Чунин менамояд, ки масъулони ҷамоату маҳаллаҳо дар Тоҷикистон ҳам, вазифаи хешро ба дӯши шабакаҳои иҷтимоӣ бор кардаанд.

Аҷаб ҳолате ба ҷомеаи мо ориз шудааст. Касеро надидаам, ки аз дастоварди касе изҳори хурсандӣ карда бошад. Сиёҳ мебинад, сиёҳ мехонад, сиёҳ мегӯяд. Беҳтарин амале, ки то дирӯз аз зарурати он гулӯ медаррониданд, баъди амалӣ шудани он, ба боди масхараю тамасхур кашида мешавад. Танҳо ҳамон ҳолате ин тасмим бо «урра» пазируфта мешавад, ки нафаре муваффақро шикананд, зери пой кунанд, дасти ҳама ба он гиребон расад, дашному таҳқир ҳатман бошад.

Барои мисол: фитри рӯза ба шахсони воқеан ниёзманд намерасид ва бештари намозгузорон ин садақаро ба руҳониён ҳадя мекарданд. Бо дарки ин, тасмим гирифта шуд, то фитри рӯза, ки ҳамагӣ панҷ сомониро ташкил медиҳад, аз ҷониби масъулони ҷамоату маҳаллаҳо ҷамъ оварда шавад ва ба ниёзмандон тақсим шавад. Аммо… вале… лекин…

Шабакаҳои иҷтимоӣ «таркиданд», зеро масъулон чун ҳамеша ин амалро ноуҳдабароёна ва дағалона пиёда карданд. Яке аз шаҳрвандон дар вокуниши ин амал даъво кард, ки давлати дунявӣ асту ба касе хоҳад фитри рӯзаро медиҳад, дигаре гуфт, ки дуздони асосӣ ҳамин масъулони ҷамоату маҳалҳо ҳастанд, саввумӣ изҳор дошт, ки рӯзи Ҳукумат ба садақаи мардум мондааст. Сабаб чист? Сабаб ин аст, ки масъули ҷамоату маҳалла ба шаҳрвандон фаҳмонида натавонист, ки дар маҳалла фалон оҷиз ҳаст, маъюб ҳаст, қашшоқ ҳаст, ниёзманд ҳаст ва ин маблағ ба ӯ мерасад. Ин вазифаро то ҷое шабакаҳои иҷтимоӣ иҷро карда истодаанд: Дар шабакаҳо зиндагинома, таърихи маъюбӣ ва ба чӣ зарурат доштани ӯ бо аксу наворҳои қонеъкунанда гузошта шуданд ва мардумро огоҳ карданд, ки чи гуна ва чи тавр, тавассути кӣ ин мабдлағи ҷамъшуда расонида мешавад. Ин корро масъулини ҷамоатҳою маҳаллаҳо карда натавонистанд ва мавриди масхараю тамасхури ҷомеа қарор гирифтанд.

Агар масъулони ҷамоату маҳаллаҳо ба ғайр аз пешниҳоди супоридани фитри рӯза ҳамроҳи худ таърихномаи маъюбии шаҳрванд, акс, навори ӯро медоштанд, ҳамраҳи хеш шахси масъулеро аз наздикони он шахс мегирифтанд, он гоҳ бовар дорам ин пичингу тамасхур эътирозу ҳангомаҳо пайдо намешуданд.

Чӣ кунем, ки имрӯз аз вазири тоҷик то масъули маҳаллааш на ба дарки чизе мерасанд, на метавонанд тасмимеро шарҳ диҳанд, на руҳияи мардумро медонанд.

Афсӯс!!!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here