Боиси ифтихор аст, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихии миллатро ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёд арзёбӣ намуда, онро қарзи ҳар як тоҷик дар назди таърих ва наслҳои оянда донистанд.

Номгузории Саразм аз калимаи тоҷикии «саризамин» ба вуҷуд омадааст. Саразм дар соҳили чапи яке аз дарёҳои бузурги Осиёи Миёна- Зарафшон, дар баландии 910 м аз сатҳи баҳр, 15 км аз шаҳҳри Панҷакент, 45 км аз шаҳри Самарқанд ва 235 км дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Ба ақидаи барҷастатарин донандаи забони суғдӣ В. А. Литвитс Саразм маънои «Сари замин»- ро дорад. Акнун бахти археолог хандид ва ковишҳо шурӯъ гардиданд. Дар масоҳати беш аз 100 га Саразмро бунёд кардаанд ва аҳолии он аз 3000 нафар иборат буда, дар марҳилаи интиҳоӣ, оқибат қариб, ки ба 10 000 нафар мерасад. Замони заволи Саразм аниқ аст, аммо сабабаш не. Танҳо ҳадс задан мумкин аст, ки ё аз хушк шудани сойи болои шаҳристон мардум ин ҷоро тарк кардаанд ва ё ҳодисаи табиие ба мисли Шарораи ҳозира онро ба харобазор табдил додааст. Ҳоло баъзе бозёфтҳо дар осорхонаи Саразм маҳфузанд, вале аз сабаби набудани озмоишгоҳ ба вайроншавӣ даромадаанд.

