Чу як пири хирад мирад, бимирад ҷумла осорам,

Чу як ҳамсоли ман мирад, гаронтар мешавад борам.

Дарахте бишканад, гӯӣ миёнам бишканад, эй дод!

Чу фикре барғалат бошад, шавад афгор афкорам…

(Лоиқ)

Марг ҷавон мешавад…

Ёд надорам ин ҷумларо дар ҷанозаи кадоме аз дӯстонам шунида будам, аммо, баъди фавти ногаҳонии ҳамкору ҳампешаам, сухангӯйи раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев (Илёсзода) ин ҷумла ба ёдам зад. Воқеан ҳам соли охир марг ҳамсолони маро гулчин кардаву як-як мебарад. Ба қавли Расул Ғамзатов “аҷал аз баҳри мурдан сад баҳона, сад сабаб дорад”, вале дар айни камолот, дар синни панҷоҳ тарки дунё кардан, қалбро реш-реш месозад.

Ҳанӯз дидаҳо аз ҷавонмарг шудани Маҳмудҷон Додобоев, сухангӯйи пешини раиси шаҳри Хуҷанд, хушк нагашта, Иқбол Тешаев — девори номуси Ворух — чанде пас аз ҷашни панҷоҳсолагиаш, аз дунё гузашт. Мисли шодравон Акбари Саттор, ки пас аз панҷоҳ, ҳамагӣ панҷ моҳ умр дид.

Дар ҷашни панҷоҳи Иқбол Илёсзода навишта будам:

«… Иқбол  тани танҳо дар набарди иттилоотӣ дар миёни оташи мубориза барои сарзамини тоҷик дар муқобили даҳҳо, садҳо журналисти ҳамсоякишвар, ки ҷуз ғасби хоки Ворух андешаи дигаре надоштанд, пойдорӣ кард, қурбонӣ дод.

Ӯ мисли дигарон аз пушти компютеру саҳифаи интернет доди ватанхоҳӣ назад, балки дар паҳлӯи муборизон барои ҳимояи Ватан меистод ва ягона манбаи иттилоот барои ҳазорон расонаву хабарнигорони чӣ дохил ва чӣ хориҷ буд.

Аммо, дар ҳамин ҳол интизори унвонҳои коғазию оҳанӣ набуд.

Аммо дар ҳамин ҳол, мансабдори баландпояе аз қатли бародараш дар набарди нобаробар бо қирғиз  барояш ҳамдардӣ нагуфт.

Аммо дар ҳамин ҳол, Иқбол мисли ҳазорони дигар аз Исфарамарз худро ба бозори зардолуфурӯшии Русия назад.

Аммо дар ҳамин ҳол, аз мушкил, аз ашк, аз хун, аз дарди ҳамватан нагурехт.

Истод ва бовар дорам, меистад! (бо вуҷуди дар руйихати сиёҳи Қирғизистон будан, то нафаси охирин дар Ворух буд. Х. А)

Рӯзе мерасад, ки аҳли қалам хоҳанд гуфт:

— Мо чунин кӯҳҷигаре, ватандоре, ҳамнишину ҳамдарду ҳамқаламе доштем …»

Имрӯз шабакаҳои иҷтимоиро мебинаму марсияю дардномаҳоро аз марги Иқбол мехонаму фикр мекунам, пешгӯӣ карда будаам, марги Иқбол, сӯз андар марги Иқболро…

Чӣ метавон кард? Ҷуз он, ки номи некашро пос дорем. Агар не, ба қавли Додоҷони Атовулло, журналисти нотакрори тоҷик, “Рӯзе, ки дарёфтӣ, беҳтаринҳои зиндагият ОН ҶО маскан гузидаанд, ИН ҶО рахти сафар бастан барои як инсоне, ки дил дорад, ғамро мешиносад, водии ҳиҷронро тай кардааст, сафар ба водии хомӯшон ғуссабор нест”.

Рӯҳат шод бод, Иқбол Илёсзода!

Моро бубахш, ки дар зиндагӣ барои ҳимояи марзу бум, на ҳамеша дар бари ту будем!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here