Бо бузургтарин ҳайкали мармарии ҷаҳон чанд аср пеш чӣ рух дод?

Дар Оманияи пойтахти Урдун макони беандоза зебою беҳамтое мебошад, ки онро ибодатхонаи Геркулес мегӯянд. Ин тӯдаи сангине, ки аз римиҳо ба арабҳо чун мерос боқӣ мондааст, таърихи ғайримуқаррарию бойро дорад. Бахусус андозаҳои дастҳои азимҷусса назари ҳар сайёҳ ва тамошобинро ба худ ҷалб менамояд ва ҳатто водор ба он мекунад, ки аз таърихи бойю ғании он огоҳ бошад. Аз он дастҳо то имрӯз панҷаҳои бузург ва оринҷаш боқӣ мондааст ва андозаи ҳайкалро метавон танҳо пай бурд, вале аз ҳама муҳим он акст, ки барои чӣ онро сохтаанд ва қисмҳои дигари ин айкал куҷо ғайб зада бошанд?

Мувоффиқи ақидаи таърихнигорон ин ибодатхона дар асри II, замони ҳукмронии Марк Аврели сохта шудааст. Дар он замон ин ибодатгоҳ даргоҳи асосии шаҳр ба ҳисоб рафта, фарзан ба шарафи Геркулес сохта шуда буд. Аммо бо сабаби ҷангу ҷанҷолҳое, ки дар он давра тезу тунд буд, меъморони маҳаллӣ натавонистанд, ки онро то ба охир созанд. Ибодатхона қисман дорои шашу ёздаҳ сутун буд, вале олимон тахмин мекунанд, ки аз рӯйи нақша онҳо бояд на кам аз даҳу дувоздаҳ сутун медоштанд. Барои муҳаққиқон муяссар гардид, ки намунаи шаклу шамоили ин иморати зеборо аз нав ба вуҷуд оваранд.

Фарзан, то замони мо вақте ки шаҳр пойтахти шоҳигарии Оммонӣ буд, онҷо ибодатхонаи аммониҳо вуҷуд дошта, баъдтар вайрону валангор карда шуд ва аз наслҳои баъдӣ Худоҳо ва қаҳрамонҳои нав ба вуҷуд омада буд. Оиди он ки ибодатхонаи римиҳо ба Геркулес тааллуқ дорад, археологҳо аз сиккаҳое, ки акси ин қаҳрамони асоттириро доштанд ва дар худи ҳамон ибодатхона дарёфт намуданд, фаҳмиданд. Инчунин бозёфти беҳамтои дигаре ин порчаҳои дасти азимҷуссаи мармарӣ (қисмати панҷаҳои даст ва оринҷ), ки баназдикӣ пайдо намуданд.

Олимон муайян намуданд, ки баландии Геркулес на кам аз 12-13 метр мебошад ва ин аз он далолат медиҳад, ки ин ҳайкал дар тулли таърихи инсоният қариб аз ҳама ҷуссаи бузургтарине, мебошад ва он аз мармар сохта шудааст. Инчунин ин муҷассама аз ҳама муҷассамаи бузургтарин дар марҳилаи юнонӣ- римӣ ба ҳисоб меравад.

Геркулес ё худ Геракл миёни мардуми антиқӣ ва бахусус ҷанговарон эҳтироми баланд дошт. Мардуми Юнону Рим ин симои бузургро таҷассумкунандаи ҷувва ва ҷасорат меҳисобиданд. Аз ин рӯ ҷойи тааҷҷуб нест, ки меъморони даврони қадим барои ӯ ҳайкали бо чунин ҷусса ва ба ин андоза бузургро сохтанд. Ба чунин кори боҳашамате, ки онҳо тавонистанд ба анҷом расонанд мо метавонем шефта ва мутаҳайир бошему халос!

Оиди валангоршавии ҳайкал аз муҳаққиқон танҳо як ривоят аст, ки Геркулеси азимҷусса метавонист бо сабаби заминҷумбии бошиддате, ки чанд маротиба дар ин маҳал ба вуқуъ пайвастааст, вайрон гардад. Аммо ҳақиқат муаммо мемонад, ки қисми дигари бадани ҳайкал ба куҷо ғайб заданд. Аз як тараф ба гумон аст, ки он қисматҳо чунон реза-реза шуданд, ки ҳатто порае аз онҳо ба чашм намерасад. Аз тарафи дигар барои сокинони ин маҳалла порчаҳои алоҳидаи мармар арзиши бузург дошт.

Имрӯз бошад, қисмати панҷаҳои муҷассама ҳайкалтарошии ҷудогона ба ҳисоб меравад ва номи расмии “Дасти Геркулес”-ро гирифта, барои тамошои ин ҳайкали шоёни таваҷҷуҳ ҳазорон сайёҳ аз тамоми ҷаҳон меоянд.

Бо дидани фирқаи даст, диққати муштариёнро “нохунҳои бо тартиб гирифташуда” ба худ ҷалб мекунад ва онҳо ба андеша мераванд, ки дар замони атиқа мардҳо низ нохунороӣ мекардаанд!

Худи теппае, ки димнаҳои ибодатгоҳ дар онҷо ҷой дорад, майдони зебои диданбобро дорад ва аз баландӣ манзараи шаҳр хеле зебо ба назар мерасад.

Афсус, ки қисми зиёди ҳайкали бузурги боҳашамат дар таърих барои ҳамеша аз байн рафт ва рози харобшавии он ҳанӯз ҳам ёфт нашудааст.

Таҳияи Дило Доробшоева

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here