Вақте ки субҳ медамад

Вақте ки субҳ медамад, аммо то ҳол ба фикри рӯшан шудани рӯз ҳастем.

Вақте ки субҳ медамад, вале аз кӯдакони “Иди нав муборак!”-гӯй дараке нест.

Вақте ки субҳ медамад, аммо даводаву паропари зебдиҳандагони ҳар хонадонро намебинем.

Вақте ки субҳ медамад, вале хонаҳо бо дастархонҳои пур аз нозу неъмат холӣ мемонанд.

Вақте ки субҳ медамад, аммо аз тарси он, ки костюму брюкдорон “проверка” наоянд, дастархони идонаи хонаи дуввумро содатар меороем.

Вақте ки субҳ медамад, вале ҳоло ҳам дар кӯчаи мо субҳ наомадааст.

Вақте ки субҳ медамад, аммо аз омадани субҳ дараке нест.

Вақте ки субҳ медамад, вале дар қалбҳо ҳоло ҳам торикӣ ҳукм меронад.

Вақте ки субҳ медамад, аммо… ҳазор ногуфтанӣ дар лаб мемонад.

 

Дар саргаҳ

“Иди нав муборак!”. Ин нидоро аксарият даҳу бист бор рӯзи 11-уми август шуданиданд. Гӯяндагони ин ҷумлаи хитобӣ кӯдаконе буданд, ки баробари ба ҳар дару дарвозае наздик шудан, шодикунону беихтиёр аз даҳонашон ин ҷумла мебаромад.

Онҳо шодӣ карданд…

Онҳо сурур доштанд…

Онҳо хело даводав карданд…

Онҳо бозӣ доштанд…

Онҳо ҳар кори мехостаашонро карданд…

Онҳо рӯзи беҳтарин доштанд…

 

Оғоз

Медонем, медонед ва медонанд, ки идҳоро, бале, идҳоеро, ки соле ду маротиба махсус барои онҳо дар ҳар хонаи мо бонувонамон дасту остин барзада, тамоми ҳунарашонро ба кор бурдаву дастархон меороянд, қариб ки аз мо гирифта истодаанд.

Медонем, медонед ва медонанд, ки рӯз аз рӯз ҳама он шавқу шӯр ва даводаву ташвишҳои пеш аз идиву баъд аз идӣ дигар қариб ки намондаанд.

Медонем, медонед ва медонанд, ки маънову мазмуни ид, махсусан идҳои Рамазону Қурбон дар фаҳмиши мо тамоман дигар шуда истодаанд.

Медонем, медонед ва медонанд, ки рафта-рафта аз идҳои мо танҳо ҷашнгирӣ аз “иди шикам” мондаасту халос.

Медонем, медонед ва медонанд, ки ба ин минвол ҳаракат кардани дақиқаҳо барои мо фоли нек надорад.

Ва ин ҳамаро дониста, рӯзи 11-уми август Тоҷикистон иди Қурбонро бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифт, ҳатто ҳамонҳое, ки гуфтанд ҷашн нагиред. Ҳама дастархон оростанд, ҳатто ҳамонҳое, ки “Исроф накунед!” гуфтанд. Ҳама сақич доданд, ҳатто ҳамонҳое, ки сақич зарар дорад гуфтанд. Ҳама фарзандонашонро иҷозати идгардак рафтан доданд, ҳатто ҳамонҳое, ки “Идгардак талбандагист!” гуфта буданд. Хуллас, ҳама ид доштанд ва мо дар зер ҳар чизе, ки меорем, аз дидаҳои рӯзи иди Қурбон ҳастанд.

 

Вақте ки дарро тақ-тақ мекунанд

Баъди намози бомдод намозгузорон осемасар аз масҷид берун шуданд. Тибқи маслиҳат, бояд онҳо зуд таҳорат гирифта, ба деҳаи ҳамсоя барои адои намози ид мерафтанд. Мӯйсафеди қоматхамидае оҳиста-оҳиста ба дарвозаи хонааш наздик шуд. Қабл аз расидани пирамард ба назди дарвоза аз он тараф садои кушодашавии дарвоза ба гӯш расид. Аз дохил се кӯдаки тақрибан боғчарав дар дастонашон халтаҳои идгардакӣ ба берун баромадан мехостанд, вале мӯйсафед онҳоро аз роҳ боздошта, ба даруни ҳавлӣ даровард.

Аз дарун садо омад:

— Ба ин субҳи содиқ куҷо меравед?

— Идгардак…

— Ҳоло барвақт аст, ним соат баъд равед…

— Барвақт нестай, дарвозаро чанд кас тақ-тақ карданд, “Иди нав муборак” гуфтанд. Мо ҳам меравем.

— Майлаш, равед…

P.S. Вақте ки даратонро тақ-тақ карданд, ин маъноеро надорад, ки Шумо ҳам дари каси дигареро тақ-тақ кунед. Вақте ки нороҳататон карданд, ин маъноеро надорад, ки Шумо ҳам каси дигареро нороҳат кунед. Вақте ки аз хоб бедоратон карданд, ин маъноеро надорад, ки Шумо ҳам каси дигареро аз хоб бедор кунед.

