Суоле, ки маро ором намегузорад: Чаро Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода доир ба гирифторону фавтидагон аз пневмония (Ковид-19 не!!!) об дар даҳон гирифтаанд?

Фикр мекунам ин савол на танҳо маро безобита мекунад. Дар оғози пайдоиши Ковид-19 ҳам, ҳар касе бо нишонаҳои ин беморӣ вафот мекард, масъулини тандурустии Тоҷикистон сабаби марги онҳоро “пневмония” меномиданд. Ҳоло ҳам бо вуҷуди он ки омили марги ин ё он шахсро аз Ковид-19 медонанд, эшон қабул надоранд ва ҳоло ҳам сангро ба сари пневмония мезананд. Ҳарчанд миёни фавтидагон шахсиятҳои барӯманди ин ё он соҳа зиёданд ва омили маргашонро дар ҷомеа аз Ковид-19 меҳисобанд. Ин дар ҳолест, ки гирифторони ин ду беморӣ якгуна нишонаҳои беморӣ доранд ва дар Тоҷикистон миқдори фавтидагон аз пневмония бештар аз Ковид-19 аст.

Барои ман чунин менамояд, ки пушти ин “бозӣ” тиҷорати дигаре ба оҳистагӣ гардиш дорад. Вагарна, чаро ду гирифторие, ки нишонаҳои якхела доранду (бале, ба мо чунин мегӯянд, зеро дар омори расмӣ сироятёбӣ ва фавт аз Ковид-19 ҳасту аз илтиҳоби шуш не!) рафти сироятёбиву табобаташон низ якгуна аст, як беморӣ ҳисобида намешаванд? Сабаби ин хомӯшӣ чист?

Чаро омори фавт аз пневмония касеро ба ташвиш намеораду аз Ковид-19 ҳама ҷо бонги хатар мезананд?

Чаро Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Ковид-19-ро пандемия эълон намуду новобаста аз омори ташвишовари пневмония ба он бетаваҷҷуҳ аст?

Ё “бошад андар парда бозиҳои пинҳон?”.

Воқеан, то ҷое хабар дорем, барои гирифторони Ковид-19 ҳам кумаки башардӯстона ҳаст, ҳам таваҷҷуҳ, вале барои гирифторони илтиҳоби шуш (пневмония) на ину на он!!!

Агар чунин бошад, пас дар Тоҷикистони соҳаи тандурустиаш ҳамеша дастнигар воқеӣ нишон додани гирифторони Ковид-19 беҳтар нест?

Намедонам, вале мани фарсахҳо дур аз тибро ин саволи оддие, ки посухашро то ба ҳол дар ҷое наёфтаам, азоб медиҳад. Шояд касе дар ин маврид ҳарфи ҳақро мегӯяд, ҷаноби Абдуллозода?

Суоли натанҳо ман, балки миллионҳо шаҳрвандонест, ки посухи Шуморо чун шахси аввал дар соҳаи тандурустии кишвар мехоҳад.

P.S. Дарвоқеъ, новобаста аз хомӯшии СҶТ дар бархе аз кишварҳо ва аз ҷумла, дар ҳамсоякишварамон Қирғизистон ҳар ду беморӣ як дониста мешаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here