Вазъи ҳузнангези нақби “Истиқлол”, ки дар миёни мардум бештар бо номи нақби Анзоб машҳур аст, маро водор ба навиштани ин сатрҳо кард.

Ҳафтае пеш сафаре ба шимоли кишвар доштам ва вазъи сангини мусофиронеро, ки аз ин нақби хатарзо убур мекарданд, бо чашми сар дидам. Дуруст аст, ки дигар мисли солҳои пешин оби ин нақб ҷорӣ нест, вале кор накардани дастгоҳи чангу ғуборкаш ба ҳаёти мусофироне, ки гирифтори бемориҳои гуногуни роҳҳои нафаскашӣ ҳастанд, хатар дорад. Дуду ғуборе, ки аз машинаҳои азими боркаш бармехезад, пурра дохили нақбро пахш кардаву ба ронандагон ҳам барои ҳаракат монеа мешавад. Ростӣ намедонам, ки оё ин машинаҳо боре аз назари экологӣ санҷида шудаанд ё не, барои муҳити атроф ифлосию ғубори аз меъёр зиёд хориҷ мекунанд ё не, вале ҳавои нақб ҷавобгӯ ба ягон меъёри экологӣ нест ва ин мисли ойина рӯшан аст.

Солҳои зиёд аст, ки вазъи ин нақб мавзӯи гуфтугузорҳои зиёд дар расонаҳои хабарӣ мебошад. Сари вақт маблағгузорӣ нашудани сохтмони он ва ба мушкилиҳои зиёд, аз қабили баромадани оби зиёд, кор накардани дастгоҳи чангкашӣ, тақрибан бечароғ будани нақб, марги чанд мусофир аз ҳавои ифлоси дохили нақб аз он қабил аст.

Баъди дидани вазъи ҳузнангези дохили нақби “Истиқлол” ба ин хулоса расидам, ки фақат ба ихтиёри ширкати IRS додани он метавонад то ҳадде вазъи сангини мусофиронро беҳтар кунад. Хурсандиовар аст, ки бо маблағгузории сармояи хориҷӣ галереяҳои иловагӣ то даромадгоҳи нақб сохта шуда истодаанду охирин мавзеҳои хатарзои ин роҳ безарар гардонида мешаванд. Равшану чароғон, бе ифлосии атроф дидани дохили ағбаи “Шаҳристон”, ки нигоҳубини он ба дӯши ширкати IRS мебошад, гувоҳи он аст, ки маҳз филиали ин ширкат метавонад онро дар сатҳи хубу сифати баланд нигоҳубин ва вазъи мусофирони бечораро сабуктар кунад. Зеро ин нақб дар ихтиёри Вазорати нақлиёти кишвар аст, ки наметавонад ҳатто бо рӯшанию чароғ нақбро таъмин намояд, куҷо расад ба мумфарш кардану ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ намудани он. Аз ин хотир, вақти он расидааст, то эҳсосҳоро канор гузорем ва барои обод дидани ин нақб аз эҳсос не, аз ақл кор бигирем.

Вақт нишон дод, ки IRS тавонистааст то ҳадди имкон ба офатҳои табиӣ дар шароити гуногун тобовар бошаду шимоли кишварро бо марказ ва ҷануби мамлакат пайваст намояд.

Интизори посухи масъулини Вазорати нақлиёт мемонем.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here