Панҷоҳу панҷ сол муқаддам ба асари фалокати табиӣ ба сокинони водии Зарафшон – ҳам дар  Тоҷикистон ва ҳам Ӯзбекистон, хатари азиме таҳдид мекард. Моҳи апрели соли 1964 дар мавзее, ки дарёҳои Фон ва Мастчоҳ ба ҳам омехта, рӯди Зарафшонро ташкил медиҳанд, пораи кӯҳ лағжида, маҷрои дарёро баст ва дар фурсати кӯтоҳ кӯли азиме пайдо шуд. Дар сурати канда шудани сарбанди ин обанбори сунъӣ шаҳру деҳоти зиёди водӣ хароб мегашт. Барои бартараф намудани оқибати ин офат ҳама сохторҳои марбутаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон,  иқтидори давлати абарқудрати Шӯравӣ сафарбар карда шуд…

Муовини сарвари ситоди  бартараф намудани оқибати ин офати табиӣ, рахматии Отақул Ҳикматуллоев он рӯзҳоро ба ёд оварда, ба муллифи ин матлаб хотирахояшро накл карда буд. Инак фишурдаи хотираҳои ӯ.

-Баҳори соли 1964 ҳукмфармоӣ дошт, дарахтон муғҷа бастаю гул мекарданд. Ҳеҷ офате дар гӯшаи хотири касе набуд. Мардум машғули кишту кор буданду мо – кормандони хоҷагии об, ба мавсими нав омодагӣ медидем.

Субҳи рӯзи 24 апрел сардори онвақтаи хоҷагии об Б. А. Журбин ба ман занг зада, хавотиромез гуфт, ки зуд баромада, ба ноҳияи Айнӣ рав, кори муҳим ҳаст. Сабабашро шарҳ ҳам надод. Раҳораҳ меандешидам, ки чӣ ҳодиса шуданаш мумкин, шояд сарбандеро об кандааст ва ё кори дигаре ҳаст. Бо ҳамин андешаҳо ба ноҳияи Айнӣ расидам ва фаҳмидам, ки пораи кӯҳ лағжидаю пеши дарёи Зарафшонро гирифтааст. Ҷои офатро бо чашми худ дидаю бовар намекардам. Аз маҷрои дарё пас аз банд қатрае об намегузашт. Сатҳи об лаҳза ба лаҳза дар кӯли сунъӣ боло мерафт. Дар соҳили он одамони зиёде ҷамъ омада, хатари эҳтимолиро муҳокима мекарданд.

Ҳамон рӯз маро ба сардори ситоди кории бартараф кардани оқибати ин офати табиӣ, сардори СМУ-9 Анатолий Афанасевич               Чуриков муовин таъин карданд. Рӯзи дигар, баъди нисфирӯз ба ҷои ҳодиса котиби аввали КМ ПК Тоҷикистон Ҷаббор Расулов ва котиби якуми ҳизбии Ӯзбекистон Шароф Рашидов омаданд.

Дар ситод бо мутахассисон маслиҳат карда, баъди баҳсҳои тӯлонӣ ба қарор омаданд, ки аз паҳлӯи сарбанди сунъӣ канал кофта, оби ҷамъшударо бо он ба маҷрои дарё бармегардонанд. Давоми ду рӯзи минбаъда ба маҳали офат 70 адад булдозерҳои пуриқтидори тамғаи С – 100 оварданд. Шабона зиёда аз 600 нафар афсарону сарбозони округи ҳарбии Туркистон бо сардории генерал – майёр Мелник низ омаданд. Онҳо ҳамроҳи худ 4 адад бронетранспортер низ оварда буданд.

Шабона, аллакай булдозерҳо ба кофтани канали пешбинишуда шурӯъ намуданд. Ба ҳар булдозер 3 механизатор вобаста буд ва онҳо дар се баст, шабу рӯз кор мекарданд. Худ тасаввур намоед, ки дар масофаи 380-400 метр (дарозии канали обпарто) 70 булдозер машғули кор буд. Барои механизаторон ва онҳое, ки ба ин кор сафарбар  шуда буданд, идораи хӯроки умумии Панҷакент бо сарварии раҳматии Бақо Қиёмов якчанд ошхонаи сайёр ташкил карда буд. Хӯрок, сигор ва равған ройгон буд.