Шаҳри Саразм дорои қаср ва маъбад, маҳаллаҳо ва кӯчаҳо буд. Саразмиҳо бо кишоварзӣ ва чорвопарварии хонагӣ машғул буданд. Истеҳсол ва коркарди фулузот низ хеле инкишоф ёфта буд, маъданро аз конҳои гирду атроф мегирифтанд. Ҳини ҳафриёт кӯраҳои фулузгудозӣ, хумдонҳои сафолпазӣ ва 150 намуд ашёҳои биринҷӣ ба монанди корд, ханҷар, табарзин, нӯги найза, мӯҳри сурбӣ, ашёҳои тиллоӣ ва нуқрагӣ ёфт шудаанд. Заргарӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, бофандагӣ ва соҳаҳои дигар низ тараққӣ карда буд. Лекин бояд қайд кард, ки гаронтарин бозёфти Саразм ин гӯри маликаи Саразм мебошад. Саразм чор давраи чандҳазорсолиро гузаронидааст. Аз руйи деворҳои пайдошуда шаҳр аз чор қабат иборат аст, ки фосила байни ҳар давра беш аз ҳазорсолист. Ва тавре мушоҳида мешавад аз як давра ба давраи дигар иморатсози шудааст. Таҷрибаи чандинсолаи гирдоварда дар сохтани нахустшаҳри гетӣ мусоидат кардааст. Шаҳрчаи Саразм нақшаи муайяне надошт ва гирди он бо девори дифоъи муҳофизат намешуд. Зеро аз ҳасму аду хавф набуд. Чангу лашкаркашӣ дар натиҷаи рақобат баъдтар сар мезанад. Саразм дар айёми шаклгирӣ масоҳати беҳад калонро ишғол мекардааст. Шаҳр чунон сохта шудааст, ки дар замони ҳозира ҳам дар бунёди шаҳрҳо ин омилҳо ба инобат гирифта мешаванд. Биноҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмурӣ ва ибодатхонаҳо. Биноҳои истиқоматӣ аз биноҳои маъмурӣ ва маъбадҳо ба кулли фарқ мекунанд. Биноҳои истиқоматӣ аз се-чаҳор ҳуҷраҳои хурд-хурд, саҳни ҳавлӣ ва якчанд ҳуҷраи дигар барои маҳфузи анҷому лавозимоти рӯзгор иборат аст, ки тангкӯчаю паскӯчаҳоро ҷудо мекунад. Ин биноҳои истиқоматӣ дар ибтидои бунёд хеле сода будаанд. Бо мурури замон онҳо ҷадидтар мешаванд. Аз боқимондаҳои чӯбҳои пӯсида ва пайи чӯбҳо дар болои лойдевор аён аст, ки хонаҳо ва умуман иморатҳо аз ҳамон вақт бо чуб пӯшонида мешудаанд. Ба ростӣ, хонаҳои ҳозираи тоҷикҳо ба хонасозии ҳамон давра хеле ва хеле монанд аст, вижа ба кӯҳистони мо ва танҳо аз назари эътиқоди андак фарқ мекунад. Раставу дӯконҳои ҳунармандӣ дар наздикии хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир шудаанд. Оташдонҳо барои маъдангудозӣ ҳам ёфт шудааст. Биноҳои маъмурӣ бошанд аз якчанд толорҳои барҳавову даҳлезҳои баробарсамт иборат буда, бештари онҳо дар болои таҳкурсиҳои аз хишти хом сохташуда, дорои ду-се дари даромад ва якчанд тирезаҳои барҳавоянд. Маълум аст, ки меъморони бостонӣ сохти биноро пешакӣ матраҳ мекардаанд. Ҳокимони маҳалӣ аз ҳамин ҷо халқро идора мекарданд ва ҳатто қарору қоида ҳам ҳабул мешуддааст, ки бо ин мӯҳр тақвият меёфтанд. Ҳокими мутлақ доштани Саразми бостонӣ аз эҳтимол дур нест. Кишоварзӣ ба сони дигар соҳаҳо дар Саразм то замони заволи он рушд кардааст. Сойи аз болои шаҳр ҷоришуда ба ин мусоидат мекард. Саразмиҳо рустаниҳоеро парвариш мекарданд, ки дар байни инхо ҷав ва гандум мавқеъи намоёнро ишғол менамуданд. Намудҳои олоти деҳқонии Саразм бой нест. Каланди чӯбин, досҳои ҳархела ва шудгори ҷуфтӣ аз эҳтимол дур нест.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 сентябри соли 2020 дар шаҳри Панҷакент 5500-солагии Саразми бостонӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 мизбони чорабинии фарҳангии сатҳи ҷаҳонӣ-таҷлили ёдгории қадимаи Саразм мегардад. Тавре маълум аст, 21 сентябри соли 2001 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории қадимии Саразм, ки дорои таърихи 5500 сола мебошад, ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон – «Мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардида, 31 июли соли 2010 он бо пешниҳоди Президенти мамлакат аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ ворид гардид.
Дар айни ҳол дар ин ёдгории қадима се гурӯҳи калони бостоншиносон кор карда истодаанд. Онҳо ба омодасозии ҳафриётҳо ва муайян кардани тарҳи шаҳри Саразм — нахустин шаҳри Вароруд машғул ҳастанд. То ҷашн нақша дорем, ки пурра тарҳи он қисмати муайяни шаҳре, ки унсурҳои шаҳрро нишон медиҳад, ошкор кунем. Дар корҳои тадқиқотию ҳафриётӣ ғайр аз мутахассисони ватанӣ, инчунин бостоншиносон, антропологҳо, меъморон ва наққошони Франсияву Россия даъват шудаанд. Аз ҷумла, чанд нафар аз Осорхонаи давлатии Эрмитажи Санкт Петербург бо мо ҳамкорӣ доранд. Ҳамаи онҳо кӯшиш карда истодаанд, ки то ҷашн тамоми ҷанбаҳои Саразм ҳамчун шаҳр омӯхта ва нишон дода шавад. Ғайр аз ин Саразм, ки оғози маданияти кишоварзӣ ва ҳунармандӣ мебошад, олимон он бозёфтҳоеро, ки аз он ҷо дарёфт шудаанд ва ҳунари олии сокинони Саразмро дар самти истифодаи маъдан, фулузот, сангҳои қимматбаҳо ва нимқимматбаҳо нишон медиҳанд, муайян карда, тарзи сохтани олоти меҳнату ороиширо таҳқиқ мекунанд. Аллакай намудҳои анборҳои маъмули ғалладонаи ҳамон давра пайдо карда шуданд, ки ин яке аз самтҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва омӯзишии Саразм аст. Ин корҳо то августи соли 2020 идома меёбанд.
— Дар доираи таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм баргузории ҳамоишҳои илмӣ бо иштироки донишмандони хориҷӣ дар нақша гирифта шудааст?
— Бале. Ду конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯъҳои «Саразм ҳамчун ибтидои маданияти кишоварзӣ» ва «Саразм ҳамчун ибтидои маданияти шаҳрсозӣ» дар Панҷакент доир карда мешаванд. Яке дар охири соли 2019 ва дигаре моҳи майи соли 2020 дар назар дошта шудааст. Инчунин, доир ба нақш ва тамаддуни Саразм дар ташаккулу рушди тамаддуни Осиёи Марказӣ симпозиуми байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст. Интизор меравад, ки ин симпозиум 10 сентябри соли 2020 дар Душанбе оғоз гардида, 11 сентябри ҳамон сол дар Панҷакент идома ёбад. Аллакай донишмандони Олмон, Голандия, Франсия, Россия, Америка ҳавасмандии худро барои иштирок дар ҷашни 5500-солагии Саразм иброз намудаанд. Дар назар аст, ки то ҷашн ду ҷилд китоби илмии «Таърихи Саразм» нашр гардад. Ин китоб бевосита аз тарафи он бостоншиносону ҳафриётшиносоне, ки дар кофтукову ковиши Саразм иштирок ва бозёфтҳои онро дар озмоишгоҳҳои Тоҷикистону Франсия ва Россия таҳқиқ кардаанд, таҳия мегардад. Ба хотири дастраси ҷаҳониён гаштан, китоб аввал бо забони русӣ ва англисӣ омода гардида, сипас ба тоҷикӣ тарҷума карда мешавад. Дар баробари ин нашри китоби «Таърихи Панҷакент: аз замони қадим то имрӯз», ки Саразм як қисмати онро ташкил медиҳад, ба нақша гирифта шудааст. Мо китобории Саразмро омода карда истодаем, ки он номгӯи тамоми мақолаву асару гузоришҳоеро, ки дар бораи ин ёдгории қадима ҷамъоварӣ шудааст, дарбар мегирад. Ҳамзамон, библиографияеро омода карда истодаем, ки дар он ба таври мушаххас дар бораи ҳар як нафаре, ки дар омӯзиш ва таҳқиқи Саразм нақш гузоштааст, маълумот медиҳад. Дар якҷоягӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Саразм аллакай се филми телевизионӣ таҳия гардида, ҳоло ду филми дигар наворбардорӣ шуда истодаанд. Бо «Тоҷикфилм» филми мустанад дар бораи Саразм омода мешавад, ки аз қисматҳои алоҳида – «Саразм ҳамчун нахустшаҳр», «Саразм ҳамчун маркази ҳунармандию кишоварзӣ» иборат мебошад.
Озмуни нигораҳои Саразм низ эълон карда мешавад. Тибқи шартҳои озмун бояд ангорае сохта шавад, ки дар он нишонаҳои Саразм аз таърихи қадим то имрӯз ва бозёфтҳои Саразмро дар худ таҷассум карда тавонад.
— Баробари корҳои илмию тадқиқотӣ ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва сохтмонӣ дар кадом сатҳ қарор доранд?

