“Истаравшан ҳамчун минтақаи бобаракат дар сари Роҳи Бузурги Абрешим қарор дошта, дар давоми садсолаҳо барои ривоҷи тиҷорат ва густариши робитаи иқтисодию фарҳангӣ кӯмак кардааст”.

Эмомалӣ РАҲМОН

Яке аз шаҳрҳои таърихиву қадимаи тоҷикон, ки аз қадимулайём ҳамчун марвориде дурахшида, дар ҷаҳон шаъшаъапошӣ кардааст, Истаравшани бостонӣ мебошад. Таърихчиён ин маконро маркази фарҳангу тамаддун, ҳунару ҳунармандӣ, осорхонаи зиндаи таърих, нуқтаи асосии тиҷорат дар Шоҳроҳи Бузурги Абрешим арзёбӣ кардаанд. Вобаста ба таърих, пайдоиш ва фарҳангу маданияти ин бостоншаҳр чандин рисолаҳои илмӣ ҳимоя карда шуда, аз ҷониби таърихдонҳои дохиливу хориҷӣ даҳҳо китоб таҳия гардидааст. Айни ҳол олимону эҷодкорон сари навиштани энсиклопедия бо номи “Қомуси Истаравшан” кор бурда истодаанд.

Назирҷон Турсунов дар китоби “Истаравшан” бо такя ба манбаъҳои боэътимод аз таърихи ин куҳандиёр чунин мегӯяд: “Истаравшан аз замони Фарохнои Ориёнур, ки дар китоби бузурги ниёгон “Авесто” 3000 сол қабл аз ин зикр шудааст, чун яке аз вилоятҳои сукунати тоифаҳои эронӣ дар таърих ва маданияти тоҷикон, халқҳои дигари Осиёи Миёна осори амиқ гузоштааст”. Дар китоби мазкур маънои номи Истаравшанро чунин шарҳ медиҳад: “… дар забони Эрониёни Шарқӣ Устуршана маънои “Ситораи равшан”-ро ифода мекард. Зеро оини то исломӣ ба одамон парастиши ҷирмҳои самовӣ: Офтоб, Моҳтоб, Ситорагонро талқин менамуд. Худи номи Истаравшан ифодаи барҷастаи пайдоиши ориёнаи ин тоифа буда, таърихи қадим ва ғании ниёгонро таҷассум менамояд”.

Имрӯз дар Истаравшан зиёда аз 150 ёдгориҳои меъмориву таърихӣ мавҷуд буда, ҳамарӯза қадамҷои сайёҳон аст. Бузургтарину машҳуртарин ва қадимтарини он Қалъаи Муғ, Теппаи Тал, Ансамбли меъмории Ҳазрати Шоҳ, Чоргунбаз, Мадрасаи Абдулатиф Султон, Масҷиди Сари Мазору Боботағои Валӣ, Мазори Шайх Абӯбакри Шиблӣ, Мақбараи Абдулқодири Ҷелонӣ, Ҳазрати Махдуми Аъзам, Хоҷа Абдураҳмони Авф, Мавзеи Савристонанд, ки бо 11 адад дарахтони азими сарв, ки ҳар яки он қариб таърихи 2000-сола доранд, нигоҳ дошта мешаванд. Аз 120 масҷиди хурду калоне, ки дар замони зуҳури ислом ва баъди он сохта шуда буданд, аксарияташ таърихи зиёда аз 200-400-сола доранд. Оид ба таъриху пайдоиши ин маконҳо метавон даҳҳо рисолаҳои илмӣ навишт.