 

Вақте ки аз ту ҳаққи идгардак карданро мегиранд

Пеш аз ид дар бораи идгардаки кӯдакон гапу калочаи зиёд шуд ва ин бори аввал нест. Аммо фикри ғолиб ин аст, ки ҳеҷ касу ҳеҷ қуввае пеши роҳи кӯдакони халтабадасту либоси нав пӯшидаро ба пуррагӣ гирифта наметавонад. Бало ба паси чунин сарусадоҳо, зеро аз онҳо бӯйи бад меояд. Яъне касе бо забони ба ҳама фаҳмо фаҳмонида наметавонад, аз ин сабаб доимо нофаҳмӣ асту дар поёни ҳама постҳои шабакаҳои иҷтимоӣ гуруҳе гуруҳи дигареро дашномборон мекунанд.

Фикрҳои болоиро дар хона монда, ба берун баромадем. Кӯчаҳо аз ҳаррӯза дида тозатару серодамтаранд. Дарвозаҳо ҳамагӣ кушодаву гӯё ба ҳар нафари ба наздашон наздикшуда “марҳамат, баъди намоз биёед” мегӯянд.

Дар роҳи калон, ки ба масҷиди деҳаи ҳамсоя мебарад ва мо ҳоло он ҷо равонем, як духтараки тақрибан 6-7-солае истодааст. Бо либосҳои идонаву халтаи идгардакӣ. Ба мо наздик мешавад. Мо ҳам ба вай наздик мешавем ва ин гуфтугӯйи кӯтоҳ ба миён меояд:

— Акаҷон, як сомонӣ диҳед,- халтаи идгардакиашро кушодаву тарафамон дароз карда, хоҳиш мекунад духтарак.

— О-ооо, имрӯз ид аст, рафта идгардак кун, пулро чӣ кор мекунӣ?

— Очам гуфт то 10 сомонӣ кор накунӣ, идгардак намеравӣ…

— Назди масҷид рав, он ҷо дар чанд дақиқа 10 сомонӣ медиҳандат, чаро аз масҷид ин қадар дур истодаӣ?

— Охи ай уҷа милисаҳо пешмон карданд.

P.S. Бисёр аламовар аст, вақте ки мо барои аз идгардак дур кардани кӯдакон чунин роҳҳоро истифода мебарем.

 

Вақте ки шӯхӣ мекунем

Одатан дар назди аксарият масоҷиди мо талбандаҳо ва неоталбандаҳо бо селофану рӯймолчаҳояшон ба ҳар намозгузор “гап партофта”, кӯшиш мекунанд, ки тангае аз ӯ рӯёнанд. Аммо имрӯз баръакси рӯзҳои пешин дар назди масҷид даҳу бист як сӯ, ҳатто як талбандаро ҳам дидан номумкин аст. Гапи ҳамон духтарак рост баромад, кормандони ҳифзи ҳуқуқ назди масҷидро “тоза” кардаанд.

Дар рӯзи ид “масҷиддорон” дар ҳавлии масҷид ҷамъ шуда, ҳар нафари омадаро бо эҳтироми махсус то ба дохил даромадан раҳнамоӣ мекунанд. Мо ҳам ба чунин дилгармӣ ва истиқбол шарафёб шудем ва наздик ба ворид шудан будем, ки аз тарафи ростамон садое баланд шуд:

— А бача, то сар шидани намоза ягон мусиқӣ намондед?

Ин сухани марди шикамдамидаи тоссар буд, ки лабашро инҷ карда, ба ҷавони тақрибан 23-25-солаи тоқидор, ки бори аввал тоқӣ монданаш айён буд, муроҷиат мекард.

— Монданӣ ҳастем, лекин то ҳол мусиқии ба диламонро наёфта истодаем, биёед якҷоя интихоб кунем,- ҷавоб дод ҷавон.

P.S. “Адабгоҳи муҳаббат нозу шӯхӣ бар намедорад”ро домуллои масҷид даҳҳо маротиба такрор кардааст, аммо ҳайҳот, ки чунин шикамдорони тоссар ҳеҷ намефаҳманд, ки намефаҳманд.

 

Вақте ки моро касе гӯш намекунад

Мо дар даруни масҷидем, вале ин ҷо шабеҳи даруни бозор аст, бозори одӣ не, балки бозори “Корвон”. Мо дар даруни масҷидем, вале ин ҷо монанди кӯча аст, кӯчаи одӣ не, балки кӯчаи марказии серодами миёни асру шом. Мо дар даруни масҷидем, вале ин ҷо ба мисле, ки даруни тӯйхона аст, тӯйхонаи одӣ не, балки тӯйхонаи бисёр серодаму серғавғо. Мо дар даруни масҷидем, вале ин ҷо гӯё дар аудитория аст, аудиторияи одӣ не, балки аудиторияе, ки дар он профессори 70-сола аз фанни фалсафа лексия мехонаду 120 нафар донишҷӯ бо ҳам “баҳси фалсафӣ” доранд.

