Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, каронавирус бевосита таҳти назорати Сарвари давлат аст ва то субҳи имрӯз, 6-уми феврал, дар миқёси кишвар ҳамагӣ 645 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва 47 нафар шаҳрванди Чин ба карантин фаро гирифта шудаанд, ки 372 тани онҳо дар шаҳри Душанбе ҳастанд.

Насим Олимзода дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, Ситоди доимоамалкунандаи ҷумҳуриявӣ амал дорад ва имрӯз то пагоҳ 58 нафар шаҳрванди тоҷик, аз ҷумла донишҷӯёне, ки дар шаҳри Вухани музофоти Хубейи Чин қарор доранд, ба ватан оварда мешаванд.

Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон сокинони кишварро мутмаин месозанд, ки то имрӯз дар ҳудуди мамлакат ягон ҳолатҳои гирифторшавӣ ба коронавирусро ба қайд нагирифтаанд. Насим Олимзода сару садоҳоро миёни сокинон доир ба гирифтории чанд шаҳрванди кишвар, ки аз Чин баргаштаанд, рад кард. Вазир таъкид кард, ки Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус пурра омода аст ва дар ҳамаи 27 гузаргоҳи сарҳадӣ назорати шабонарӯзӣ ҷорӣ карда шудааст.

Директори Пажӯҳишгоҳи тиббӣ профилактикии Вазорати тандурустӣ Самариддин Алиев гуфт, аёдати нафароне, ки таҳти карантин қарор гирифтаанд, аз ҷониби пайвандонашон ҷиддӣ назорат мешавад ва наздикон метавонанд фақат дар зарфҳои яккарата ба онҳо хӯрок баранд.

Номбурда дар мавриди донишҷӯёне, ки оварданашон аз маркази хуруҷи беморӣ — шаҳри Вухан ба Тоҷикистон дар назар аст, гуфт, тӯли 14 рӯз, то замон пурра ташхис шуданашон, ҳама гуна робита бо онҳо қатъиян манъ мешавад.

Тибқи омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, шумораи ашхоси ба коронавирус гирифторшуда дар ҷаҳон то имрӯз зиёда аз 28 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки аз ин ҳисоб аллакай  565 нафарашон ҷон додаанд.

Добавить комментарий