Дузд бояд дар зиндон шинад.
                       (Владимир Висотский)
Вохӯрии Президент бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук, коррупсия ва бонкдории кишвар чанд рӯз аст, ки сархати расонаҳои иҷтимоӣ ҳастанд.
Дар ин ҷаласа бисёре аз муаммоҳое, ки то имрӯз ҷомеа мегуфту мақомот мӯҳри хомӯшӣ бар лаб мезад, ошкор шуд. Маълум гардид, ки раҳбари давлат аз ҳама асрори бойшавии баъзе аз намояндагони мақомоти дар боло зикршуда, ба хубӣ огоҳ аст ва хуб медонад, ки ғоратгари асосии буҷаи кишвар ва ҷомеа кӣ аст. Барои ҷомеа ҳам маълум гардид, ки дар ин сохторҳо, махсусан системаи гумрук фақат пушту паноҳдорон ҷамъ омадаанд ва бе азоби виҷдон чӣ қадаре тавонанд мардуму буҷаро ғорат менамоянд. Дигар муаммо набуд, ки чаро корманди гумрук бо дуздии чандсад ҳазор дар озодӣ асту рӯзноманигорони бечорае дар симои Муҳаммадюсуф Исмоилов барои гирифтани 100 сомонӣ ба муддати 11 сол ба пушти панҷараи зиндон рафт.
Президент суолҳоеро дод, ки шабакаҳои иҷтимоӣ, ки айни замон ягона минбари дарди дил боқӣ мондаанд ва ҳамеша зери номеҳрубонии Хадамоти алоқаи кишвар ҳастанд, (Тез – тез бесабаб баста мешаванд. Х. А.) медиҳанд. Аз ҷумла:
«Ин чӣ гап аст, ки як корманди гумрук ду сол кор накарда, соҳиби 10-15 хонаву 6-7 мошини нархи аз ҳама арзонтаринаш 80 ҳазор доллар? 3-4 зан. Аз куҷо меёбад? Аз куҷо? …».
« … Дараи Ромит меравед, ин қаср аз кӣ аст, аз фалон корманди гумрук. Дар Қаратоғ қатор-қатор қасрҳо, аз кӣ аст, аз кормандони гумрук. Дар Варзоб аз кӣ аст, аз кормандони гумрук. Ягонтои Шумо бекас нестед. Вазорати маориф ё иқтисод касе кор намеравад. Раиси шаҳру ноҳия мекобем, кадр нест. Барои кор дар гумруку андоз — навбат! …».
Сарвари давлат дар ин мулоқот сарчашмаи ин ҳама беҳокимиятию ғоратгариро муайян кард:
«Масъала дар интихоб ва ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо аст. Кадрҳо на аз лиҳози касбият, фақат аз лиҳози кӣ хешу табори кӣ аст, таъйин карда мешаванд. Маълумоташро ҳам нигоҳ намекунанд, саводашро ҳам намепурсанд…».
Дар ниҳоят, Президент роҳи ҳалли масъаларо дар тоза кардани сохторҳои зикршуда донист. Бо ин мақсад ба сарвазири мамлакат супориш дод:
«… Сарвазир Қоҳир Расулзода, Комиссияи аттестатсионӣ сохта, тамоми ин сохторҳоро аз элак бехтан даркор аст! Моликияташонро декларатсия кунанд…».
Мубориза бо ришвахорӣ дарди кӯҳна аст. Ҳар кишвар ва ҳар пешвои ҳар мамлакат бо усули хеш бо он мубориза мебарад. Пешвои Малайзия роҳи наҷотро дар ҳабси нафарони наздики хеш дид, Президенти вақти Гурҷистон Михаил Саакашвили то тини охирини ришвахоронро ба манфиати буҷаи кишвар мусодира карда, онҳоро дар озодӣ гузошт. Мо ба кадом роҳ меравем, инро натиҷаи кори комиссия ва хулосабарорӣ аз он муайян мекунад. Аммо ҷумлаи гуфтаи Владимир Висотский, ки сиёсатмадорон такрори онро дӯст медоранд дар ёду хотираи насли замони Шӯравӣ мондааст:
«Дузд бояд дар зиндон шинад!».
Интизор мешавем…

Хуршед АТОВУЛЛО

1 бинависед

  1. Х,ар кас зи хазона бурд чизе,
    Гуфтанд: — мабар ки ин гунох, аст,
    Таслим намуданду гирифтанд, » Дузди нагирифта Подшох, аст!» (Эрач, Мирзо)

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here