Ин замон ба худ омада дидам, ки домуллои масҷид дар сар саллаву дар тан ҷелак, дар даст баландгӯяку болои минбар нишаста, пӯшташро такя дода, амри маъруф дорад. Ва мумкин аст, ки ӯро аз садҳо нафари даруни масҷид буда танҳо чанд нафари сафи пеш гӯш карда истода бошанду халос. Зеро дар амри маъруфаш, ки пурра ба иди Қурбону қурбонӣ кардан бахшида шудааст, суханҳоеро гуфта истодааст, ки аллакай аҳли ҷамоат онҳоро аз ёд медонанд. Ва он нафароне, ки каму беш гӯш карда истодаанд, мӯйсафедоне мебошанд, ки суханҳои мазкурро аз соли гузашта то имсол фаромӯш кардаанд. Аз сабаби фаромӯшхотирӣ ва пирию заифӣ тоқат карда, гӯш мекунанд.

P.S. Мо чунон такрорро дӯст медорем, ки ҳар сол як чизро гуфтан мегирем, вале бехабар аз он, ки шунавандаҳоямон суханҳоямонро аз ёд кардаанд ва баробари оғоз кардани калимаи аввали ҷумла метавонанд ҷумлаамонро такрор кунанд. Ва ин ҷо саволи ҷавобталаб ин аст, ки “Чаро домулло дар як сол наметавонад ба андозаи 15 дақиқа сухане бигӯяд, ки такрори соли гузашта набошад?!”.

 

Вақте ки идро танҳо иди шикам мешиносем

Ҳаво бисёр гарм. Рафтуомад ҳамоно давом дорад. Мардони 30, 40 ва 50-сола хестан замон, наврасони 15-16-сола “Бисмиллоҳ” гӯён медароянд. Аз рафтани онҳо чанд дақиқа гузаштан баробар 20-25-солаҳо “Идо қатӣ” гуфта, мунтазири ҷавоби соҳибхона нашуда, яке аз паси дигаре попӯшҳояшонро бароварда медароянд. Инҳо дуо нокарда, пушти дарро садои сулфаву хандаи чанд духтари бармаҳал корҳои хонаро кардагӣ мегирад, ки онҳо ҳам идро ба созибхона муборак бод гуфтан омадаанд. Табиист, ки аз паси инҳо чанд гуруҳи дигар бо синну солҳои гуногун ва аз ҳама муҳимаш, занҳо меоянду мераванд.

Ман аз ҳамин қадар омадану рафтанҳо чизеро нафаҳмидам. Ба ҷуз ҷумлаи якрангу якнамуди “Идо қатӣ” дигар чизеро намефаҳмӣ. Ҳар гуруҳ омада мешинанд ва боз хеста мераванд. Аксарият аз рӯйи рейтинги дастархонҳо мешинанд.

Пас аз баромадани гуруҳе садое ба гӯшам расид:

— Бачаҳо, аввал хонаи фалонӣ рафтан даркор…

— Чиба?

— Дар ин ҷо шикамҳо сер шуданд, он ҷо ҳар сол “дисерт”-и хуб дорад…

P.S. Идгардак рафтан ҳаммаънои шикампуркунӣ рафтан бошад, биёед ин ҳама ташвишҳоро бас карда, кори дигареро анҷом диҳем ва агар не, пас биёед аз баҳри “иди шикам” гузарем.

 

Вақте ки аз баҳри сақич намегузарем

Рӯз рафт. Шаб омад. Ид гузашт. Хурсандии кӯдакон кам шуд. Дастархонҳо ҷамъ шуданд. Шикамдорон дар ҳоҷатхонаҳо нишастаанд. Дуокунандагон вазифаашонро иҷро карданд. Арвоҳон хурсанд шуданд. Қарздорон дар фикри қарзҳояшон шуданд. Гуруснагон сер шуданд. Ва аз ҳама муҳим, қариб ҳамагон оҳи сабук кашиданд.

Ба ҳамин фикрҳои дарҳамбарҳам будам, ки додарзодаам халтаи идгардакашро оварда дар миёни хона чаппа кард. Аз дарунаш наздики 50 сақич рехт. Ба ҳама нигоҳи саволомез карду гуфт:

— Ин сақичҳоро чӣ кор мекунем?

P.S. Кӯдак саволи риторикӣ дод. Чанд соли пеш кӯдакон бар ивази хурсандиҳои кардаашон пас аз идҳои Рамазону Қурбон то 2-3 ҳафтаи дигар аз сақичҳо “наклейка”ояшонро гирифта, бозӣ мекарданд. Ҳоло ки ҳамагӣ кӯдакон бо телефону планшет бозӣ мекунанд, сақичро чӣ кор мекунанд? Мо фикр мекунем, вақте омадааст, ки аз баҳри сақич гузарем ва бар ивази “Иди нав муборак” гуфтани кӯдакон ба онҳо чизе диҳем, ки натанҳо хӯрдаву нӯшида шавад.

 

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Добавить комментарий