Мусоҳибаи хабарнигори «Фараж» бо сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ.

Фараж: Нисбати ҳозир шудан бо иқрори гуноҳ аз ҷониби Шарофиддин Гадоев ба хонандагони мо тафсир медодед.

Посух: Барои органҳои корҳои дохилӣ ин як чизи маъмулӣ аст.

Сиёсати ҳуқуқии давлати Тоҷикистон, ки ба тарзи расмӣ эълон гаштааст, тибқи моддаи 142-и Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нафароне, ки нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, агар бо ихтиёри худ ба органҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шаванд, дар ҳолати ба пуррагӣ тасдиқ шудани ҷинояти онҳо ин далел ҳамчун ҳолати сабуккунандаи вазъи ҳуқуқӣ ба фоидаи айбдоршаванда, судшуванда, ба инобат гирифта мешавад. Ин ҳолатро чанд моддаи дигари Кодекси ҷиноятӣ низ таҳким мебахшад ва тасдиқ мекунанд.

Инро ҳам бояд таъкид кард, ки кормандони Вазорати корҳои дохилӣ муддати зиёда аз як сол бо Гадоев Ш. дар тамос қарор доштанд. Чунин алоқа бо ташаббуси худи Гадоев Ш. сурат гирифта буд. Чанд моҳи охир ӯ нияти ба Ватан баргаштан ва бо худиқроршавӣ худро ба органҳои ҳифзи ҳуқуқ супориданро дошт. Ӯ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Аз ин ҳуқуқи шаҳрвандии худ ихтиёран истифода намуд.

«Фараж»: Муҳтавои ҷинояти содиркардаи Гадоев аз чӣ иборат аст?

Посух: Нисбати Гадое Ш. 05.07.2012 аз ҷониби ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 289 қ. 1 (қочоқ) ва 340 қ. 2 (сохтакории ҳуҷҷат) оғоз карда шудааст. Қарор дар бораи тадбиқ намудани чораи пешгирӣ дар намуди ҳабси пешакӣ нисбати ҳадаф бароварда шуда дар асоси қарори дахлдор таҳти №1680 дар ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.08.2012 дар ҷустуҷӯи байналмиллалӣ эълон карда шуда буд.

«Фараж»: Маълум аст, ки Гадоев Ш. аъзои фаъоли «Гурӯҳи 24» аст. Ин ташкилот тибқи Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмони террористӣ эълон шудааст. Эҳтимоли гунаҳкории Гадоев Ш. нисбати иштирок дар ин ташкилот ва дигар созмонҳои террористӣ чӣ гуна арзёбӣ карда мешавад?

Посух: Ҳолати ягонаи бакайдгирии кирдорҳои ҷинояткории шахсони воқеӣ, тибқи Қонун дар Вазорати корҳои дохилӣ ба роҳ монда шудааст. Ин вазъ бори дигар санҷиш карда шуд. На дар Вазорати корҳои дохилӣ ва на дар дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ягон ҷинояти дигар, ки дар содир намудани он Гадоев Ш. гунаҳкор дониста шавад, ба қайд гирифта нашудааст. Бори дигар хотиррасон карданӣ ҳастам, ки Гадоев Шарофиддин танҳо бо ду моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Қоҷоқ» ва «Сохтакории ҳуҷҷат» гунаҳкор дониста мешавад. Вассалом.

Ҷинояткор будан ё набудани Гадоевро тибқи ин ду модда фақат рафти тафтишоти ҷиноятӣ муайян мекунад.

Бори дигар барои васоити ахбори умум ва албатта нафароне, ки ба ин савол посух ёфтанӣ ҳастанд, расман ва қотеона изҳор карда мешавад, дар қайдҳои ягонаи ҷиноятҳои содиркардаи Гадоев Ш. дар Шуъбаи бақайдгирии ҷиноятҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайр аз ин ду ҷиноят, ки ҳарду ҳам хусусияти иқтисодӣ доранд, ягон аъмоли дигари ҷиноятӣ нисбати нобурда мадди назар нест ва ба қайд гирифта нашудаанд.

Добавить комментарий