Якуми феврали соли 1865 дар Амрико чун рӯзи “озодии миллӣ” таҷлил мегардад.Дар ин рӯз Авраам Линколн қарори Конгрессро дар бораи ислоҳи 13 банди Сарқонун, ки муҳимтаринаш манъи ғуломдорӣ буд, имзо кард.

Дар мавриди ғулому ғуломдорӣ зиёд гуфтаанду навиштаанд. Аз ҷумла, банда низ чун як қаламкаш истисно нестам. Замоне дар шарҳи вожаи “ғуломӣ” гуфта будам:   

Ғуломӣ- пеши касе даст пеши бар гирифта, эҳтиром ба ҷой овардан нест.

Ғуломӣ- дастнигару муҳтоҷи поранони касе будан нест.

Ғуломӣ- хидмати касеро анҷом додану ҳаққи заҳмат гирифтан нест.

Ғуломӣ- нафрат доштану онро баён карда натавонистан, санг ба сар хӯрдану лол мондан, дар ивази таҳқиру тамасхур, мушту лагад, бо табассуми сохта «ташаккур» баён кардан аст!”.

Дар мавриди пайдо шудани ин вожа низ андешаи ман шояд ба андешаи зиёде аз рӯшанфикрон якгона набошад. Ба пиндори камина:

“Вожаҳое чун шамшер, зиндон, занҷир, завлона, панҷара, туҳмат, таъна, тарс сабаб шуданд, ки мафҳумҳое чун танҳоӣ, саршикастагӣ, оворагӣ, сияҳрӯзӣ, сияҳномӣ ғуломӣ пайдо шаванд. Агар аввалӣ набудӣ, ҳоҷат ба дуввумӣ набудӣ”.

“Гунаҳгор”-и саршикастагӣ ва оҷизии мардумро низ дар андешаҳои хеш пайдо кардаам, ҳарчанд шояд ин бардошт аз сари эҳсос бошад ва ё аз ночорӣ сангро ба сари бечора рӯшанфикр задаам:

“Барои ба ғуломӣ тан додани мардум, аҳли қалам ҳам ҳиссаи сазовор доранд. Ҷумлаҳои таскинбахше мисоли «Сабр кунӣ, аз ғӯра ҳалво мепазад», «Подшоҳ сояи Худо дар рӯи замин», «Санги вазнинро об намебарад»,«Гардани хамро шамшер намебуррад» ва дигарҳо, ҷуз водор кардани мардум ба ғуломӣ чизи дигаре нест.

Сухан ғуломро ба инқилоб тела медиҳад ва Сухан ғуломро маҷбур месозад, ки ғуломтар бошад.

Ин худ қонуни зиндагӣ аст”.

Дар ҳамин ҳол андешаҳои саргуме низ пайдо мешаванд, ки барои ғуломӣ ба ғуломӣ тан дода ва нияти озодӣ надошта, беҳтарин неъмат ҳамон ғуломие аст, ки дорад. Медонам, ин хулосаи ман ҳатто миёни ҳамкасбон кам иттифоқ меафтад, ки қабул шавад, вале:…

“Аслан, раҳнавардони роҳи озодӣ ба ғулом ва ғуломӣ бояд ҳасад баранд: Зеро ба ҷойи ғуломон дигарон меандешанд, дигарон мубориза мебаранд, дигарон ҳатто ғами рӯзи марги онҳоро мехӯранд”.

Албатта, ин барои онҳое аст, ки қудрати андешидан надоранд ва ё мақсади зиндагиро дар бароҳат хӯрдану хобидан ёфтаанд. Зеро дар ин маврид перомуни талоши барҳадари хостгорони озодӣ суоле кушода пайдо мешавад, ки посух мехоҳад:

“Бузурге танҳо марг ба хотири озодиро марги мардона меҳисобад. Вале намедонам, чаро ӯ шарҳ надод, ки оё марги гург ба хотири раҳоии гӯсфанд маънӣ дорад?”.

Вале агар дар мамолики Шарқ  бо иваз шудани як сохтор ба сохтори дигар “хар ҳамон хар, вале полонаш дигар” бошаду “хари Исо агар ба Макка равад, дарозии гӯшаш гувоҳи ҳол” бошад, мебояд то аз ғуломони дирӯза дар Амрико пурсид, ки Озодӣ ба эшон чӣ додаасту чӣ медиҳад?

Чаро ғуломони дирӯза дар Амрико то ба курсии президентӣ мерасанду дар мамолики Шарқ бошад, як шакли ғуломӣ ба шакли дигари ғуломӣ иваз мешаваду бас?

Посухи ин саволро ман намедонам.

Агар Шумо медонед пас ҳатман ба ман маълум намоед!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here