёр холигиҳои моро дорад.
Пуркунандаи сонӣ мондани чанд қадаме барои расидан ба ҳадафҳои гузоштаамон буда, моро водор мекунанд, ки аз ҳаётамон бисёр холигиҳоро дур кунему доир ба ин масъалаи муҳими ҳаётамон андешем. Моҳи шарифи Рамазон ҳам барои максад тавлид кардан ва ҳам барои ба ҳадафҳои гузошташуда кӯшиши расидан кардан айёми бисёр хуб ва қулай аст. Мақсад ин ки, ҳар кору амале бо дасту дили пок хеле зуд амалӣ мешавад. Ва бояд гуфт, ки дар моҳи шарифи Рамазон нисбат ба дигар моҳҳо имконот зиёд аст.
Агар пуркунандаҳои боло бо иҷро кардани кору амале бошанд, ивазкунандаи саввум бо вуҷуди пуркунанда буданаш аз амале даст кашидан аст. Аниқтараш озори лафзӣ ё ҷисмонӣ нарасонидан ба башарият аст. Бадбахтона, баъзан мешавад, ки мо ба неш задан одат мекунем. Ва хушбахтона аксарият кӯшиши ислоҳ кардани ин камбудиашонро мекунанд, аммо барои решакан карданаш моҳи шарифи Рамазон вақти мусоид аст. Озор нарасонидан ба мардум баробари як кори нек кардан аст.
Пуркунандаи навбатӣ аз худ розӣ шудан аст. Бо бисёр одамон вохӯрдан мумкин аст, ки дар баробари муваффақиятҳои зиёдашон аз худ розӣ нестанд ва ё ба таври дигар гӯем, фурсати бо худ нишастану иҷрои корҳои анҷомдодаашонро хулоса кардан надоранд ва дар интиҳо аз худ норозиянд. Моҳи мубораки Рамазон вақти бисёр хуб аст барои фикри корҳои анҷомдодаро карда, хулосабардорӣ намудан. Аз худ розӣ шудан вақте муяссар мегардад, ки соатҳои зиёдро дар фикру зикри худ истифода карданро омӯзем.

Сино ТОҲИРОВ

P.S. Дар шумораи навбатӣ доир ба мутобиқшавӣ мегӯем, ки дар моҳи шариф бисёр муҳим аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here