10-уми июли соли 2019 аз заминларзаи мудҳиши Ҳоит 70 сол сипарӣ мегардад

 

Роҳгузарон ҳар сол дар ҳамин рӯз ва дар ҳамин соат ва дар ҳамин мавзеъ пиразанро болои бораи хок медиданд. Пиразан соатҳо болои теппа менишаст ва сар ба ҷайби тафаккур фурӯ бурда, пайи андешаҳои хеш саргардон буд. Касе ба вай аҳамият намедод ва ӯ низ парвои дигарон надошт. Омаду рафти роҳгузаронро нодида мегирифт, ё шояд дар ин лаҳзаҳо чунон саргарми тамошои олами хотира мегардид, ки ҳама кас ва ҳама чиз ба чашмаш наменамуд. Ӯ мемонду дунёи хотир…

Холаи Зулфия аз шаҳраки Ғарм ба суроғи хонаву дари падар ва хешу ақрабо меояд. Меояду то дерҳо тахмин мезанад. Тасмим гирифтан мехоҳад, ки хонаи падарӣ дар кадом гӯшаи деҳа буд. Соатҳо фикр мекунад ва ҳеҷ ба ёдаш намерасад, ки боғи зардолу дар куҷо ҷой гирифта буд ва он рӯзи наҳс чӣ гуна аз чанги бало раҳид.

Як зум сарашро боло бардошта атрофро муоина мекунад. Дасти ларзонашро лапар карда, бо чашмони камнур ва ашколуд ба дуриҳо назар меафканад. Бо андуҳ оҳ мекашад.

— Дар раҳмати Худо бошед, азизон, — зери лаб пичиррос мезанад ӯ.             — Пешгоҳатон равшан бошад. Чӣ кунам, ҳар сол меоям як-ду ҳафта мекобаму нишоне наёфта ноумед бармегардам ба хона. Кош нишоне пайдо мекардам. Агар медонистам, ки дар кадом гӯшаи ин куҳи бузург хуфтаед, пешатон аз хасу хошок кӯлбае месохтаму то нафаси охирин мурдабонӣ мекардам.

Гиря банди гулӯ мешавад. Ашки шӯр аз чоҳи чашмонаш ҷӯшида мебарояд ва рухсораҳои рангпаридаю тафсидаашро тар мекунад. Аз ёди хотирае пайкараш меларзад. Дигар инону ихтиёрро аз даст дода бо кафҳои даст чаккаҳои сарашро дошта, фарёди ҷонкоҳе мезанад.

Дар ангора худро ҳамроҳи чанд тифли дигар дар як гӯшаи боғе пайдо мекунад. Дарахтони пурбори зардолу ҳавлии боғро соя меафкананд. Онҳо гоҳе донаҳои ранггардонидаи зардолуро мечинанду гоҳе ба бозӣ машғул мешаванд. Ибтидо садои даҳшатангез пардаҳои нозуки гӯшҳоро ба ларза меорад ва баъд такони сахт заминро аз зери пояшон тарафе мекашад. Тифлони дунёбехабар фурсати фарёд заданро наёфтанду паҳлӯи якдигар ғалтиданд. Талоши аз ҷо бархостан кард, аммо мадораш нарасид, балки пиндошт, ки болои алвончак истодааст ва паҳлавони азиме онро сари дашт бардоштаю меҷунбонад. Тамоми қувваташро ғундошта, фарёд зад: «Оча, очаи ҷон…». Садояшро нашунид. Аз тарс чашмонашро пӯшид. Замин беист меларзид ва садоҳои даҳшатзо торафт зиёдтару воҳиманоктар мешуданд. Ба назараш намуд, ки аз куҳи пешорӯ аждаҳои бузурге, ки аз даҳону биниаш оташ фаввора мезад, тарафи онҳо омадан дорад… Як он дунё ором гирифт. Бо тарсу ҳарос чашм кушод, аммо чизеро дида натавонист. Дар фазои деҳа гарду ғубор ҳоким буд. Чашмонашро пӯшид. Дигар чизеро ёд надорад. Шояд аз ҳуш рафта буд…

Ҳамон сол ба хонаи ҳафт қадам мемонд Зулфия.