Сӯзишворию қисмҳои эҳтиётӣ, масолеҳи сохтмон саривақт таъмин мешуд. Воқеан, қариб ҳамаи  техникаро аз Ӯзбекистон оварда буданд. Вақте булдозерҳо маҷрои канали обгурезро мекушоданд, қисмати болои хок гӯё овезон мешуд. БТР – ҳо бо снаряд ин хокро ба поён мерезониданд.

Фаромӯш кардам, аз рӯзҳои аввали сар задани офат муовини сарвазири  Шӯравӣ Игнат Новиков дар ҷои ҳодиса буд ва ҳама корҳо бо роҳнамоии ӯ иҷро мешуд.

Баробари ин хатари канда шудани сарбанди хокӣ рӯз ба рӯз зиёд шудани ҳаҷми об меафзуд. Оби ҷамъшуда, ҷониби деҳаҳои Рарз ва Сарвода боло мерафт. Ҳаҷми оби дарёҳои Фон ва Мастчоҳ 55-60 метри мукааб дар як сонияро ташкил медод ва оби то ин дам ҷамъшуда тақрибан аз 17 миллиард метри мукааб бештар буд. Ин обанбори сунъиро он рӯзҳо «Озеро неожиданности»  (Кӯли ғайриинтизор) ном гузошта буданд.

Бо зиёд шудани хавф боздиди роҳбарони вақти Тоҷикистону Ӯзбекистон низ зиёд мешуд. Ҳар бегоҳ мо аз корҳои иҷрошуда, ҳолати воқеӣ ба котиби якуми кумитаи ҳизбии шаҳри Панҷакент Маҳмудҷон Назаров, ба Душанбею Тошкент ҳисобот медодем.

Одамоне, ки дар поёноби Зарафшон наздик ба соҳилҳои Зарафшон зиндагӣ мекарданд, хобро фаромӯш карда буданд. Сокинони қисми деҳаи Fӯсар, маҳаллаҳои Лаби Чашма, Гузари Эшони Панҷакент ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда буданд.

Дар маҳалли офат бошад, кор шабу рӯз идома дошт. Аскарону афсарон нақб меканданду атрофашро тахтабаст мекарданд ва онҷо моддаҳои тарканда гузошта метаркониданд. Хоки ҷамъшударо булдозерҳо ба ду тарафи канали обпарто мебароварданд.

Интизом оҳанӣ буд, чун дар қисми ҳарбӣ.

Бо гузашти рӯзҳо роҳи Айнӣ-Мастчоҳ зери об монд. Бору масолеҳу сӯзишвории дар маркази ноҳияи Айнӣ ҷамъшударо тавассути паром аз болои обанбор ҷониби Ҷиҷикрӯд мегузарониданд. Ҳангоми аз паром гузаштан як мошини тамғаи ГАЗ-51 бо сӯзишворӣ зери об рафт. Хушбахтона, ронандааш раҳо ёфт.

Вале тақдир ба булдозерчии 16-сола Виктор Любименко раҳм накард. Падараш дар соҳили рост, ӯ дар соҳили чап бо булдозер кор мекарданд. Аз беэҳтиётӣ ё камтаҷрибагӣ булдозери Виктор аз баландии 17 метр ба обанбор сарозер шуд. Ин ҷавони навхат ҳангоми бо тайёра ба беморхонаи Панҷакент овардан дар роҳ ҷон дод. Любименкоҳо дар деҳаи Fӯсар зиндагӣ мекарданд. Дигар ҳодисаи нохушро ман ёд надорам.

Воқеан, ситоди асосӣ дар маркази ноҳияи Айнӣ, рӯ ба рӯи чойхонаи Мирохур ва ситоди муваққатӣ бевосита дар ҷои ҳходиса, сояи дарахти азими зарбед, ки ба асари ярч аз кӯҳ фаромада, бе ягон осеб бо решаҳояш рост истода буд, фаъолият мекард.

Баъди 13 рӯзи ҳодиса, санаи 6 майи соли 1964 маҷрои канали обпарто омода шуд. Онро аз сарбанди обанбори сунъӣ хоктеппаи баланд, ки зераш моддаи тарканда гузошта буданд, ҷудо мекард. Ҳама интизори таркондани ин хоктеппа.

Зимнан, пеш аз ин мутахассисон аз  Маскаву Тошканду Душанбе ҷамъ шуда, вазъиятро омӯхта, маслиҳат дода буданд, ки коре бояд кард, ки  ҳаҷми оби ба воситаи канали обпарто ҷоришаванда зиёд набошад, то соҳили онро нашӯяд ва ба соҳилнишинони поёноб зиён нарасонад.

