Пурбаҳстарин мавзӯи ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, садою симо ғайричашмдошт мавзӯи китобу донишу суханварӣ буд.

Ростӣ шахсан бовар надоштам, ки рӯзе мешаваду мардуми ман китобхару китобхон мешавад. Чунки замон моро ончунон ба гирдоби зиндагӣ кашидааст, ки ғайр аз андешаи пораи нону рӯзи фардо дигар чизе надорем. Аммо, якбора дар солиёни ахир вазъ тағйир ёфт: Аввал дар Душанбе ҳам китобҳои босифати бадеӣ яке думболи дигаре чоп шуданд, тарҷумаи асарҳои адибони хориҷӣ ба ҳукми анъана даромад, бозори фурӯши китобе, ки нашриёти “Адиб” доир кард, бисёреро ба ҳайрат гузошт, ки “наход ин ҳама китобхару мавлавихонҳо ҳамонҳое бошанд, ки дирӯз дар навбати нон буданду парвои хондан надоштанд!?”.

Як нуктаро бояд гӯям, ки ин ҳама бо ба сари кор омадани шоир ва журналист Давлат Сафар авҷ гирифт. Давлат тавонист дар бозгашти мардум ба сӯйи китоб хидматеро анҷом диҳад, ки шодравон Акбари Саттор дар дубора рӯзномахон шудани ҷомеа анҷом дода буд. Ин ки дубора мардуми тоҷик Мавлавихону Мавлавиҷӯ гардид, бешак саҳми Давлат Сафар зиёд аст. Бо таъин шудан ба мансаби директори нашриёти “Адиб” мавсуф натанҳо нашри саросарии осори адибону шоирони тоҷикро ба роҳ гузошт, балки андешаи то ба дасти хонанда расидани онро ҳам кард.

Шояд бо таъсири ин заминаҳо соли ҷорӣ озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” шару шӯри бештареро ба миён овард. Ин натанҳо ба мукофотпулии дар шароити кишвари мо баланд вобаста буд, балки назар ба солҳои дигар нафарони арзанда ба озмун раҳ ёфтанд. Беҳтаринҳо худро муаррифӣ карданд, беҳтаринҳо қадрдонӣ шуданд, ҳакамони арзанда то ҳадде тавонистанд, довари якрӯ буданд.

Натанҳо дар шабакаҳои телевизионӣ, балки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам озмун ба ҳадди лозима тарғибу ташвиқ гардид ва ба эҳтимоли зиёд, соли дигар ҳаводорони аз ин бештар пайдо хоҳад кард. Чеҳраҳои муваффақе, ки ҳунару истеъдоду дониши хешро дар озмун нишон доданд, чун варзишгарони ғолиб дар ноҳияву мактабу донишгоҳҳои хеш муаррифӣ шуданд. Бовар дорам ин амал меҳри эшонро ба китоб гармтар кард.

Раванди дигаре, ки вақтҳои ахир шахсан маро хушҳол месозад, то як андоза дур шудани вожаҳои зиште, чун “пораю порахӯрӣ” нисбат ба табибон буд, ки солҳои ахир мӯд шуда буд. Шояд ба ин вабои аср “коронавирус” ҳам сабаб шуда бошад, ки натанҳо дар кишвари мо, балки дар саросари дунё аввал табибонро ба марг маҳкум кард ва қишре, ки бештар аз дигарон аз гирифторӣ ба коронавирус ҷон доданд, эшон буданд.

Аммо, дар ҳамин ҳол ба оҳистагӣ дар Тоҷикистон матбуоти чопии мустақил мемирад. Ба марги маҷбурӣ не, балки ба марги тадриҷӣ. Алъон аз ин касеро парво ҳам нест, чун дигар аз як сӯ давлат бо обунаи маҷбурӣ ба расонаҳои давлатӣ рақобати носолимро ба миён овард, аз сӯйи дигар матбуоти мустақили чопӣ ҳам дигар ба интернет мекӯчаду нони худро меҷӯяд.

Ростӣ то ҳол намедонам ин марг ба суди касе ҳаст ё на. Чун аз ҳарду тараф ба даҳон об гирифтаанду хомӯшанд.

Шояд марги матбуоти мустақил ин хостаи бозор бошад ё хостаи доираҳои муайян? Ман намедонам ва агар донед ба ман ҳам бигӯед!

Вассалом!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here