Зиёиро ҳанӯз аз замони шӯравӣ пешбари ҷомеа мегуфтанд. Эшонро метавонистӣ ба осонӣ аз дигарон фарқ кунӣ. Ин табақа ба ақлу савод натанҳо аз дигарон фарқ доштанд, балки бо либоспӯшию гуфтору рафтор намунаи ибрат ба дигарон буданд.

Ҳамеша ба обрӯю нуфузу эҷодиёти онҳо эҳтиром қойил мешуданд. Ҳатто мисли онҳо либос мепӯшиданд, ба андешаи онҳо арҷ мегузоштанд, мухлису шефтаи онҳо мегардиданд. Зиёиёни замони шӯравӣ дар беҳтарин истироҳатгоҳҳо дам мегирифтанд, беҳтарин либос мепӯшиданд, имкони машғул шудан ба эҷод доштанд. Вале шамоли бозсозии горбачёвӣ ин ҳамаро рӯфту бурд. Дигар зиёӣ бештар ҳаммаъно ба табақаи қашшоқ шуд. Касе барои обрӯи солҳои пеш фулусе аз сарватманде ба даст меовард, касе бо маддоҳию ситоиш, касе бо бут тарошидан аз чӯпони дирӯзаю пулдори имрӯз.

Асолати аслии зиёӣ — тарбияи ҷомеа, ки дар замони шӯравӣ муайян гашта буд, ба боди фано рафт. Дигар касе намехост муаллим шавад, шоир синоними қашшоқӣ, журналист ҳаммаънои муздур шуд. Аммо, аз ин касеро парвое нест ва аз эшон чун як воситаи тарғиби хеш истифода мекунанду бас!

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам чун зиёӣ душмани зиёӣ гардид, дигар ҷомеа ба ҳарфи онҳо эътимод намекунад. Баръакс, бо хондану шунидани бахилию ҳасудии онҳо ба якдигар, торафт меҳру муҳаббат нисбати онҳо кам мешаваду гум мешавад. Дар ҳошияи баҳси онҳо бо як ҷумла иктифо мекунанд: “Гадо душмани гадо”.

Аммо, зиёии бечораро кӣ ба ин ҳол расонид?

Кӣ онҳоро ба марги тадриҷӣ маҳкум кард?

Кӣ ҳидоятгару раҳнамои ҷомеаро ба як муздуру хидматгору маддоҳу дуруғгӯй бадал намуд?

Касе посух ба ин суолҳо дорад?

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here