Ёд дорам, чанд сол пеш вақте ба касе кумак кардӣ, дасташ гирифтӣ, туро соҳибвиҷдону оқилу инсон мешумориданд. Ҳоло бо анҷом додани ин амал нисбати он шахс фақат як калима мегӯянд: “Сода!”.

Ҳаво ин зимистон сард омад. Гоҳ об дар трубаҳо ях мекунаду гоҳе барқ ба фишори зиёд тоб намеорад. Чанд соли охир ҳамагӣ як ё ду бор барфро дар пойтахт медидем. Он ҳам барои як ё ду рӯз. Ҳанӯз кӯдакон ҳавасшикан нашуда, об мешуд. Аммо имсол… намедонам бори чорум ё панҷум барф мезанад. Хунуки сард ба ёд Сибиреро меорад, ки дар асарҳои бадеӣ мехондем. Барфи сарду яхолуд.

Ба болои ин имсол дар Душанбе туман пайдо шуд. Тумани ғафс. Ман то ин дам Душанбеи туманолудро тасаввур намекардам. Субҳ машинаҳо бо сад азоб то ба коргоҳ мерасанд. Утоқҳои корӣ гарм намешаванд. Кормандон бо азобе рӯзро кӯр мекунанду ҳанӯз пардаи торикӣ нафаромада, ба хона мешитобанд. Кор — хона, хона — кор. Бовар кунед, гоҳо ба назарам шабеҳи мӯрчаем. Мӯрчае, ки миёни коргоҳу хона мераваду меояд.

Дигар он то дилгаҳи шаб нишастану суҳбат оростан, бо майли дил суҳбат кардан, хандаҳои осмонкафу базлагӯӣ, дар хонаи касе ҷамъ шудану субҳро пешвоз гирифтан дар хотираҳои мо мондаасту бас!

Баъзе авқот ба назарам чунин менамояд, ки зиндагӣ бемаънӣ шудааст. Ҳама чизи беҳтарин мурдаасту фақат хотираҳои нохуш боқӣ мондааст ва рӯз ба рӯз ин ҳолат бадтар мешаваду беҳтар не. Шояд таъсири коронавирус бошад? Намедонам!

Дӯсте қисса кард, ки баъди коронавирус фаромӯшхотир шудааст ва гоҳо ҳамсуҳбаташро соатҳо мебояд то ба ёд орад, кӣ буду аз куҷо буд, имрӯз чӣ хӯрда буду дар куҷо хӯрда буд. Рӯз ба рӯз вожаҳои инсонӣ, вожаҳое, ки фақат ба инсон дахл доранд, кам мешаваду гум мешаванд. Ёд дорам, чанд сол пеш вақте ба касе кумак кардӣ, дасташ гирифтӣ, туро соҳибвиҷдону оқилу инсон мешумориданд. Ҳоло бо анҷом додани ин амал нисбати он шахс фақат як калима мегӯянд: “Сода!”. Дар ин калима ҳама чӣ нуҳуфта аст, ҳам авзои замона, ҳам монанд набудани ин инсон ба дигарон ва ҳам баҳои дигарон. Ва даҳшатноктар аз ҳама, авзои ҷомеа.

Гоҳо фикр мекунам, ки мо воқеан содаем… Авроқи зиндагии худро варақ мезанам ва дармеёбам, ки чӣ қадар зиёд сода будаам. Ҳамеша думболи он давидаам, ки ҳама коре анҷом медиҳам, бояд зебо ва босифат анҷом ёбад. На ин ки ба хотири касеву чизе ё андешаи дирӯзу имрӯз.

Ҳамин дирӯз буд, ки нафаре аз як минтақаи куҳистони дурдаст бо арзе омад. Номаашро хондам. Дилрешкунанда. Ҳангоме ба ҳамкорон гуфтам, ки бояд ин маводро нашр кунем, яке гуфт: “Шахси танқидшуда хешованди фалонӣ аст”, дигаре гуфт: “Ӯ ягона нафаре аз раисон аст, ки бо мо муносибати хуб дорад ”, саввумӣ афзуд: “Ба шикояти ин нафар дар ҳама зинаҳо беэътибор будаанд. Аз нашри ин шикоятнома чӣ фоида?”, чаҳорумӣ илова намуд: “Сода нашавед”. Ана ҳамин ибораи охирин маро кушт. Бахудо, дилам дард кард. Охир, дигар вақте мушкили касеро баррасӣ мекунем, ба дардаш даво шудан мехоҳем, моро таъкид мекунанд, ки “сода нашавем”…

Касе аз содагии мо огоҳ мешавад?

1 бинависед

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here