Дар робита ба паҳншавии вирус, чанде аз давлатҳои дунё дари худро ба воридоти маҳсулоти чинӣ баста буданд. Ахиран, мақомоти гумрук дар ИМА, Аврупо ва Шарқи Миёна розӣ шуданд, ки пас аз эпидемияи давомдори коронавирус, ба воридоти молҳои чинӣ иҷозат диҳанд.

– Бо назардошти санҷишҳои анъанавии кишварҳои содиркунандаву воридкунанда, то имрӯз ягон далели илмие вуқуд надорад, то нишон диҳад, ки маҳсулоти аз Чин воридшуда метавонад коронавируси навро ба вуҷуд орад. Гумон меравад, ки маҳсулоти чинӣ барои истифода бехатар аст, – гуфтааст ба “Ал-Ҷазира”  сафири Чин дар Арабистон Фон Кай.

Мақомоти гумруки Дубай низ дар як баёния зикр кардааст, ки ҳоло ҳеҷ мушкилие дар воридоти маҳсулоти чинӣ мавҷуд нест, вале Туркия ва Индонезия воридоти хӯроквории Чинро маҳдуд карданд. Раиси Ҷумҳурии Чин Си Ҷин Пин рӯзи 9- уми феврал авҷи коронавирусро вазнин арзёбӣ карда, аз мақомоти кишвар хост то сафар дар дохили кишварро маҳдуд кунанд.

Интиқол ва вусъатёбии вирус дар чанде аз бозорҳои ҷаҳон – Дубай, Арабистони Саудӣ, Кувайт ва Баҳрайн, ҳаҷми интиқоли маҳсулотро коҳиш додааст. Ҳарчанд мақомоти ИМА воридот аз Чинро манъ накардааст, аммо ширкатҳои ҳавопаймоӣ интиқоли мусофирон ва боркашониро бозмедоранд ва мушкилотро дар натиҷаи ҷанги тиҷоратии ИМА ва Чин шиддат мебахшанд. Дар баробари ин, тоҷирон интиқоли бор аз Чинро ба таъхир гузошта, ба иқтисодиёти Чин зарари ҷиддӣ мерасонанд.

16- уми январи соли 2020 мақомоти Чин ва ИМА шартномаи тиҷоратиро ба имзо расонида буданд, то идомаёбии ҷанги тиҷоратиро, ки орзуи рушди ҷаҳонро дар соли гузашта халалдор кардааст, хотима бахшанд, вале Трамп сиёсати таҷовузкоронаи тиҷоратро алайҳи Чин пеш гирифтааст, зеро мехоҳад вазъи тииҷорати ҷаҳонро ба эътидол дарорад. Ҳоло Чин содиркунандаи асосии ҷаҳон аст, лекин паҳншавии вирус содироти ин кишвари содиркунандаро коҳиш медиҳад.

Чин яке аз шарикони асосии стратегии Тоҷикистон буда, бо вуҷуди паҳни коронавирус ҳанӯз ҳам Тоҷикистон равобити тиҷоратии худро бо Чин идома медиҳад. Дар робита ба ин, ноиби сардори Хадамоти гумруки Тоҷикстон Турсунзода Азим дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, ки дар оғози соли 2020 дар масъалаи интиқоли  маҳсулот аз Чин ба Тоҷикистон, монеагие ба вуҷуд наомадааст.

– Танҳо 54 адад нақлиёт нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ба кишвар кам ворид шудааст, – гуфт ӯ.

Добавить комментарий