Кӣ ва ё чӣ намегузорад, то таксиҳои панҷсомонӣ дубора пайдо шаванд?

Ба навиштани ин мавзуъ эътирози як ронандаи такси, собиқ корманди радиёи “Садои Душанбе” Абдусаттор Пирмуҳаммадзода водор кард. Мавсуф аз бекорию аз раҳбандии баъзе масъулин, барои соҳиби як бурда нон шудани шаҳрвандон, шикоят намуд. Ин эътироз вокуниши зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард ва аксар бо нишони ҳамраъйӣ ба Пирмуҳаммадзода, садо баланд карданд.

Яке аз мавзуҳое, ки мавсуф зикр кард, барҳам додан, аниқтараш пешгирӣ кардан аз фаъолияти таксиҳои панҷсомонӣ аз ҷониби масъулин буд, ки даҳҳо, садҳо нафарро бекору бенон гузошт.

Ҳарчанд ин масъаларо аз ду ҷониб бояд дид:

Ҳар нафаре вориди пойтахт мешавад, ба маданияту муносибату зиндагии мардум аз рӯйи ду масъала баҳо медиҳад:

Яке бозор, дуввум таксиҳои он. Шояд бо назардошти ин омил бошад, ки босуръат сафи мағозаҳои ҳозиразамону таксиҳо афзуду қишри таъмини кишварро, ки имкони харид аз мағозаҳо ва истифода аз таксиҳо доштанд, хурсанд кард. Дар ҳамин ҳол, барои онҳое, ки бо амалӣ шудани ин тарҳҳо нони даҳони худро гум карданд, қашшоқ буданд, қашшоқтар шуданд, на кори мувофиқе пешниҳод шуд, на ба ин тарзи корбарӣ раҳ ёфтанд, рӯзи сиёҳи бекорӣ оғоз шуд.

Шояд аз ин андешаи муғлақ чизеро дарк накардед. Пас, содатар мегӯям:

Масалан таксиҳои панҷсомониро аксар қишри камбағалу миёна ва донишҷӯён истифода мебурданд. Ронандагони таксиҳои панҷсомонӣ ҳам аз қишри миёнаҳол буданд, ки нони худро ба ин роҳ меёфтанд. Бо раҳбандӣ барои ин гуна фаъолият, онҳо табиист ба ҷуз аз дигар кардани пеша ё рафтан ба муҳоҷират, дигар роҳе надоштанд. Чунки ту бояд сарфу харҷи чашмрас кардаву машинаи ҳозиразамонеро, ки соли бароришаш аз 2016 сар мешавад, ба иҷора бигирӣ ва ё харӣ. Табиист, ронандаҳои машинаҳои камарзиш чунин имкон надоштанд.

Пас, дигар сафи бекорон зиёд шуду кам не. Аниқтараш, ҳамон ҳикмати қадима: Бойҳо бойтар шуданду қашшоқҳо қашшоқтар. Ҳарчанд рустӣ баъзе ҳанӯз ҳам таксиҳои панҷсомонӣ меронанд, вале сари қадам кормандони БДА онҳоро доштаву ҷарима мебанданд ва аслан ин ронандагони бечора барои шикаму фарзандони онҳо кор мекунанд.

Пас, роҳи илоҷ чист? Магар вақти он нарасида, ки ақаллан як бор ғами қашшоқу камбағалро хӯрда, аз пайи қонунӣ кардани ин намуди таксиҳо шаванду ҳам лаъл ба даст ояд, ҳам ёр наранҷад?

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here