Интихобот дар солҳои охир ба вожаҳое чун ҷанг”, “нооромӣ, “инқилоб” ҳаммаъно мегардад.

Намедонам чаро, вале аксар ҳолат вақти интихоботи президентӣ ва парлумонӣ дар дунё ба фасли тирамоҳ рост меояд. Айни замон дар ду кишвари пасошӯравӣ — Белорус ва Қирғизистон интихоби президент ва вакили парлумон ба нооромию бетартибӣ печидааст. Агар ки дар Белорус ин ҳодиса дар чанд даҳсолаи ахир бори аввал рух медиҳад, аммо чун макони ҷойгиршавии ин мамлакат дар Аврупост, мавҷи эътироз хеле зуд ба дастгирию пуштибонии “он сӯйи соҳил” мушарраф гардид. Дар Қирғизистон бошад, ба ҷангу моҷаро бадал шудани интихобот чандин сол аст, ки ба ҳукми анъана даромадааст. Яке мегӯяд, ки ин нишонаи озодбаёну озодфикр будани мардуми ин кишвар аст, дигаре мегӯяд, ки ин нишонаи набудани пешвои ягона ва зиёд будани даъвогарони мансаб мебошад. Намедонам, ин баҳси таърихшиносон аст, бигзор сари онҳо дар посухи ин савол дард кунад.

Миёни ду даъвогар ба маснади президентӣ дар Амрико Доналд Трамп ва Ҷо Байден баҳсҳои тезутунди пеш аз интихобот идома дорад. Ҳарчанд ин ду бе ҷангу хунрезию инқилоб бо ҳам баҳс мекунанд, вале дар ин кишвари абарқудрат иваз шудани роҳбар кам чизеро тағйир медиҳад. Чун сохтори давлатдорӣ ба ҳадде мустаҳкам аст, ки касе натавониставу натавонистааст, то тағйироти ҷиддие дар сиёсати дохилию хориҷии он ворид созад.

Воқеан, дар ҳамин ҳол, 11-уми октябри соли 2020 дар Тоҷикистон ҳам интихоботи президентӣ дар назар аст. Ба ҷуз аз Президенти имрӯза кам касе барои мардум муаррифӣ шудаасту ҷомеа онҳоро мешиносад. Ҳарчанд аз байни номзадҳои дигар Рустам Латифзода — раииси Ҳизби аграрии Тоҷикистон аз раисони дигар ҳизбҳо муваффақтар дар тарғибу ташвиқи худу ҳизбаш мебошад.

Муҳимтарин паём ва хоҳиш аз интихобкунандагони тоҷикистонӣ ин аст, то ин интихобот ором гузараду мардум думболаи амалисозии нақшаву дурнамои шахсию коргоҳи худ бошанд. Мо заҳри майдонсозию майдоншиниҳоро барвақттар аз дигарон чашидаем!

Аз ин рӯ, ҳама ба инТИХОбот!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here