“Кино муҳимтарин намуди санъат аст”.

(В. И. Ленин)

Дар ҳоле тариқи нашрияву садову симо аз ҳуҷуми урфу одати бегона ба ҷомеа табли изтироб мезанем, касе намехоҳад, ё намебинад ва ё эътироф намекунад, ки сарчашмаи ин ҳамаро бубинад.

Барои пайдо кардани ин сарчашма, ба куҳ боло шудан лозим нест, саргаҳи дарёро ҷустан лозим нест (ки шояд барои шикамҳои дамидаи идеологҳои мо вазнинӣ мекунад), балки саре бояд зад ба дӯконҳои наворфурӯшии бозорҳою мағозаҳо.

Биёем сари мақсад:

Сериёлҳои туркӣ ба ҳадде ҷомеаи моро вобаста карданду мекунанд, ки натанҳо муҳаббат ба яроқу зӯриву эҳсоси бадбинӣ ба мардуми курдро (бо вуҷуди нисбат ба туркон наздиктар ба мо буданашон) омӯхтем, балки ҳиҷобу риш маҳз аз сериалҳои туркӣ дар ҷомеаи мо мӯд шуд. Аҷиб ин аст, ки таҳқири либоси ба истилоҳ “пӯшида” ё “исломӣ” ҳам сарчашма аз ин сериалҳо мегирад. Яъне, тангу замонавию кушод пӯшидани ин намуди либос, вокуниши баръаксро ба вуҷуд меорад ва нафратро дар дили мусалмони воқеӣ бедор мекунад.

Аммо, касеро ба ин парво нест ва шабу рӯз бибию бобоҳои фарзандони ман аз деҳа истода, хоҳиш мекунанд, то серияҳои нави сериалҳои туркиро барояшон фиристем. Бепарвоӣ, аз пушти панҷа нигаристан ба ин тарғиботу рекламаи фарҳанги бегона ба ҷуз аз вобастагии молии доираҳои муайяни идеологҳои мо ба андешаи Шумо чӣ буда метавонад?

Ман чунин гумон дорам. Шумо чӣ?

2 ШАРҲҲОИ

  1. Силсила филми урусиро тамошо мекунӣ дар охир садта мезанан ҳамдигарро дар оғӯш мекашанд, силсила филми ҳиндиро тамошо мекунӣ баъд аз занозаниҳо ду дустдошта бо нарасонидани лаб ба лаб пйар карда адолат барқарор мешавад, дар силсила филмҳои туркӣ баъд аз хиёнатҳои бешумор ва кушторӣ беҳрамона яке пайдо мешавад ва ба фарзанди каси дигар эълом мекунад, ки ман падари биологии ту ҳастам…

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here