Аз се қазияе, ки дар ҳафтаи ахир рух дод, муҳимтарини он ба намуди маҳбубтарини варзиш алоқамандӣ дошт.
Дар ҳоле моҳи охир аз ҳаштсола то ҳаштодсола, аз сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар Зайниддин Раҳимов ва дастаи ӯ мегуфт, касе бовар надошт, ки ӯ дар кишвараш хона надорад ва вақте наврасони умедбахши мо алайҳи дастаҳои Аргентина, Испания, Камерун дар финал меразмиданд, хонаи мураббии дигари ин тим Сафар Раҳмоновро, ки аз бехонагӣ вагонеро барои худ хона ихтиёр карда буд ва он “хона” дар варзишгоҳи эҳтиётӣ ҷойгир будааст, дуздон ғорат мекарданд.
Дар ин бора Дилшод Шарифов дар паёмаш ба Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи СССР ин пайғомро дар саҳифааш, дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” гузоштаву хабар додааст. Намедонам, ин ду овоза то куҷо асос дорад, вале агар ҳақиқат дошта бошад, ҳайфи мо! Дигар лофи ватандорӣ назанед! На аз ғолибияташон лаб кушоеду на аз мағлубияташон!
Хабари дувум перомуни созишномаи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон роҷеъ ба аломатгузории марз буд. Сарчашмаҳои мо тасдиқ карданд, ки тибқи созишнома 300 га замин аз ноҳияи Масчои Нав ба Ӯзбекистон дода шуда, билоиваз ин замин дар ноҳияи Зафаробод ба Тоҷикистон бояд дода шавад. Аммо, дар замине, ки ҷониби мо медиҳад, дар он кони тилло мавҷуд будааст ва ин комиссияро саргум кардааст. Худо кунад, ки ин бор манфиати мо поймол нашавад ва бо ҳамдигарфаҳмӣ ин қазия ҳал шавад.
Хабари савум ин аст, ки то ҳол бо вуҷуди даҳҳо бор гуфтану навиштан, сохтмони пулҳо дар дарёи Яғноб оғоз нашудаанд ва рӯзҳои наздик ба ин дара барф “меҳмон” хоҳад шуд ва ин “меҳмон” тӯли чор — панҷ моҳ боқӣ мемонаду роҳҳои ин водӣ баста мегарданд. Ин ваъдаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода буд ва мардум интизори иҷро шудани ваъда ҳастанд… Кош умеди мардум ва ваъдаи раис барбод намерафт!
Поёни ин се қазияро интизор мешавем!