Аз он ки ин рӯз ба канали обпарто об сар медиҳанд, ман чанд рӯз пеш бохабар будам. Дар ҳузури ман ва муовини сарвазири Иттиҳоди Шӯравӣ Новиков аз Маскав занг шуд. Ӯ гӯшакро бардошту – Здравствуйте, товарищ Никита Сергеевич, гуфт. Баъди радду бадали чанд ҷумла Новиков хабар дод, ки канали обпарторо мекушоем. Ӯ бо котиби якуми  КМ КПСС Н.С. Хрушёв гап мезад.

Ҳамин тавр хоктепаи сарбанди обанбор ва канали обпарто тарконда ва ба воситаи як қисмати он оби ҷамъшуда бо суръати гӯшношунид сарозер шуд. Ҳама шодию хурсандӣ доштанд, вале об соҳили каналро рахна карда, боз харобкорӣ менамуд.

Мо шабу рӯз ҳаҷми оби обанбор ва маҷрои каналро чен мекардем. Бо вуҷуди чорабиниҳо мавҷи об кӯпруки калони Айнӣ ва Хушекат ва нуқтаи обсанҷии онро шуста бурд, зардолузори зиёде зери об монд.

Баъди ин бо супориши роҳбарият гурӯҳи калони коргарони хоҷагии оби Панҷакент бо роҳбарии раҳматии Қаҳҳоров Иброҳим барои соҳилмустаҳкамкунии канали обпарто сафарбар шуданд. Онҳо бо усули бобоӣ дар соҳили канал сепояҳо устувор мекарданд. Вале онҳоро баъди ду-се рӯз мавҷи афзояндаи об ба комаш фурӯ мебурд.

Ҳодисаи дигаре ёдам меояд. Маҷрои канали обпарто аз шасти оби зиёд ҳамоно чуқур мешуд. Аз зери маҷро шахи бузурге намоён шуд ва об аз болои он аз баландии 6-7 метр чун шаршара ҷорӣ буд. Аз  ин роҳбарияти Тоҷикистону Ӯзбекистон огоҳ карда шуданд. Ҷониби Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки инҷо нерӯгоҳи барқи обӣ сохта шавад. Роҳбарони вақти Тоҷикистон ба ин розӣ нашуданд.

Тақрибан охири моҳи май аз шаршараи мавриди баҳс нишоне намонд. Ба Душанбею Тошканд хабар додам. Бовар карданд. Котиби якуми ҳизбии шаҳрамон М. Назаров маро ба дурӯғгӯӣ муттаҳам намуду дашномҳои қабеҳ дод.

Рӯзи дигар роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон бо тайёра ба сарбанди канали обпарто омаданд. М. Назаров низ он ҷо буд. Маҷрои обро диданду боварашон наомад, ки шаршара бо қуму шағалу сангпораҳо пур шудаст.

Тақрибан даҳаи дуюми моҳи августи соли 1964 дарёи Зарафшон ба маҷрои худ баргашт, оқибати хатари эҳтимолӣ, ки  як водии ободро хароб карда метавонист, бартараф гашт. Роҳбарони вақти Тоҷикистону Ӯзбекистон Ҷ. Расулов, Ш. Рашидов, муовини сарвазири шӯравӣ И. Новиков ва дигар шахсони расмӣ дар ноҳияи Айнӣ ҷамъ омада, машварат оростанд ва сафари хидматии ман ҳам анҷом ёфт.

Охири моҳи августи соли 1964 дар толори Осорхонаи ба номи Рӯдакӣ ба муносибати бартараф шудани оқибати ин офати азим ҷамъомад доир гардид.

Раиси раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон М. Холов аз ҷумла ба булдозерчӣ Александр Любименко ордени Ленин, писари ҷавонмаргаш Виктор, баъди вафот, ордени Байрақи Сурхи меҳнат, ба як чанд нафар Ифтихорнома ва ба ман медали «Барои меҳнати шуҷоатнок»-ро супориданд.

Ҳоло синни ман аз 80 гузаштааст, солҳои зиёд дар шӯъбаи корҳои дохилӣ ва то нафақа дар ҳоҷагии об кор кардам. Ҳар вақт, ки ҳамон медалро ба даст мегирам, тобистони пурдаҳшати соли 1964 ба ёдам меояд. Шукр мегӯям, ки бо хости Парвардигор ва қаҳрамонии одамони Шӯравӣ як водии бузург аз офат эмин монд.

Таснифи  Т. Солеҳзода, шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий