Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳама гуна сайтбандиҳоро дар дохили кишвар рад мекунад ва мегӯяд, бастани сайтҳои интернетӣ ҳеҷ гоҳ ба нафъашон нест.

Суолу ҷавоби хабарнигорон бо намояндагони хадамоти мазкур дар нишасти матбуотӣ, ки имрӯз, 28-уми январ, дар Душанбе доир гардид, аксаран дар мавриди сайтбандиҳо, паст будани суръати интернет ва гаронии арзиши он дар Тоҷикистон буд.

Муовини раиси хадамоти алоқаи назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев сараввал барои ҳузур надоштани раиси хадамоти мазкур Бек Сабур дар нишаст бо сабаби «ҳақиқатан дар сафари корӣ дар минтақаи Кӯлоб қарор доштан» аз хабарнигорон маъзаратхоҳӣ кард.

— Вазифаи мо на бастани сайтҳо, балки пешниҳоди хизматрасониҳо аст. Мақсади ҳар кадом тоҷир ва ё «коммерсант» гирифтани фоида аст. Он на дар шакли пулӣ, балки дар шакли руҳию ахлоқӣ низ мебошад. Дар мавриди бастани сомонаҳо ягон фармоиш нест. Танҳо ҳолатҳои техникӣ сабаб шуда метавонанд, — гуфт Илҳомҷон Атоев.

Номбурда арзиши аслии харидорӣ ва воридсозии интернетро ба Тоҷикистон «сири тиҷоратӣ» унвон карда, сабабҳои дигари суръати паст, гаронии нархи интернетро дар Тоҷикистон ба дурӣ аз сарчашма, релеф ва сифати нохуби телефону таҷҳизоти дигари интернетрасон дар кишвар рабт дод.

Добавить комментарий