…Ман ки имрӯзам биҳишти нақд ҳосил мешавад,

Ваъдаи фардои зоҳидро чаро бовар кунам?

офиз)

Сафардидаҳои Бахтиёр Аминиро хондаму беихтиёр хаёлам ба Душанбеи соли 1990, Бишкеки даврони салтанати Акаев рафт. Намедонам, ин ҳама чӣ монандие дошт ва чаро ин навишта, маро ба ёди он солҳо бурд. Аммо, чанд ҳарфи гуфтание дар ин мавзӯъ дар сарам чарх зад.

… Дар ҷое муаллиф перомуни бархурди Президент бо журналистону расонаҳо менависад:

“Раиси ҷумҳур аҳамияти озодии баёнро дар рушди кишвар хуб дарк кардааст. Аз ин рӯст, ки ҳамвора рӯзноманигорон ва блогеронро даъват мекунад, ки ҷасурона аз камбудиҳое, ки дар кишвар мебинанд, интиқод кунанд ва ба худсонсурӣ роҳ надиҳанд”.

Ин хулосаи тозае аз амал ва гуфтаҳои Мирзиёев нест. Пештар, дар табрикномааш ба журналистон мавсуф гуфта буд:

“Васоити ахбори омма бояд на дар сухан, балки дар амал “ҳукумати чорум” шаванд. Ин тақозои замон ва талаби ислоҳоти мо аст. Фаромӯш накунед, ки дар таъмини адолат ва қонун дар ҷомеа, мустаҳкам намудани таҳкурсии давлати демократӣ мо пеш аз ҳама ба Шумо такя менамоем. Ба дониш ва истеъдоди Шумо.”

Баъди ин, дар як ҷаласаи дигар Мирзиёев мансабдоронеро, ки танқидро қабул надоранд, сахт маҳкум кард ва мавриди ситоиши давлатҳои демократӣ қарор гирифт.

Сарвари давлати ҳамсоя чанде пеш бо сипос ба журналистони хориҷӣ ва дохилӣ барои ширкати фаъолонаашон дар интихоботҳои парлумонӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ дар Ӯзбекистон, зикр кард:

“Журналистон собит карданд, ки хеле пеш рафтаанд, омӯхтаанд. Ин гуна саволгузориҳои ҷиддӣ ба баъзе раҳбарони мо намефоранд. Аммо барои ман ин тоифа журналистон хуш меоянд”.

Агар бо дидаи ҳақбин бингарем, дар  Тоҷикистон дар ин самт пештар қадам бардоштаанд. Фармони 622 – и Президент Раҳмон, ки мансабдоронро вазифадор кардааст то ба ҳама навиштаҳои танқидӣ посух диҳанд, далели ин гуфтаҳо мебошад. Вале кадом мансабдор барои посух надодан ба маводи танқидӣ ҷазо гирифт, суоли кушода боқӣ мемонад.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи аз ҳама бонуфузи тоҷикон дар ҷумҳурии Ӯзбекистон, — “Овози тоҷик” аз он табли изтироб мезанад, ки агар аз ҷониби нангбардорони ин миллат кумаке нарасад, дар садади баста шудан аст ва танҳо умед ба дасти сахои ҳаммиллатон дорад.

Баъди ин даъват ҳар тоҷике нангу ифтихор дорад то ҷое барои боқӣ мондани ин нашрия кӯшиш дорад. Адиб ва журналисти соҳибноми тоҷик Додохони Эгамзод ҳам бо номаи бозе аз Мирзиёев хоҳиш намуд то барои идомаи фаъолияти “Овози тоҷик” кӯмак кунад.

Намедонам, аз ҷониби мақомоти дахлдори Тоҷикистон ба ин даъват вокунише шуд ё на, вале дар ҳоле дар худи кишвар матбуоти мустақил ба мурдан маҳкум шудаасту тасмиме барои наҷоти он гирифта нашудааст,  аз мақомоти дахлдор ҳатто садои ҳамдардиеро интизор шудан, беҳуда хоҳад буд.

Вале бовар дорам агар даъвати адиби тоҷик барои наҷоти “Овози тоҷик”  ба гӯши Президент Мирзиёев расад, бояд тасмиме дар ин раҳ гирифта шавад ва шӯҳрати ӯро аз марзи Ӯзбекистон берунтар хоҳад бурд.

Он гоҳ метавон “баҳори Мирзиёевро баҳори  “Овози тоҷик” ҳам номид!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here