Пиразан бо панҷаҳои ларзони даст чакаҳои сарашро молиш медод. Пайкараш меларзид ва садои пур аз тарсу изтиробаш ба гӯш мерасид.

— Садқаи номат шавам, Парвардигор. Ту қодиру тавоноӣ. Дар турфатулайн ҳар чиро ҳаст мекунию агар хоҳӣ нест. Ман шоҳиди қудрату тавоноии ту ҳастам, эй Соҳиби кавну макон.

— Бечора ақлашро гум кардааст, — мешунавад овози ношиносеро.

— Шукр, ки аз тарс намурдааст, — посух мегӯяд каси дигар.

— На гапамро мешунаваду на гап мезанад.

— Аз даҳшат кару гунг шудан мумкин аст.

— Хайр, ба ҷою маконаш, ки расид, духтурҳо табобат мекунанд. Дар байни ин рӯзҳо касе ба суроғаш наомад. Ӯро ба рӯйхати сағираҳо гузарон. Фурсати он нест, ки дунболи ҳар як кӯдак давутоз кунем.

Ҳамаи инро мешунид, вале ҷавоб гуфта наметавонист. Пакару гаранг буд. Аз сухани охирини шунидааш бештар тааҷҷуб кард.

— Чаро ба рӯйхати сағираҳо? — суол дод ба худ. — Охир ман падару модар дорам. Шояд дар бораи каси дигар ҳарф мезананд. Оча, ҳой, очаи ҷон…

Садояшро худаш намешунавад. Тааҷҷуб мекунад. Бо азоб чашм мекушояд. Худро дар ҷои бегона мебинаду ҳалқаи одамони ношинос. Аз ҷо бархостанӣ мешавад, аммо қувваташ намерасад. Тамоми баданаш сим-сим ба дард медарояд.

— Ба ҳуш омад,- мешунавад аз нав овози ношиносро.

— Сахтҷон будаст, кӯдаки бечора.

— Ҳой, духтари хушрӯй, ба тарафи ман нигоҳ кун.

Вай кӯшиш мекунад, ки рӯяшро ҷониби овоз гардонад, вале… Бидуни хоҳиш чашмонаш пӯшида мешаванд.

— Ӯро ба ҳолаш мон. Ҳанӯз дар чанголи тарсу даҳшат аст. Аз сар зарб хӯрдааст…

Духтарак бештар ба ҳайрат меафтад. Чаро ӯро ба ин ҷои бегона овардаанд? Агар модараш фаҳмад, ки ҳамроҳи одамони ношинос рафтааст, вой бар ҳоли ӯ. Ва якбора дар ваҳми ӯ замин ба ларзидан шуруъ кард. Фарёд задан хост, аммо садо дар гулӯяш гиреҳ зад. Пиндошт, ки аз баландие ба ҷарӣ меғалтад. Мутакко ҷуст. Ба ҳар тараф даст дароз карда, мехост ягон бутта ё шохи дарахте ба дасташ ояд ва ӯ аз афтидан худро нигоҳ дорад.

— Ба вай чӣ шуд? — аз дуриҳо мешунавад овози пуризтироберо. Ва якбора ҳама чизро аз ёд мебарорад. Дигар на садоеро мешунаваду на ба олами руъёҳо бармегардад…

— Чӣ ном дорӣ, духтарҷон? — ба вай муроҷиат мекунад зани меҳрубоне.

Духтарак ба тарафи зан менигарад ва ба андеша меравад. Дурудароз фикр мекунад, ки вай чӣ ном дошт. Оё ман ном дорам, савол медиҳад ба худ. Ба хотир намеорад номашро.

— Намедонам, — бо овози ларзон мегӯяд ӯ ва таги чашм ба чеҳраи зани ношинос менигарад.

— Мо ба ту номи нав мондем, — мегӯяд зан меҳрубонона. — Туро аз бемористон баъди табобат ба ин ҷо оварданд. Дар варақаи аз бемористон фиристода шуда, «З.Давлатова» навишта шуда буд. Номатро Зоя гуфтем. Фарқаш чӣ.  Ҳаминаш муҳим, ки сиҳат шудӣ.

— Ман дар беморхона будам?

