Дизентерия, ё исҳоли хунин уфунати шадиди бактериявии рӯда аст. Манбаи уфунат беморони мубтало ба дизентерия ва ҳамчунин интиқолдиҳандаҳои бактерия (бемороне, ки ба дизентерия мубтало будаанд ва ҳарчанд ҳолашон зоҳиран хуб шудааст, аммо микробҳоро паҳн мекунанд) ҳастанд.

Ин бемориро дар ҳамаи ҷойи дунё медонанд ва онро дар байни одамони ҳамаи синну сол мушоҳида кардан мумкин аст, аммо дар фасли тобистон, алалхусус гармии шадид бештар ба мушоҳида мерасад.

Дизентерия маризии дастҳои ношуста аст. Ҳолатҳое мешавад, ки одам аз оби сироятшуда, ё меваҳои ношуста, ё маҳсулоти хуб пухтанашуда уфунат мекунад. Баъзан вайрон кардани гигиенаи шахсӣ низ боиси гирифтор шудан ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла дизентерия мегардад.

Илми тиб мегӯяд, ки риоя кардани гигиенаи шахсӣ хатари уфунатро ба қадри лозим коҳиш медиҳад.

Исҳол, масмумияти умумии бадан, таб, ларза ва заиф шудани мушакҳо аз нишонаҳои аслии сар задани бемории дизентерия аст. Таб то ба 38-39 дараҷа мерасад ва дар шакли заҳрнокии шадид кӯдаки гирифтор шояд ба марг мувоҷеҳ шавад. Албатта, то ба имрӯз дизентерия дар тиб мушкили кам ба вуҷуд овардааст, аммо дар шароити деҳот табобати он душвориҳо дорад. Аз ин рӯ, хубтарин даво — ин пешгирии беморист. Бояд кӯдакон дар ин фасл, ки фасли гармосту вақти пухта расидани аксар меваю сабзавот аст, беназорат набошанд. Меваю сабзавот бояд аз ҷойҳои махсус харидорӣ шаванд ва агар аз боғу ҳота чида шудаанд, ҳатман бояд шуста шаванд.

Дар рустоҳо, ки шароити муҷаҳҳаз ба обрасонӣ ва фозилоб нест, ҳангоми баргузории ҷашнҳо, ҷаноза дар хона, умуман ҷамъомадҳо дар хона, аз таҳия ва истифода аз зарфҳои пластикиву ношуста барои меҳмонон худдорӣ кунанд. Барои ҳифзи саломатии меҳмонони худ, саъй кунед, то хӯришҳои зиёд омода накунед, аз истифодаи майонез ва дигар ғизоҳо, ки ниёз ба шароити хоси пухтупаз доранд ва ба зудӣ вайрон мешаванд, даст кашед.

Ба падару модарон маслиҳат дода мешавад, ки дар ин фасл ба бачаҳо чанд қоидаро зуд-зуд ёдрас шаванд ва иҷрои онро ҳатмӣ донанду зери назорат гиранд.

Аввал, пеш аз хӯрдани ҳар гуна ғизо, баъд аз қазои ҳоҷат ва ҳар кори дигаре, ки боиси чирк гирифтани дастҳо мешавад, бояд дастҳоро бо собун тоза шуст.

Меваю сабзавотро ҳатман бо оби ҷӯшида бояд шуст.

Муҳим аст, ки дар фасли тобистон қоидаи нигаҳдошти ғизо риоя карда шавад. Муҳлати истифодаи онҳоро бояд риоя кард. Хӯришҳову ғизоҳои ширӣ бояд дар дамои муайян нигаҳдорӣ шаванд.

Барои нӯшидан танҳо оби ҷӯшидаро бояд истифода бурд.

Агар ғизо аз гӯшти паранда аст, он гӯштро ҳатман бояд хуб ҷӯшонд, ё хуб бирён кард. Тухми мурғро бояд на камтар аз 10 дақиқа ҷӯшонд.

Дар ҳолати пайдо шудани аломатҳои аввалини бемории дизентерия набояд ба худмуолиҷа машғул шуд. Ин қатъиян мумкин нест. Ҳатман ба пизишк ва дармонгоҳ бояд муроҷиат кард, то давои дуруст ва саривақтӣ гирифта шавад.

 

Абдуҳалим РАҶАБОВ, пизишки кӯдакон

Добавить комментарий