Ё соли нав ба мо чӣ меорад?

Нафаре гуфт:- Соли нав меояд!

Дуввумӣ гуфт:- Арчаи солинавӣ мегузошта бошанд?

Саввумӣ посух дод:- Маблағи гузоштани ин арчаро ба камбағалону қашшоқону бекорон тақсим карда диҳед.

Соли 2020, ки дар ин сол натанҳо падар, балки садҳо шиносу даҳҳо дӯстонро аз даст додам, мисли навор аз пеши назарам гузашт. Ба замми ин, эътирози мардум аз баланд шудани қимати орду равғану шакар… фарёду фиғони ҳамарӯза аз лимити барқ…

Ва дар идомаи он пешниҳоду аксҳои ранг ба ранги истифобарандагони Интернет, ки ҳар яке вобаста ба маҳорати хеш арчаҳои солинавиро кашидааст. Яке мегӯяд, ки ҷойи арча акси раиси ширкати дурӯғпарокании маъруф ба “Барқи тоҷик”-ро гузоред, дигаре пешниҳод дорад, то онро аз маҳсулоти пешгирӣ аз коронавирус созед.

Сад каллаву сад хаёл… Аммо муҳимтарин савол ҳамоно беҷавоб аст:

Дар Соли нав моро чӣ интизор аст?

Охир, зимистон нав оғоз мешавад, вале қимати маҳсулот дар бозор рӯ ба афзудан дорад, мардум бебарқу рӯшноӣ аст, вабои аср бошад, ҳамоно бо суръати баландтар аз суръати интернети Бег Сабур беҳтаринҳоро гулчин карда, бо худ бурдан дорад.

Яке дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук чунин навиштааст: “… диққатамро гуруҳе дар бозор ба худ ҷалб мекунанд, ки ин сӯи бозор, он сӯи бозор мераванд. Ба гумоне, ки шояд дар куҷое маҳсулот арзон бошад… вале ин бозорчиҳои бало ҳама аз як гиребон сар бароварда, 98 фоизаш сари як нарх меистанд…

Чаро, намефаҳмам, ҷомеаро ба гуруҳҳо ҷудо карда, маошро зиёд мекунанд?

Модоме чунин аст, махсус бозорчаҳо сохта, дар пештоқаш нависанд: “Бозор барои халқи одӣ, бозор барои шифокорон, бозор барои муаллимон, бозор барои нафақахӯроне, ки ақаллан 500 сомонӣ намегиранд”.

Шояд чунин кунем?

Шумо чӣ мегӯед?

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here