Дар хусуси гиромӣ нигоҳ доштани маҷмааҳои таърихӣ пажуҳишгар Ҳусейни Назрулло дар матлаби “Истаравшан бояд осорхонаи табиӣ — мамнуъгоҳ эълон шавад” овардааст, ки як зумра олимон — Дмитрих Хуфф (Олмон), Киодза Като (Ҷопон), Аҳмад Ҳасан Донӣ (ноиби президенти академияи ЮНЕСКО оид ба омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ), Носир Такмил Ҳумоюн (Эрон), Дияр Бикерли (Туркия) ва дигарон соли 1991 вақте дар корвони илмӣ-сафарии байналмилалии “Роҳи абрешим — роҳи тамос” аз Истаравшан дидан карда буданд, аз зебоиву ёдгориҳои шаҳр моту мабҳут шуда буданд”. Ин олимони машҳури корвони илмӣ ба унвонии ЮНЕСКО муроҷиатнома қабул ва тақозо кардаанд, ки бо назардошти дарбаргирии объектҳои бостоншиносию меъморӣ ва этнографӣ шаҳри Истаравшан ба мамнуъгоҳ табдил дода шавад. (“Садои мардум”, №116 (3753), 30.09.2017).

Истаравшан маъвои тавлиди таърих, маданияту фарҳанг ва ҳунару ҳунармандӣ дониста мешуд. Амирону хонҳо ва сарватмандон қасру кӯшк ва хонаҳои худро бо наққошию кандакорӣ оро медоданд, ки ин ба дӯши устоҳои Истаравшан буд. Имрӯзҳо дар шаҳр Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ фаъолият намуда, барои эҳёи ҳунарҳои қадима талош меварзанд. Зиёда аз 100 ҳунаре, ки мардум бо он зиндагиашонро пеш мебаранд, 11 намуди он омӯзонида мешаванд. Дар дохили Коллеҷ намоишгоҳ мавҷуд аст, ки аз маҳсули дасти донишҷӯён ташкил ёфтааст. Кӯчаву гузарҳо вобаста ба касб номгузорӣ шудаанд. Масалан, гузарҳои Шонатарошон, Кулолгарон, Косабофон, Осиёдурусткунон, Читгарон, Чармгарон, Мисгарон, Қолинбофон, Заргарон ва монанди инҳо аз зумраи чунин номгузориҳо мебошанд.

Сайёҳоне, ки ба ин шаҳр меоянд, саёҳати худро аввал аз бозори марказӣ оғоз менамоянд. Зеро ин ҷо либосҳои милливу аврупоӣ, меваҷоту шириниҳои дохилӣ ва дар растаҳои махсус маҳсулоти дастӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Яке аз растаҳои калон бо номи “Растаи оҳангарон” машҳур аст, ки аз 14 утоқи корӣ иборат буда, ҳамарӯза ҳунармандон фаъолият менамоянд, ки аксарияташонро устоҳои кордсоз ташкил медиҳанд. Кордҳои онҳо аз қадим дар Мовароуннаҳр аз ҷиҳати сифату миқдор нисбат ба кордҳои ҳунарварони Қаротоғи Ҳисор ва Чусти Фарғона хеле баланд ҳисобида мешуд. Боз як ҷойи диданбоби ин шаҳр нимпайкараи инқилобчии бузург В. И. Ленин мебошад, ки соли 1964 сохта шуда, дар ҷаҳон калонтарин маҳсуб меёбад. То расидан ба нимпайкара 365 зинаро тай намудан лозим меояд. Гирду атрофи он бо дарахтони ҳамешабаҳор печонида гирифта шудааст. Дар гузашта ин ҷо навхонадорон сайругашт карда, то охири зина мебаромаданд. Дар наздикии он осоишгоҳи “Ависенна” фаъолият мекунад, ки сайёҳони дохилу хориҷ истироҳат мекунанд. Дар матлаби боло маконҳои диданбоби шаҳр зикр гардид, ки ҳар яки он ҷалбкунандаи сайёҳон мебошад.

Агар маконҳои таърихӣ боз ҳам таъмиру азнавсозӣ шаванд ва биноҳои баландошёна, осоишгоҳу меҳмонхонаҳои замонавӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ таъсис дода шаванд, барои солҳои рушди деҳот, сайёҳиву ҳунарҳои мардумӣ метавонад дастоварди калон бошад.

Дар маҷмуъ, гуфтанием, ки Истаравшан ҳамчун бойгонии азими таърихи тоҷикон буда, ёдгориҳои нодири он натанҳо ҷалбкунандаи сайёҳон, балки инъикосгари таърихи куҳан ва мояи ифтихори миллати тоҷик аст.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here