Чанд ҳафтаи охир дастоварду комёбиҳои зодагони Тоҷикистон дар баробари пайки нохуше, ки аз рӯзгори сангини муҳоҷири тоҷик дар ғурбат пахш мешавад, дар сархати хабарҳо қарор дошт.

Ба эҳтимоли зиёд, қаҳрамони олимпии ҷаҳон Дилшод Назаров ба зиндагию фаъолияти ҷавонони Тоҷикистон таъсири мусбат расонд. Агар ки то ба ин дам фирӯзӣ дар берун аз кишвар дар риштаҳои гуногун ба як сароби назарфиреб монанд буд, кунун якояк амалӣ мешавад ва дастгирию қадршиносии ҷомеа ҳазорон ҷавонони дигарро дилгарм менамояд.
Имрӯз дигар дар кадом риштае набошад, тоҷикистониён кӯшиш менамоянд ҳунару истеъдоди хешро ба маърази тамошо бигзоранд ва аз худу кишвари хеш дарак диҳанд.
Анна Муминова, як модели 26-сола аз Тоҷикистон дар озмуни «Краса Вселенной-2017” («Ҳусни дунё-2017”) дар шаҳри Сочии Русия ҷои аввалро ба даст овард. Ин фирӯзии зодаи Тоҷикистон шоми 10-уми ноябр дар як маросим дар казинои “Сочи Казино и Курорт» эълон гардид.
Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева, ду духтари навраси тоҷик, ки баъди намоиши истеъдодашон дар телевизиони давлатии Русия ба чеҳраҳои маъруф дар шабакаҳои иҷтимоӣ табдил ёфтанд, дар як озмуни байналмилалӣ пирӯз шуданд. Ин ҳарду дар озмуни “GeniusKid-2017” ва ё «Кӯдакони нобиға», ки рӯзи 3-юми ноябр дар Маскав оғоз ёфт, дар байни 250 ширкаткунанда аз 11 кишвар мақоми аввалро соҳиб шуданд.
Ба ғайр аз ҷоизаҳои моддие, ки ғолибони озмун гирифтанд, Манижа барои ширкат дар марҳилаи баъдии озмуни “Арифметикаи зеҳнӣ” роҳхат гирифт, ки қарор аст моҳи декабри имсол дар Африқои Ҷанубӣ баргузор шавад.
Манижа Тошболтаева дар ин барнома суръати мошини дар ҳоли ҳаракатро мушаххас гуфт ва бинандагонро дар ҳайрат гузошт. Ёсуман Исмонзода бошад, дар муддати ду дақиқа камтар 100 шумораи даҳӣ ва садиро ҷамъу тарҳ кард ва ҷавоби дуруст дод.
Шаҳри Сочи барои тоҷикону тоҷикистониён шаҳри муваффақияту дастовардҳо гардид. Якбора панҷ нафар паҳлавонони мо дар мусобиқаи ҷаҳонӣ дар риштаи самбо ба фирӯзӣ ноил гардиданд. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни 74 килограмм унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард. Ду паҳлавони дигар соҳиби медали нуқра ва ду нафари дигар соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ шуданд. Ягона ҳодисае, ки то ҳадде ҳусни ин мусобиқаро доғдор кард, маблағ наёфтани масъулин барои фиристодани паҳлавон Набимуҳаммад Хоркашев ба ин мусобиқа буд, ки мавсуф баъди кӯмаки ҳамватанон аз Маскав тавонист дар он натанҳо ширкат кунад, балки соҳиби медали нуқра шавад.
Бояд зикр кард, ки 42 сол муқаддам Сайидмӯъмин Раҳимов чемпиони ҷаҳон дар ин ришта шуда буд ва баъди ин қадар солҳо Беҳрӯз қаҳрамони ҷаҳон шуд.
Ду навгонии дигарро наметавон зикр накард:
Таҳмина Ниёзова, овозхони соҳибистеъдоди тоҷик, набераи Боймуҳаммад Ниёзов бо таронаи машҳури Селин Дион «Surrender” номзадии худро ба озмуни миллии Сан-Марино барои интихоби номзади ин кишвар барои ширкат дар Eurovision 2018 дар шаҳри Лиссабони Португалия пешбарӣ кардааст. Сабаби ин интихоби Таҳмина дар он аст, ки танҳо кишварҳои аврупоӣ метавонанд дар ин мусобиқа ширкат кунанд.
Хушхабари дигар он аст, ки шабакаи телевизионии “Шаҳнавоз”, ҳафтумин шабакаи телевизионӣ дар кишвар рӯзи 13-уми ноябр ба фаъолият оғоз кард, ки ҳадафи он муаррифии мусиқии тоҷик буда, 24 соат барномаҳои мусиқӣ таҳия ва тақдим хоҳад кард.
Хуллас, тирамоҳи соли 2017 барои миллати тоҷик ва Тоҷикистон соли бобарор буд. Ку бубинем, зимистон чӣ армуғоне барои мо меорад…

Хуршед АТОВУЛЛО

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here