Моҳи сентябр дар саҳифаҳои таърих аз ҳодисаҳои фаромӯшнашуданӣ лабрез аст. Вале, сабаби дигаре аст, ки ман онро бештар аз ҳама моҳҳои дигар дӯст медорам.

Якуми сентябр то соли 2020 чандин даҳсолаҳо миллионҳо нафарро бо садои зангӯлаи мактабӣ ба сӯйи хеш фаро мехонд. Оғози соли нави таҳсил, оғози ишқу умеди нав, оғози пайраҳаи нави зиндагӣ. Оғози қадами нави яке ба сӯйи дабистон ва қадами дигаре ба сӯйи донишгоҳу зиндагии мустақилонаи саввум. Солҳо мегузаранд, лек аз ангораи хаёлу хотир ҳаргиз ва ҳаргиз садои зангӯлаи мактабӣ фаромӯш намешавад.

Дуюми сентябри соли 1920, яъне сад сол муқаддам, Лашкари сурхи Шӯравӣ ба забти хоки Бухоро оғоз кард. Аниқтараш, фармондеҳи эшон Фрунзе бо 12 тайёраи ҷангӣ ин шаҳри бостониро ба хок яксон намуд. Ва ин оғози боз як ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки баҳси ҷонибдорону тарафдоронаш то ҳол дар шабакаҳои иҷтимоӣ идома дорад. Яке “фарзанди халқ” шуду дигаре “душмани халқ”, яке болонишин гардиду дигаре ба сарзамини Сибир бадарға шуд. Имрӯз ҳам на ҳама ҷуръату савод доранд, то ба он баҳои якгуна диҳанд, воқеиятро бе эҳсос гӯянд, таърихи дурӯғинро дубора рӯйи коғаз оранд.

Нуҳуми сентябр бошад, дар таърихи давлатдории Тоҷикон ду паҳлу дорад:

Яке бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст, чун 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти Тоҷикистон аз ҷониби раиси вақти Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қадриддин Аслонов ба имзо расид. Ҳарчанд роҳи амалӣ сохтани ин Истиқлол душвор буд, аммо имрӯз хушбахтона аз он ёд меоранду бо тамоми ҳашомат таҷлил менамоянд.

Дар ҳамин рӯз, охирин сарфармондеҳи баори тоҷиктабори Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд дар соли 2001 аз дасти террористони арабиасл дар ниқоби рӯзноманигор ҳалок шуд. Дигар дар ин сарзамин фармондеҳи баори тоҷиктаборе пайдо нашуд, то ҳама тоҷикони ин сарзаминро ба ҳам орад, гирди як хон нишонад, муттаҳид кунаду ҳокими ин кишвари ҷангзадаю ба хун оғушта намояд.

Даҳуми сентябр бошад, ман бо амри Худованд ҳамраҳ бо устодонам дар журналистика Иброҳим Усмонов ва Абдуқаюми Қаюмзод дар як рӯз таваллуд шудам. Ин устодони ман гарчи ба сол бузургтар аз ман ҳастанд, вале даҳуми сентябр чун ман, ба олам омадаанд. Аз ҳарду зиёд омӯхтаму зиёд меомӯзам. Аммо, бо ин ҳама ҳарду барои ман ду китоби накушода, ду афсонаи такрорнашуда ҳастанду мондаанд. Аз баҳсу мунозараи эшон сари ин ё он масъала ба ҷон намерасӣ, балки дунёи дигареро барои худ боз мекунӣ. Дунёе такрорнашаванда.

Як рӯз пас аз он, 11-уми сентябри соли 2001 бошад, таркиши азим Амрикоро ларзонид. Ин амалро ҳам кори дасти террористони мусалмон эълон карданду оғози ҳуҷуми Амрико ба хоки Афғонистон шуд. Ин таркиш оғози дар симои ҳар як мусалмон дидани террорист гардид. Фишору таҳқиру таҳдиди мусалмонон аз ин таркиш сарчашма гирифт ва боиси қатли садҳо ҳазор нафар гардид. Имрӯз ҳам бо хостаи ин ё он абарқудрат, кишварҳои чун гул шукуфони мусулмонон, ба хок яксон мешуду мешавад.

Ва аз ҳама муҳимтарин сана барои ман:

12-уми сентябри соли 1954 Модари ман таваллуд шудааст. Шояд бисёр мехост, то ман дар рӯзи таваллудаш таваллуд шавам, вале ман каме “беқарорӣ” кардам. Модарам бароям беҳтарин ҳадяи Худованд аст ва танҳо ба ӯ метавонам дил кафонаму аз қиссаҳои дил бигӯям.

Зодрӯз муборак, Модар!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here