Дар айни ҳол бунёди роҳе, ки аз шоҳроҳи асосӣ ба ҷониби Саразм мегузарад ва сохтмони бинои осорхонаи замонавии сеошёна дар ҳудуди мамнӯъгоҳи Саразм идома доранд. Ҳоло, панҷ ҳафриёт рӯйпӯш аст ва то ҷашн дар назар дорем, ки се ҳафриёти дигар низ рӯйпӯш шаванд. Бунёди меҳмонхонаи муосир бо тарзи меъмории шарқӣ, деворпанҷараву дарвозаи мамнӯъгоҳ бо ороиши нақшу нигоре, ки аз худи Саразм пайдо карда шудааст ва чанд бинои иловагии дигар низ дар назар аст.
Ду тарафи роҳ аз даромадгоҳ то дарвоза гулкорӣ шуда, дӯкончаҳои ҳунармандӣ, қабулгоҳ, ҷойи чойнушӣ ва дамгирӣ сохта мешавад. Инчунин, дар назар аст, ки аз даромадгоҳ то дарвоза бо мошинҳои барқӣ ё фойтуну ароба ҳаракат сурат гирад. Баъди даромадан ба дарвоза хатсайри муайян аст, ки дар тӯли он дар бораи ҳафриёт лавҳаҳои маълумот гузошта мешаванд.
Ғайр аз ин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ният дорад, ки дар шафати ёдгории Саразм ангораи хурди шаҳрро созад, то тамошобинон дар бораи ин шаҳри бостонӣ дафъатан маълумот пайдо намоянд. Дар маҷмӯъ, корҳои сохтмонию созандагӣ тибқи нақша бо маром ҷараён доранд ва мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки ин ҷашн дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад.
Ҷашни 5500-солагии Саразм, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил карда мешавад, мояи худшиносӣ ва меҳанпарастии тоҷикон хоҳад гашт. Зеро дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Тоҷикистон таҷлили 5500-солагии шаҳри қадимаи Саразмро қарзи сокинони мамлакат дар назди таърих ва наслҳои оянда арзёбӣ намуданд.

Тавре Сарвари давлат иброз намуданд, ин ҷашн имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500 — солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намоем. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Миллати тоҷик ифтихор дорад, ки шаҳрҳоеро аз қабили Самарқанду Бухоро, Панҷакенту Истаравшан, Кӯлобу Ҳирот бунёд намудааст, ки аҳамияти бузурги фарҳангию таърихӣ доранд. Боиси сарфарозист, ки ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ғамхорӣ ва дастгириҳои Сарвари давлат қарор дошта, маҳз бо талошҳои ин шахсияти бузург мавзеъҳои таърихӣ диққати олимон ва сайёҳони хориҷиву ватаниро ба худ ҷалб намудаанд.

Фирдавс ТОШОВ,

корманди Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии назди Академияи илмҳои ҶТ

Добавить комментарий