— Магар ба хотират нест?

— …

— Ин ҷо хонаи бачагони шаҳри Хуҷанд аст. Аз ин ба баъд дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунӣ. Мо мисли ту чанд духтару писари дигар ҳам дорем.  Онҳо хоҳару бародарони туанд.

Духтарак дар тааҷҷуб монд. Ӯро аз куҷо оварданд? Чаро бачаҳои дигар хоҳарону бародаронаш будаанд?

Ба вай сару либоси дигар пӯшонданд. Сару либоси аврупоӣ. Вай ба ёд оварда натавонист, ки пештар чӣ гуна сару либос дошт, аммо либоси нав писандаш омад. Лекин бо забони бегона  ҳарф задан барояш мушкил буд. Бачаҳои ҳамсолаш бо ин забон озодона сухан мегуфтанд…

Ӯ дигар гузаштаи худро аз ёд бароварда буд. Ва борҳо дар танҳоӣ ба худ суол мекард. Хоса лаҳзае, ки ба суроғи бачаҳо хешу табор меомаданд. Меомаданду эшонро танг ба оғӯш кашида, сару рӯяшонро бӯсаборон мекарданд. Барояшон туҳфа меоварданд:

— Ман кистам? Аз куҷо омадаам? Волидонам кистанд? Ба кадом миллат мутааллиқам? Чаро касе ба суроғам намеояд? — мепурсид аз худ.

Ба тақдир тан дод. Бо бачаҳои дигар одат кард. Зеҳни буро дошт ва паси муҳлате забони русиро хуб азбар кард. Бо забони русӣ ҳарф мезаду симои тоҷикона дошт.

Синфи ҳаштумро дар хонаи бачагон хатм намуд ва ба омӯзишгоҳи алоқа дохил шуд. Дар омӯзишгоҳ ҷавонон аз маҳалҳои дуру наздик таҳсил мекарданд. Акнун вай сиёҳро аз сафед фарқ мекард. Ва медид, ки ҳамдарсоне, ки дар шаҳр иқомат доштанд, баъди дарс ба хонаҳои хеш мераванд. Волидайн аз маҳалҳои дур омада, аз аҳволи фарзандон хабар мегиранд, аммо касе ба суроғи вай намеомад. Касе аз ӯ намепурсид, ки чӣ ҳол дорӣ. Танҳо он зани ҳалиму меҳрубон аз хонаи бачагон аҳён-аҳён меомад. Модарвор ба оғӯшаш мегирифт ва аз ҳолу аҳволаш мепурсид. Лаҳзае суҳбат мекарду мерафт пайи кори хеш. Ба чеҳраи ғамолуду чашмони ашколуди вай менигаристу худро нодида мегирифт. Ва аз нав саволҳои пешин азобаш медоданд. «Ман кистам? Аз кадом қавму миллатам?». Ба шиносномааш менигарист: «Давлатова Зоя Донёровна, миллаташ тоҷик». Тааҷҷуб мекард. Агар тоҷик бошам, чаро касе ба суроғам намеояд. Ва боре он зани мушфиқ ба вай дар бораи фоҷиаи Ҳоит қисса кард. Қисса кард, ки Зоя зодаи Ҳоит асту хешу табораш ҳамон ҷо таги хок мондаанд. Ӯро қатори зиндамондаҳо ба шаҳри Сталинобод оварданд ва баъди табобат ба Хуҷанд. Лекин духтар на Ҳоитро ба ёд оварда метавонисту на падару модарашро.

Пиразан бо андуҳ оҳ кашиду аз ҷо баланд шуд. Пойҳои ба дард омадаашро молиш дод ва оҳиста-оҳиста ба поин фуромад. Тарафи деҳаи Ҳоит мерафт, ҳанӯз дар ғори тангу бетаги андешаҳо даступо мезад.

Ба пурсишҳояш ҷавобе намеёфт. Ҷуръат намекард, ки ба касе дар ин бора машварат намояд. Омӯзишгоҳро бо муваффақият хатм намуд.

— Духтарам, шумо ба куҷо рафтан мехоҳед? — пурсид марде, ки дар паҳлӯи директори омӯзишгоҳ менишасту ӯро намояндаи Вазорати алоқа муаррифӣ карда буданд.

