Аҷаб ҳолате ба ҷомеа ориз шудааст. Аз гузаштани шабу рӯз парво надорад, аниқтараш, гузаштани шабу рӯзро эҳсос намекунад…

Не-не, инро эҳсос менамоянд, масалан дар шабакаҳои русӣ, ки шабонарӯзӣ аз хафви Толибон ба кишварҳои Осиёи Миёна, алалхусус Тоҷикистон мегӯянду менависанд…
Инро эҳсос менамоянд дар Қирғизистон, ки ҳар рӯз харитаи нави сарҳадиеро ба ВАО пешниҳод менамояду мехоҳад тақсимбандии марзӣ бо Тоҷикистон маҳз аз рӯи он сурат гирад.
Инро ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сайтҳои беруна ҳис мекунанд, ки шиорашон “кӣ пеш” аст, на “кӣ ҳақ мегӯяд” шудааст.
Аммо дар Тоҷикистон не!
Ҷомеа ончунон ба хоби хирсона рафтааст, ки фақат шеър менависаду бас!
Дар ситоиши калӯши бобо, дар васфи асо, дар бораи кӯлбори муҳоҷир, дар тараннуми пешобағалу қомати ёр, дар боби таъриху гузаштаҳои пурифтихор…
Фақат дар бораи хафви Толиб не, аз сарҳадҳои сунъии мероси Шӯравӣ не, аз воқеияти рӯз не.
Эҳсоси натанҳо гузаштани шабу рӯз гум шудааст, балки ҷомеа тағйирёбии рӯҳияи замонаро гум кардааст!
Чанд соле пеш чунон ба назар мерасид, ки оҳиста — оҳиста ҷашн гирифтани Соли нави масеҳӣ номумкин мешуд. Имрӯз гӯшаву канорро арчаи солинавӣ зер кардааст.
Чанд соле пеш ба ғайр аз табибу духтуру муаллим ришвахорӣ синониме надошт. Имрӯз давлатмардоне, ки то дирӯз номашонро мешунидиву худашонро тасаввур намекардӣ, пушти панҷара мераванд.
Чанд соле муқаддам судяи беадлеро дар зиндон тасаввур кардан маҳол буд, имрӯз “шикор”-и онҳоро дида, гоҳо дилат месӯзад.
Чанд сол пеш аз барандаҳои медали нуқра ситораи осмон сохта, аз шаҳр ба шаҳру аз вилоят ба вилоят тӯҳфасупорӣ мебурданд, имрӯз номи қаҳрамони ҷаҳон ҳамагӣ барои чанд рӯз вирди забон шуду дигар ба коми фаромӯшӣ рафт.
Ва ин яхи сард ба рӯҳу ҷони журналистика ҳам асар кардааст:
Агар ки чанд сол пеш барои бозпурсӣ даъват шудани журналисте ҳангомае ба сар мекард, имрӯз пушти панҷара рафтани эшон амри табиӣ шудааст ва ҳатто аз гуноҳи ба сари онҳо боршуда — хоҳ ҳаст, хоҳ нест, мижжаи касе хам намехӯрад.
Хирс дар як сол дар як фасл мехобад ва баъди хоби зимистона аз хоб мехезад. Ҷомеаи мо чӣ?
Кош ақаллан хирс мебудем…

Хуршед АТОВУЛЛО

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here