Чилучаҳорчашма — зиёратгоҳ ва оромгоҳи маъруф дар ноҳияи Носири Хусрав. Миёни мардум ҳамчун 44 чашмаи шифобахш, мавзеи дорои таърихи беш аз ду ҳазорсола ва қадамҷойи Ҳазрати Алӣ (р.а.), аз ёрони Расули Худо (с.а.в.) шинохта шудааст.

Ҳамарӯза ҳазорҳо пиру барно аз ҳама кунҷу канори Тоҷикистон ва хориҷ аз он ба зиёрати ин мавзеъ омада, ба хотири шифои дардҳояшон аз оби дармонбахши чашмаҳояш нӯшидан мекунанд.

Ба иддаои муаррихон, зиёратгоҳи мазкур ҳанӯз дар асри яки пеш аз милод арзи ҳастӣ карда, аммо авҷи шуҳраташ ба асри 8-и милодӣ, пас аз омадани ислом ба водии Қубодиён рост меояд. Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Ҳақбердӣ Боймуҳаммад — нигаҳбони зиёратгоҳи мазкур, ривояте ҳаст, ки асппарвари лашкари Ҳазрати Алӣ (р.а.) Бобо Қамар дар муҳорибае ба хотири пойдории ислом дар Бадахшон захмӣ шуда, дар хоб мавзеи Чилучорчашмаро мебинад. Аммо касе намедонад, ки он дар куҷо воқеъ аст.

Аз сипоҳиёни ислом чанд гуруҳ ташкил шуда, ба ҷустуҷӯи Чилучорчашма баромаданд. Ибни Наср бо гуруҳе дарёи Амуро убур карда, ба водии Мовароуннаҳр ворид шуд ва ҳамин Чилучорчашмаро дар вилояти Қубодиён пайдо кард. Дар китобҳо омадааст, ки рӯзи чоршанбе, 16-уми моҳи саратони соли 36-и ҳиҷрии қамарӣ, дар вилояти Қубодиён, дар водии Бухорои шарқӣ, дар тори Чилучорчашма ҷасади Бобои Қамар ба хок супурда шуд, ки аз ҳамон вақт инҷониб, мардум ба зиёратгоҳи қабри Бобо ба ин ҷо меоянд.

Ровиён ривоят кардаанд, ки рӯзи ҷумъаи ҳамон ҳафта Ҳазрати Алӣ (р.а.) бо аҳли карамаш омада қабри Боборо зиёрат мекунад, ки аз ҳамон вақт инҷониб мардум ин мавзеъро ҳамчун қадамҷойи Ҳазрати Алӣ (р.а.) низ зиёрат мекунанд…

Асли номи Бобои Қамар –Саидҷаъфар ибни Нуъмон ибни Нуфал буда, ки то замони пайдоиши ислом 24-сол подшоҳи давлати Шом буд, аммо баъд аз пайдоиши ислом тарки подшоҳӣ намуда, дар ислом ба ҳайси асппарвари оддӣ хизмат кардааст.

Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Исмоили Чилучорчашмагӣ, одамон ҳамчунин барои дармон ёфтан ба дардҳои худ низ ба зиёратгоҳи мазкур меоянд. Вай афзуд, олимони Тоҷикистон аз 5 пажуҳишгоҳи илмии кишвар, муайян кардаанд, ки ин Чилучорчашмаи зиёратгоҳ ба 17 гуруҳи об тақсим шуда, 16-намуди минералҳо дар он мавҷуд аст.

-Яке аз минералҳои нодир дар оби Чилучорчашма нуқра аст, ки дар тамоми ҷаҳон нест, ба истиснои оби Зам-зам, ки бештар ҳоҷиён аз ҳаҷҷ онро меоранд, -мегӯяд Ҳоҷӣ Исмоил. –Ҳамин қадар нодир ва муфид аст. Бинобар ҳамин, ин обро метавонед солҳо нигоҳ доред, гарму хунук кунед, хусусият, тамъ ва фоидаоваришро гум намекунад. Ба қавли мавсуф, соли 1980 олимон тавассути кайҳон пажуҳиш карда, ҳамин қадар муайян карда тавонистаанд, ки оби Чилучорчашма аз чуқурии беш аз 3 ҳазору 400 метр берун меояд. Яъне то ҳанӯз дақиқ нест, ки он аз куҷо маншаъ мегирад…

Одамонро оби софу беолоиш ва дармонбахшии чашмаҳои ин мавзеъ ва низ моҳиҳои зебову чашмрабоии он мафтун кардааст. Зоирон мегӯянд, бахусус, аз тамошои гулмоҳӣ дар оби шаффоф сер намешаванд. Аммо моҳиҳои ин чашмаро доштан ва ё истеъмол кардан қатъиян манъ будааст, чун моҳиҳо нуқраро аз об ҷудо карда мехӯрдаанд. Нуқра дар ҳарорати 130 дараҷа тасфад, он ба заҳр табдил меёфтааст ва табиист, агар моҳиҳои Чилучорчашмаро рӯйи оташи 600 дараҷа бирёнед, он аз худ заҳр ҳосил мекардааст.

Аммо пажуҳишҳои тиббӣ тасдиқ кардааст, ки оби чашмаҳо барои рафъи бемориҳои чашм, меъдаю рӯда, пӯст, сармозадагӣ, фишорбаландӣ, устухондард, бемориҳои руҳӣ, гӯшу гулӯву бинӣ, ҷигар, санги талхадон ва безурётӣ бисёр муфид мебошад.