— Намедонам, муаллим, — беҷуръатона посух дод Зулфия. — Ба куҷое, ки фиристед, меравам.

— Дар ноҳияи Ҷиргатол мутахассис намерасад, чанд бор шуд, ки дар ҳамин мавзуъ роҳбарияти ноҳия ба мо муроҷиат мекунад.

— Ноҳияи Ҷиргатол ба зодгоҳи ту наздик аст, Зоя, — ба суҳбат ҳамроҳ шуд директори омӯзишгоҳ. — Шояд фурсат меёбию ба он ҷо меравӣ. Худое, хешу таборатро пайдо мекунӣ.

— Меравам, муаллим, — бе ҳеҷ дудилагӣ гуфт Зулфия.

Пиразан роҳашро дигар карда, ба соҳили Оби кабуд фаромад. Дарё дар ин фасли сол чун аспи ҷавмаст бозингарӣ мекард. Ба харсангҳои соҳил  сар мекӯфт ва бо алам нолише карда, шитобзада сафарашро идома медод. Лаби дарё нишаст ва дасту рӯяшро бо оби сарду мусаффо шуст. Бо панҷаҳои даст чанд ҳавуч об нӯшид. Ва ҷои нишасташро дуруст карду чашм ба дарё дӯхт. Аз рафтани умр афсӯс  хӯрд. Аз он афсӯс хӯрд, ки умраш ба ҷое расиду нишони хешу ақраборо ёфта натавонист.

— Умри одам ҳам мисли дарё шитоб мекунад, — ғурунгид зери лаб. –Ормонҳо дар дил мемонанду умр ба поён мерасад. Сад дареғ, ки мо хеле дер аз шитоби умр дарак меёбем. Фармудаи бузурге ёдаш омад:

Бинишин бар лаби ҷӯю гузари умр бубин,

К-ин ишорат зи ҷаҳони гузарон моро бас.

Дар муҳити нав зиндагӣ бештар барояш беранг буд. Бо вуҷуди меҳмоннавозию одамдӯстии мардум худро танҳо ҳис мекард. Аз шаҳри калон ба як гӯшаи дури дунё омаду пушаймон шуд. Ин шаҳраки дар миёни куҳҳои осмонбӯс ҷо гирифта, наметавонист ҷароҳати дили дардмандашро шифо бахшад. Ҳар бегоҳ духтарони ҳамкор ва ҳадду ҳамсоя ӯро ба хонаҳояшон мебурданд. Ба хотири вай маърака меоростанд. Аммо вай ба зиндагии нав одат карда наметавонист.  Бештар танҳоию бекасии худро ҳис мекард. Гоҳо аз навмедӣ даст ба домони гиря мезаду то сабук шудани дилаш мегирист.

Рӯзе дар дафтари корӣ машғули иҷрои вазифа буд, ки ҷавоне аз дар ворид шуд. Бо адабона салом дод ва атрофи зиндагии духтар пурсон шуд. Баъд аз ҷо баланд шуда, болои сари духтар омад. Беиҷоза даст ба пешонаи вай бурд ва мӯи сарашро боло бардошт. Дар ҷабини духтар  осори захми сӯхтаро дида, бо алам фарёде зад ва инону ихтиёрро аз даст дода, духтарро ба оғӯш кашид.

— Хоҳараки ширинам, Зулфияи ҷони ака —  бо овози гиряолуд мегуфт ҷавон, — шукри Худованд, ки туро пайдо кардам. Шукр, ки дар ҳамин дунё ба дидори якдигар расидем. Ту ягона мероси волидайни шаҳидам ҳастӣ.

Духтар бо ҳайрат ва тарс ба ҷавони ношинос, ки дар ҳоли бехудӣ беист сухан мегуфт, менигаристу бовараш намеомад. Бовараш намеомад, ки дар ҳақиқат вай бародар дорад. Ва дар ангора хаёле зинда шуд. Гумон кард, ки ким кайҳо ӯро бо ҳамин ном ҷавонзане бо навозиш мехонду ба оғӯш мекашид. Мӯи сиёҳи дарозашро сила мекард, бо вай шӯхию бозӣ мекард. Вале ҳарчанд зӯр мезад, чеҳраи зан пеши рӯяш намеомад.

