Раису вазиру раҳбарони собиқ “хонаи пиронсолӣ”и хешро дар парлумон пайдо хоҳанд кард.

Аллакай аз рӯйи рӯйхати ҲХДТ маълум аст, ки кадом шахсиятҳое вакил хоҳанд шуд. Албатта, ба ҷуз ду-се нафар аз ҳизбҳои дигари кишвар, ки ҳанӯз шояд маълум набошад кадоме аз аз рӯйхати ҳизбӣ ва кадоме бо пешбарӣ аз номи ҳизбе вакил мешаванд.

Интихобот шаффоф хоҳад гузашт, чун касе майлу талоши рақобат варзидан бо ҲХДТ ва ё намояндаи онро надорад, ба ҷуз ҳолате, ки амр аз боло набошад.

Аз рӯйхати довталабон чунин бармеояд, ки аксариятро дар собиқаи наздик раису вазиру раҳбарон ташкил медиҳанд. Ҳарчанд парлумон ҷойи эҷоди қонун аст, на нишон додани ҳунари раҳбарӣ, чунин тасмим гирифта шудааст.

Вакили парлумон шуданро мансабдорон ба тарзи худ шарҳ медиҳанд. Аксарият онро ба забон намунаи “изҳори боварӣ” меноманд, вале дар дил дар мотами нақшаҳои бузурги даврони раҳбариашон хун мегирянд. Чун вакили парлумон шудану дар аксар ҳолат тугмаи “ҳа” пахш кардан, ҳам аз ҷиҳати молӣ ва ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ барои эшон хатар дорад.

“Хатари молӣ” ба он хотир аст, ки ваъдаеро замони раҳбарӣ иҷро накардан ҷавобгарӣ дорад ва чизеро барои иҷрои ин масъала гирифтӣ, бояд баргардонӣ.

“Хатари ҷисмонӣ” барои он раисе, вазире, ки рӯзу шаб аксҳои таблиғгарони шахсияташ аз чусту чолокӣ ва фаъолияти пурсамараш қисса мекарду кунун муддати панҷ сол (агар дар ин байн ба синни нафақа нарасад), дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ садову симояш чарх намезанад. Дигар ӯ як ҷисми беҳаракате хоҳад буд, ҷуз ангушти тугмаи “Ҳа” пахш мекардааш.

Хуллас, парлумони мо “парлумони хуршедсарҳо” хоҳад буд. Аммо, ин барои мо, рӯзноманигорони Хуршедсар ид хоҳад буд:

Охир, бидуни ҷангу даъво, талош дар интихобот, сарфи маблағ дар Парлумон “Хуршедсарҳо” аксарро ташкил медиҳанд.

Ё шояд Шумо гумон доред, ки муъҷиза рух медиҳаду аксар ҷавон ва бо мӯйи сари баланд хоҳанд буд?

Хестед, ки хобед!

Пирӯзӣ муборак, Хуршедсарҳо!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here