Самад Сангов, сокини вилояти Суғд мегӯяд, ки дар ҳақиқат ба шифобахшии оби Чилучорчашма ихлос дорад. Вай ба хотири зиёрати ин мавзеъ ва дармон ёфтан ба бемории фишорбаландиаш садҳо километр роҳро паймуда, ҳамроҳ бо пайвандонаш ба ин ҷо омадааст.

-Ду сол пеш бо ихлос ва ният ба ин ҷо барои зиёрат омада будам, -изҳор дошт С. Сангов. –Баъд аз ҳамон зиёрат, қудрати Худоро бинед, ки ҳама корам бобарор шуд… Ҳоло бачаҳоямро ҳам овардам, то онҳо низ аз ин оби муъҷизаноку шифобахш бинӯшанд. Ният дорам, бо худ чанд бушка оби чашмаи мазкурро ба Суғд барам, то ба ҳамсояҳо ва дӯстон якпиёлаӣ диҳам, ба нияти шифо бинӯшанд, ба мурод бирасанд… 

Дар Чилучорчашма ҳамчунин як дарахти беш аз ҳазорсола ҳам мавҷуд аст, ки шояд дар Тоҷикистон куҳансолтарин бошад. Дар миёни зиёраткунандаҳо чунин шугун ҳаст, ки агар латтапораеро бо нияти фарзанддорӣ ва шифоёбӣ ба шохаи ҳамин дарахти дарозумр бубандӣ, ҳатман ба муродат мерасӣ.

Лутфия Қосимова, -сокини ноҳияи Ҷайҳун низ аз ҷумлаи афродест, ки ба дурустии ҳамин шугун бовар дорад. «Агар бемор шавем, ният мекунем, ба ҳамин пирдарахт латта оварда мебандем, сиҳат мешавем. Одамон агар бефарзанд бошанд, ягон куртачаи кӯдаконаро харида, оварда ба ҳамин дарахт мебанданд ва ният мекунанд, ки фарзанддор шаванд», -мегӯяд Лутфия Қосимова.

Ҳақбердӣ Боймуҳаммад нигаҳбони зиёратгоҳи мазкур мегӯяд, бастани латтапора ба дарахтони зиёратгоҳ аз назари ислом ширк аст, дуруст нест. Вай мегӯяд, пайдоиши ин одати мардумӣ қиссаи ҷолибе дорад. «Аз хотирам набаромада бошад, соли 1967 буд ё 1968, дар ин ҷо порае аз кинофилми «Ҷӯра-шикорчӣ»-ро ба навор гирифта буданд. Омада як қатор дарахтонро ранг карданд ва 60 метр лентаи филмро сабт карданд. Қаҳрамони филм –Ҷӯра-шикорчӣ, агар ба ёд дошта бошед, як латтапораеро гирифта, ба шохи дарахт мебандаду меравад. Баъд аз ҳамон мардум ба қаҳрамони ҳамин филм пайравӣ карда, оҳиста-оҳиста ба латтабандӣ одат карданд. Ин аз назари ислом ва тиб дуруст нест, аммо ба як суннати миллӣ табдил ёфтааст…»

Вале бе шак, оби Чилучорчашма барои муолиҷаи безурётӣ бисёр муфид будааст. Ба қавли ҳолдонҳо, дар давоми чанд даҳсолаи охир ҳазорҳо сайёҳон аз Қирғизистон, Ӯзбекистон, Русия, Эрон ва Афғонистон, ки солҳои фарзандталаб буда, дармони безурётии худро намеёфтанд, пас аз муолиҷа бо оби Чилучорчашма соҳиби фарзанд шудаанд.

Вале бо ин ҳама, масъулони зиёратгоҳ мегӯянд, ҳанӯз ҳам тамоми таърихи пайдоиш ва асрори шифобахшии Чилучорчашма пажуҳиш нашудааст. Ҳамоно агар далели дармонбахшии оби чашмаҳоро наёбанд, аз Чилучорчашма ҳамчун мавзеъи муъҷизаовар ном мебаранд.

Танҳо як ҳолате, ки дар мавзеи Чилучорчашма мушоҳида кардем, моро нороҳат кард. Ҳарчанд дар ҳар ҷои чашма аломатҳое бо мазмуни «Тозагиро риоя кунед», «Ба об ахлот напартоед», «Оббозӣ кардан манъ аст» ва мисли ин гузошта шудааст, ҳамоно дида мешуд, ки одамон дар лаби об дегу табақ мешустанд, партовҳои худро ба об сарозер мекарданд, боқимондаи таом ва меваҷоти хӯрдаашонро тоза накарда, партофта мерафтанд, бачаҳои бисёре, ҳатто мардону занони калонсол дар қисмати поёнии чашма оббозӣ менамуданд.

Фикр мекунем, ки ин хел ҷойҳои тамошобоб, зиёратгоҳи маъруф, бояд аз ҷониби одамон ҳамеша покиза нигоҳ дошта шуда, ба чунин мавзеъи руҳбахш муносибати хубу эҳтиёткорона раво дониста шавад.

Мамониат дар мавриди ҷалби бештари сайёҳон ба ин мавзеъ — набудани меҳмонхонаи замонавӣ ва харобии роҳҳои мошингард унвон мешавад. Бо бартараф кардани ин мушкилот бовар ҳаст, ки шумораи сайёҳон ба ин мавзеъи таърихӣ меафзояд. Пас, масъулони соҳаро зарур аст, ки аз паи ислоҳи ин мушкил бошанд.

 Раҳмоналӣ Додархӯҷаев, 

“Фараж”

Добавить комментарий