Билохира ҷавон худро ба даст гирифт. Рӯ ба рӯи ӯ нишасту саргузашташро бо сад дарду алам ҳикоя кард.

— Ду рӯз баъди заминларза маро қатори бачаҳои дигар ба шаҳри Душанбе бурданд. Дар хонаи бачагони шаҳр тарбия гирифтам. Хешу табори зиндамондаамон, ки дар ноҳияи Қумсангир зиндагӣ доранд, баъди кофтуков ва гузаштани солҳо аз хонаи бачагон маро ёфтанд ва ҳамроҳашон ба Қумсангир бурданд. Акнун ҳамон ҷо муқим шудем. Шукр, холаамон зинда будааст. Туро бисёр кофтем. Касе дар бораи зинда буданат ба холаам хабар додааст, аммо ёфта натавонистем. Ба қарибӣ як шинос аз шаҳри Хуҷанд ба писари холаам гуфтааст, ки бо ҳамин нишонаҳои гуфтагиатон дар хонаи бачагони Хуҷанд духтараке буд. Вай баъди хатми омӯзишгоҳ барои кор ба кадом ноҳияе рафтааст. Ман ин хабарро шунида ба Вазорати алоқа омадаму дарак ёфтам, ки ба Ҷиргатол рафтаед. Омадам.

Духтар ба суханҳои ҷавон шубҳа дошт. Ба вай ҳарфе нагуфта, бо даҳони нимво ба чеҳраи вай нигариста, мисли санг карахту сокит буд.

— Ту захми пешонаатро ба ёд надорӣ, Зулфияи ҷон?

— Ман чизеро дар ёд надорам. Ҳатто то ҳанӯз намедонам, ки аз куҷо  будам ва чӣ гуна ба хонаи бачагон рафтам.

— Модарам равған ширин мекард. Ту чаҳор сол доштӣ. Хирагӣ кардию наздики деги пур аз равған истодӣ. Модарам ба кори худ машғул буд, аз ҳузури ту дар ғафлат монд. Чанд пора пиёзро барои фаҳмидан, ки равған доғ шудааст ё не, ба даруни дег ҳаво дод. Равғани ҷӯшидаистода ба ҳар тараф пош хӯрд ва як қатраи тафсону калони он ба пешонии ту расид. Ҳанӯз фарёду фиғони ту дар гӯшам садо медиҳад.

Духтар аз нақли ҷавон хандиду бо нyги ангушт захми пешонаашро, ки ҳамеша бо мӯи сиёҳаш мепӯшонд, молиш дод.

— Як моҳ зиёдтар захм туро азоб дод. Шаби дароз мегиристӣ ва бечора модарам ҳамроҳат ашк мерехт. Баъди дорую дармони зиёд захм сиҳат шуд, вале осораш монд. Модари бечораам мудом ғам мехӯрд, худро коҳиш мекард, ки бо гуноҳи ман пешонаи духтарам айбдор шуд. Вале ман имрӯз шукри Худовандро мегӯям. Шукр, ки ҳамин нишона буд ва мо туро ёфтем.

Духтар ҳанӯз ба суханони ӯ бовар надошт. Кӯшиш мекард, ки чизеро аз даврони бачагиаш ба ёд биёрад, аммо…

— Шояд маро ба хоҳари  худ монанд карда бошад, — андеша мекард дар дил.

Аммо ҷавон боисрор суханҳояшро такрор менамуд. Дар бораи хонаву боғашон, дар бораи ҳадду ҳамсоя, дар бораи деҳа, дар бораи падару модар мегуфту мегуфт. Мехост ба олами хотираҳо баргардад. Бачагии худро пайдо намояд, вале ҷуз он таккони сахту садои даҳшатзо чизеро ёд надошт. Дар ангора медид: Замин беист меларзид ва садоҳои даҳшатзо торафт зиёдтару воҳиманоктар мешуданд. Як он дунё ором гирифт. Бо тарсу ҳарос чашм кушод ва дид, ки аждаҳои дамон, ҳамоне, ки бибааш дар афсонаҳои хеш борҳо қисса мекард, бо доду фарёд ҷониби вай хез мегирифт. Аз даҳону биниаш оташ фаввора мезад. Фазоро гарду ғубор батамом пӯшида буд…

— Зулфияи ҷон, ман аз ту чор сол калонтарам, ҳамаашро ёд дорам. Ба хонаи бачагони Хуҷанд рафтам. Ҳуҷҷатҳоятро дидам. Охир, раҳматии Донёр падарамон буду Давлат бобоямон. Чаро ту бовар намекунӣ?

