Шикоятномаи мо сангро бар гиря меорад,
Муҳайёи гиристан шав, сипас мактуби мо бикшо.
Журналист, муҳаққиқи тавонои тоҷик Султон Ҳамад дар синни 67 шодихӯрдагони қалами равонашро зору ҳайрон гузошта, барои абад моро тарк гуфт.
Он қадар хотираю ҳамнишинӣ бо ин Марди Худо зиёд доштам, ки намедонам номаи ашколудамро бо чӣ оғоз намоям ва бо чӣ анҷом диҳам. То ҳанӯз ба марги ӯ боварам намеояд ва қалами дастонам намехоҳад ба ин бовар кунад.
Аз бозгашти дуборааш дар соли 1999 ба журналистика тариқи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бигӯям, ё аз айёми ҳамкории тӯлониаш то нафаси охирин бо ҳафтаномаи “Самак”?
Аз сафари якҷоя ба шаҳри Тошканд дар соли 2000 гӯям, ё аз сафари Хуҷанду Алмаато?
Аз ширинхотираҳо бо ёди Аҳмад Зоҳир гӯям, ё аз Аҳмадшоҳи Масъуд, ё аз Субҳони Сайид?
… Се хислати фарқкунандае дошт, ки бадбахтона ба касе аз ҳамқаламон мерос нагузошт ё ин танҳо хоси ӯ буду бо худ бурд:
Мард буд! Ҳаргиз дар паси ту он ҳарферо, ки дар рӯят намегӯяд, намегуфт!
Сарсупурда буд! Ҷуз ғами ашки қалам дарди дигаре надошт ва думболааш намегашт!
Меҳрубон буд! Кӯшиш мекард махсусан ҳамқаламонашро наранҷонад, ҳарфи бад нагӯяд, таҳқир накунад, ба иззати нафсашон нарасад, одоби баҳсро риоя кунад!
… Вақте лоиқи ҷойизаи ба номи Устод Пайванди Гулмурод донистем, ба аҳли толор гуфтам: “Дигаронро намедонам, аммо ман Султони Ҳамадро идомадиҳандаи пайраҳаи Муҳиддин Олимпур медонам. Мисли ӯ сарбаланду сарсупурда ба армонҳои фарҳангӣ, мисли ӯ падрахтаву парешону дурбин ба даст дар гӯшаҳои шаҳр, мисли ӯ ҷӯяндаи як таронаи то ин замон нопайдо, мисли ӯ дар ҷустуҷӯйи як ҳарфи тоза, як маънии тоза. Биёед дигар Султон Ҳамадро Олимпури сонӣ меномем”.
Сад дареғ, ки марги Султон Ҳамад ҳам мисли Олимпур ногаҳонӣ ва номардона даррасид, вале аз вай номи неке боқӣ монд, ки ба умри саду ҳаштод ҳам пайдо карданаш душвор аст.
… Шабчароғи ёдат фурӯзон бод, ки хиёбонҳои мо, маҳфилҳои моро аз партави ҷамолат маҳрум кардӣ ва ҷисми моро ба мотам кашонидиву қалби моро барои абад ғамзада намудӣ!
… Олимпури сонӣ ба назди Олимпур рафт…
Хуршед АТОВУЛЛО