Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар бозии даври нимфинали Чемпионати Осиё-2018, ки дар Малайзия ҷараён дорад, бар дастаи мунтахаби наврасони Кореяи Ҷанубӣ пирӯз шуд ва бори аввал ба финал роҳ ёфт.

Футболбозони навраси мо дар дақиқаҳои аввал ҳисобро кушоданд. Дар дақиқаи 2-юми бозӣ Озодбек Панҷиев тӯбро вориди дарвозаи ҳариф кард. Кореягиҳо тавассути Юн Сук Чжу дар дақиқаи 39-ум тавонистанд ҳисобро баробар кунанд ва вақти асосии дидор мусовӣ анҷом ёфт.

Тибқи муқаррароти чемпионат баъд аз анҷоми мусовии бозӣ ғолиб тариқи зарбаҳои ёздаҳметра муайян карда шуд, ки бахт ба рӯи футболбозони мо хандид – 7:6. Боз ҳам чун бозии қаблӣ бо Кореяи Шимолӣ дарвозабони дастаи Тоҷикистон Муҳриддин Ҳасанов қаҳрамонӣ нишон дод ва зарбаи задаи футболбози Кореяро баргардонд.

7-уми октябр дар финали чемпионати Осиё дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Ҷопон (оғози бозӣ – 17:45) вомехуранд. Мавриди зикр аст, ки ин ду даста дар даври гурӯҳӣ вохурда буданд, ки он бозӣ мусовӣ – 0:0 анҷом ёфта буд. Футболбозони навраси тоҷик барои соҳиб шудан ба медалҳои тиллои чемпионат мубориза мебаранд. Дар сурати шикаст ҷойи дуюм ва медалҳои биринҷиро соҳиб мешаванд, ки ин ҳам дастоварди беназир аст.

Сармураббии дастаи Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов дар нишасти матбуотии баъд аз бозӣ иброз дошт, ки даста ин пирӯзиро ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки 5 октябр зодрӯз дорад, мебахшад.

Чемпионати Осиё-2018 миёни наврасон (U-16)

Нимфинал

Тоҷикистон – Кореяи Ҷанубӣ – 1:1. Пеналтӣ – 7:6

Голҳо: Озодбек Панҷиев, 2 (1:0). Юн Сук Чжу, 39 (1:1).

Силсилаи пеналтӣ: Чонг Сангбин – 0:1. Шарифбек Раҳматов – 1:1. Ли Таесеок – 1:2. Ҷонибек Шарипов – 2:2. Ли Чунсук – 2:3. Иброҳим Зокиров – 3:3. Ҳонг Сунгвук – 3:4. Озодбек Панҷиев – 4:4. Мун Чунҳо – 4:5. Рустам Соиров – 5:5. Юн Сук Чжу – 5:6. Шоҳрух Сангов – 6:6. Сон Хо Чун – 6:6. Муҳаммадрасул Лутфуллоев – 7:6.

Ҳайати Тоҷикистон: Муҳриддин Ҳасанов, Ҷонибек Шарипов, Шаҳром Назаров, Исроил Холов, Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Нидоёр Забиров (Шоҳрух Сангов, 46), Амадонӣ Камолов, Озодбек Панҷиев, Ислом Зоиров (Шарифбек Раҳматов, 90+3), Рустам Соиров, Сунатулло Исмоилов (Иброҳим Зокиров, 67).

Огоҳӣ: Ҷонибек Шарипов, Исроил Холов (Тоҷикистон).

Беҳтарин футболбоз: Муҳриддин Ҳасанов (Тоҷикистон).

Сардовар: Муҳаммад Назми Насруддин (Малайзия).

Нозири доварон: Етскуко Фукано (Ҷопон).

Комиссари бозӣ: Жао Чао (Чин).

4 октябр. Селаргон. Варзишгоҳи «Петалинг-Ҷая». 100 мухлис.

Ҷопон – Австралия – 3:1

Голҳо: Ноах Ботич, 8 – аз пеналтӣ (0:1). Шоҷи Тояма, 59 (1:1). Шоҷи Тояма, 69 (2:1). Мито Шунсуке, 78 (3:1).

Финал

7 октябр (якшанбе)

Оғоз – 17:45 бо вақти Душанбе

Ҷопон – Тоҷикистон

Куала-Лумпур, Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил

Добавить комментарий