Оқибат ҷавон ӯро розӣ кард ва ҳамроҳаш ба ноҳияи Қумсангир бурд.   Ҳамдиёрон ба диданаш меомаданд, вале дар байнашон чеҳраи ошноеро намедид. Навмед шуд. Яқин кард, ки ҷавон иштибоҳ кардааст.

— Бародар, шумо худро беҳуда азоб надиҳед, — рӯзе гуфт Зулфия ба ҷавон. — Раҳмат, ки маро як муддат дар ҳалқаи ин одамони меҳрубон нигоҳ доштӣ. Акнун иҷозат деҳ, ки ба ҷои корам баргардам. Худо хоҳад, рӯзе хоҳаратро пайдо ҳоҳӣ кард.

— Як-ду рӯзи дигар сабр кун, — посух дод ҷавон. — Холаам меояд. Ӯро бину баъд ба ҷои корат баргард.

Ӯ таги тиреза нишаста ба берун менигарист, ғарқи андешаҳои худ буд. Ҳамин лаҳза чашмаш ба зане афтод, ки савори хар тарафи ҳавлии онҳо меомад. Зан наздик шуд. Як бари рӯи ӯро медид. Ба нохост чашмаш ба холи калони бораи рухсораи зан уфтод. Дилаш гум зад ва якбора замин зери пояш чапаю роста шуд. Лаҳзаи худро дар дунёи дигар пайдо овард. Макон дигар буду замон пештар. Мағзи карахтшудаи сар ба кор даромад. Хотираҳои ширину талхи аёми кӯдакӣ пеши рӯяш ҷилвагар шуданд.

Ӯ ба хонаи холааш зуд-зуд меомад. Холааш дар маҳаллаи дигар мезист.  Зулфияро бисёр дӯст медошт. Чанд ҳафта дар хонаи худ ӯро манъ мекард. Зулфия шабҳо холаашро ба оғӯш мекашид ва бо нӯги нохун холи калони рухсораи холаашро зер мекард. Хола нолиш мекарду оҳиста ба дасти ӯ мезад. Духтарак аз ин кори худ завқ мебурд ва ҳамеша ин корашро такрор мекард. Вай бо холаи хушрӯйи худ ифтихор дошт. Дар ин қаламрав мисли холаи вай зани зебо набуд. Хоса холи сиёҳи бари рӯяш…

Вай ҳама чизро фаромӯш кард. Ҷониби зани харсавор давид. Зан дар ин байн аз хар фуромада буд ва ба тарафи даромадгоҳ меомад. Зулфия аз дар баромад ва худро ба оғӯши зан ҳаво дод. Зан худро канор кашид. Ба назар хеле хаста менамуд. Ба девори хона такя зада нафас рост кард. Як зум нигоҳи карахташ чеҳраи зебо ва рангпаридаи духтарро пармосид. Метарсид, ки мабодо ин дафъа низ фиребаш надиҳанд. Борҳо одамон дараки духтари хоҳарашро аз ин деҳу он деҳ, аз ин шаҳру он шаҳр меоварданд. Гоҳ савораву гоҳ пиёда пайи нишонаро гирифта мерафт. Аз он тараф ноумед бо чашми гирёну дили бирён ба хона бармегашт. Ва ҳоло метарсид, ки боз қисмат барояш зарбаи навбатиро омода накарда бошад. Оҳиста бо дасти наҳифу ларзон мӯи ӯро боло бурд ва нишонаи сӯхтагиро дид. Нолиши пурдарде аз шикофи синаи пиразан берун шуд. Кампир ларзида-ларзида пайкари наҳифашро ба ҷисми дар изтиробу тафсидаи духтар ҷафс кард ва ӯро бо сад азоб ба оғӯш кашида, аз ҳуш рафт.

