Дар Тоҷикистон маъракаи пешниҳоди номзадҳо ба мақоми президентӣ оғоз гардид.

Аксари номзадҳо чеҳраҳои нав нестанд.Онҳое ҳастанд, ки дар фарҷом ба ҷуз аз номзади асосӣ аз ду ё се фоиз зиёд овоз намегиранд. Бояд гуфт, ки дар аксар ҳолат ваъдаҳои болохонадори онҳо ба интихобкунандагон боиси масхара ва ҳатто таҳқири коршиносону журналистон қарор мегирад.

Ин бор ҳам Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон номзади ҳамешагиаш Абдуҳалим Ғаффоровро чун довталаб пешниҳод кард. Дар расонаҳо бошад, ду ваъдаи вай — сохтани метро дар пойтахт ва пулакӣ кардани воридшавӣ ба шаҳри Душанбе аллакай мавриди тамасхури истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтааст. Гап сари он аст, ки пешниҳоди аввал дар ҳоле садо медиҳад, ки аз лимити барқ дар тирамоҳу зимистони имсола расман эълон карданд. Пешниҳоди дуюм бошад, ба андозае шигифтовар аст, ки беихтиёр хотираҳои куҳнаро зинда мекунад. Агар ёд дошта бошед, дар оғози солҳои 90 пешниҳод шуда буд, то пойтахт ба шаҳри Хуҷанд кӯчонида шавад. Дар солҳои охир бошад, пешниҳод дар мавриди ба Данғара додани мақоми пойтахт садо дода буд. Чаро ин ду пешниҳодро ёдовар шудам? Ба андешаи баъзе, сокинони пойтахт бойтарин дар Тоҷикстон ҳастанд ва гӯиё мақоми пойтахт гирифтани ин ё он шаҳр мардуми онро низ бой мекунад. Аммо даъвогарони ин андеша фаромӯш мекунанд, ки ба ғайр аз қисми мансабдору тоҷир аксари аҳолиро донишҷӯён ташкил мекунанд. Донишҷӯе, ки дар сӣ соли охир хӯроки асосиаш аз шакару чой ба “роллтон”-у пюре мубаддал гаштаасту халос. Донишҷӯе, ки бо вуҷуди аз минтақаҳои куҳистон будан дар гирифтани хобгоҳ ба сад монеа дучор мешаваду чун давраҳои шӯравӣ тағою амак мекобад.

Ба ғайр аз ин, пешниҳоди Ғаффоров шояд аз он сарчашма мегирад, ки устоди муҳтарам низ чун як устоди таърихии дигар — муаллифи ҷумлаи  “Қишлоқиҳо дигар бояд ба Душанбе наоянд” меандешанд. Хушбахтона, баҳси он устоди таърихӣ баъди маломату сарзанишҳои зиёд мавриди накуҳиш қарор гирифт.

Номзадҳои дигар чӣ ваъдаҳои гӯшношунид медиҳанд, вақт нишон медиҳад. Ягона чизе, ки ин лаҳза метавон гуфт, ин аст, ки маъракаи интихобот ба ҷуз аз сиёсӣ будан, жанри трагикомедияро мемонад. Аммо дар ин мавзуъ дар ҳафтаи оянда!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here