Шаби дароз мижа ба ҳам назаданд. Хоб аз чашми эшон рамида буд.

Мегуфтанду мегиристанд. Аз рӯзҳои гузашта, аз ватани вайроншуда, аз модари сиёҳпичаю аз падари ҷавонмарги Зулфия, аз хонаи ободу аз боғу бӯстони Ҳоит мегуфтанду ашк мерехтанд. Холааш гоҳ аз ободиҳои Ҳоит мегуфт, гоҳ хушрӯию ҳунармандии модари Зулфияро қисса мекард. Ва  ҳар замон даст ба гиребон бурда шукрона мегуфт…

Бародари Зулфия ҳамроҳи писари холааш зуд-зуд ба ҳуҷраи кампир даромада, аз аҳволи онҳо хабар мегирифтанд.

— Холаи ҷон, саломатиатон хуб нест, камтар хобида истироҳат кунеду пагоҳ суҳбатро давом додан гиред, — бо дилсӯзӣ мегуфт писари хоҳараш.

— Акнун мурдан ҳам бароям осон шуд, бачаҳои ҷон, хандаи базеб дар лаб посух мегуфт кампир ва бо овози баланд замзама мекард:

Имшаб чӣ шабе, шаби ниёз аст имшаб,

Дар байнаки мо сад гуна роз аст имшаб.

Парвин ту бирав ба ҷои худ сокин бош,

К-ин қиссаи ошиқон дароз аст имшаб.

Зулфия дигар ятиму бекас набуд. Холаву фарзандони вай, бародару ҳамдиёрони аз чанги балои Ҳоит раҳида ӯро як лаҳза танҳо намегузоштанд. Дунё ба коми вай буд…

Чанд муддат ҳамроҳи хешу табор монд. Забони модарашро омӯхт. Суннатҳои миллиро азбар кард. Ва рӯзе ба як ҷавони ғармӣ шинос шуд. Қалами қисмат рақам зада будааст, ки онҳо хонадор шуданд. Ҷавон Зулфияро ба шаҳраки Ғарм овард. Соҳиби хонаву дар шуд. Ҳамроҳи шавҳараш ба ноҳияи Ҷиргатол рафт. Ҳамкорон саргузашти ӯро шунида, тасаллияш доданд. Ба Ғарм баргашту дар шуъбаи алоқаи ноҳия ба кор даромад. Ӯ дар дунёи дигар зистан дошт. Соҳиби се писар шуд. Бахт ба рӯяш хандид, аммо ёди он фоҷиаи мудҳиш ҳамранги захми носур то ҳанӯз ӯро заҳр медиҳад. Шабҳо хоб медид: хобҳои кобус, хобҳои даҳшатзо… Замин беист меларзид ва садоҳои даҳшатзо торафт зиёдтару воҳиманоктар мешуданд. Як он дунё ором гирифт. Бо тарсу ҳарос чашм кушод ва дид, ки аждаҳои дамон, ҳамоне, ки бибааш дар афсонаҳои хеш борҳо қисса мекард, ҷониби вай хез мегирифт. Аз даҳону биниаш оташ фаввора мезад. Падару модар, ҳадду ҳамсояро медид, ки яке паси дигар ба коми аждаҳо фурӯ мерафтанд… Фарёди ҷонсӯзе мезаду аз хоб бедор мешуд. Саропояш дар арақ тар буд.

Агар соле як бор ба зиёрати падару модар ва хокдони бобоӣ намеомад, дилаш ором намегирифт.

Пардаи тирафоми шаб болои Ҳоит паҳн мешуд. Шамоли серуни лаби дарё нарм-нарм мевазид. Пайкари пиразан шояд аз сардии ҳавои соҳили Оби кабуд ё аз ёди хотираҳои пур аз дарду алам буд, ки ларзид ва ӯ аз он чоҳи жарфи лабрези дарду ғами ёдҳо хешро бо сад азоб берун кашид. Ба гирду атроф назар афканд ва бо такяи дастони ларзонаш аз ҷо баланд шуду тарафи Ҳоит роҳ зер кард…

 

Диловари МИРЗО

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here