Филме бозгӯи қиссаи як инсон

Умар-ако филмест дар сабки мустанад-эссей таҳияшуда. Хати филм аз зиндагии пушти пардагии ҳунарманди Театри ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом Умаралӣ Сатторов мегӯяд.

Умаралӣ Сатторов ба риштаи ҳунар чи тавр омад, дар давоми ин роҳ бо чи мушкилот рӯ ба рӯ шуд, дар зиндагии хонаводагиаш бо чӣ бумбастҳое рӯ ба рӯст ва нигоҳ накарда ба ин ҳама, орзуву ниятҳое дорад созанда, ки ин ҳамаро вақти тамошои филми “Умар-ако” хоҳем дид. Дар филм, гарчи дар сабки мустанад таҳия шудааст, қаҳрамони мо дар лаҳза мегиряду механдад, хуллас, ӯ зиндагӣ мекунаду ин зиндагиро дӯст медорад.

Ҳама даврони хуби зиндагиро қаҳрамони филм пушти сар кардааст. Дар замоне, ӯ аккос буд, кафшергар, устои мавҷгираки телевизион, моҳигиру боз даҳҳо касби дигар. Акнун ҳама ҳунарҳои ӯ дар ҷомеи технологӣ корношояму худаш фаромӯш шудааст. Лекин давоми сабту таҳияи филм таҳиягарон дубора таваҷҷуҳ карданд ба ин ҳама ҳунарҳои доштаи Умаралӣ Сатторов.

Нодиртарин архиви мусиқии Осиёи Марказӣ дар дасти ин қаҳрамон аст ва ҳамаи онро чун гавҳари чашм нигоҳ мекунаду муносибат.

Филм бо ҷумлае сар мешавад, ки “аз ман хоҳиш карданд картаҳоро диҳам ва гуфтам агар диҳам, ба Ватанамро фурӯхтагӣ баробар мешавам”.

Орзуе дар дил дорад, ки мехоҳад осорхонае дошта бошад ва ин ҳама ганҷинаи мусиқии ОсиёиМарказиро дар ҷои амну осуда нигоҳ дорад. Нодиртарин картаи пластикии ӯ аз соли 1909 сабт шудааст ва садову оҳангу матнҳое онҷо мешунавем, ки имкони дубора муаррифии санъати мусиқии моро дар олам дорад.

Филм аз тарафи Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” дар ҳамкорӣ бо Ширкати телевизион ва радиои “Ватан” дар соли 2018 дар муддати 7 шабонарӯз наворбардорӣ шуда, давоми 8 моҳ тадвину бозсозияш идома ёфт. Созандаҳо шабонарӯз бо қаҳрамон дар хонааш зиндагӣ карда, тамоми ҷадвали зинагии қаҳрамонашонро навор бардоштаанд, вале дар вақти тамошои филм ин ҳамаро дар муддати як рӯз мебинем, ки хело роҳату гуворо ва дар айни замон дардовар аст.

Замоне, ки филм дар шакли тадвини аввал дар 3-юмин Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои кӯтоҳ — “Навсоз” дар шаҳри Душанбе рӯи экран омад, аз тарафи мунаққидони синамо хуш пазируфта шуд. Таҳлилу маслиҳатҳои тамошобинони ин кинофестивал буд, ки коргардон тасмим гирифт филмро дубора тадвин карда, баъзе саҳнаҳо илова карда, аз баҳри баъзе саҳнаҳо барояд. Ниҳоят, давомнокии филм то 30 дақиқа поин карда шуд.

Шакли дубора сохтаи филм дар аввалин ҳафтаи синамои ҷавонон — “Нигоҳи ман” дар Тоҷикистон миёни 9 филми коргардонҳои ҷавон дар “Гушаи Амрико”-и шаҳри Душанбе намоиш дода шуд. Вақти пахши филм наздики 100 нафар тамошобин аз филм дидан карданду баҳсҳои гарме ба миён омад. Дар ин миён сафири кишвари Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон низ буд, ки мегуфт давомнокии филм гарчанде 30 дақиқа ҳам бошад, хело кӯтоҳ аст ва ӯ мехоҳад бо ин гуна қаҳрамонҳо зиёдтар монад. Баръакси гуфтаҳои ҷаноби сафир, чанд нафари дигар эътирози онро доштанд, ки филм дароз аст. Аммо коргардон дар ин миён ҷавоб дод, ки интихоби охири онҳо ҳамин 30 дақиқа аст. Чун шакли аввалаи филм 1 соату 30 дақиқа буд.

Баҳси нигоҳ доштани арзишҳои таърихии мо дар филм ба миён омад ва мегуфтанд нигоҳ доштани таърихро ба дилу ҷон аз Умар-ако бояд омӯзем.

Вақте филм дар ин гӯша намоиш дода мешуд, давоми 30 дақиқа то 10 маротиба мардум аз интихоби касбҳои нави Умар-ако механдиданду бо кафкӯбиҳо ин касби ӯро истиқбол менамуданд. Роҳбари гӯшаи Амрико ва рассомдухтари машҳури мо бо чанд нафари дигар аз дилу ҷон мегуфтанд, ки мо мехоҳем ба шаҳри Конибодом рафта, Умар-акоро бубинем.

Санаи 23-юми декбар бошад, филм пушти дарҳои баста бори аввал дар ҳузури худи қаҳрамон дар экрани Театри ба номи Туҳфа Фозилова намоиш дода шуд. Дар паҳлуи қаҳрамон танҳо ҳамкорон ва дӯстони наздики ӯ ҳузур доштанд. Аммо баръакси эҳсоси тамошобинони шаҳри Душанбе толорбудагон инҷо мегиристанду баъди тамошои филм аз оби дида фикрҳояшонро баён карда наметавонистанд. Ҳатто роҳбари собиқи театри мазкур мегуфт, ки бо он ки чил сол боз Умаралӣ Сатторовро мешиносад, аммо боз ҳам то ин филм намешинохтааст, ки пушти пардаи театр чӣ зиндагӣ дорад қаҳрамон.

Роҳбари ҷавони нави театр дар ҳузури тамошобинон ваъда дод, ки ба ҳамкорӣ бо дӯстону худи Умар-ако хона-музейи орзуҳои ӯро дар шаҳри фарҳангии Конибодом месозем, то меҳмонҳои шаҳр дар оянда аз доштани чунин ганҷинаи мусиқӣ дар шаҳри Конибодом ифтихор кунанд.

Директори МД “Суғдсинамо” ба аҳли тамошобинон гуфт, ки бо ин намоишифилми “Умар-ако” иктифо намекунем ва дар рӯзҳои наздик намоиши кушоди онро дар шаҳру ҷамоатҳо баргузор хоҳем кард, то мардуми шаҳр бидонанд, ки Умаралӣ Сатторов на танҳо як актёр аст, балки гавҳарест пур аз ганҷу ҳунар.

Умаралӣ Сатторов — қаҳрамони филм миёни ҳама ҷумлаҳои табрикотиву миннатдориаш ба созандаҳо фақат гуфт, ки “дар ин ҷодаи пурпечутоби асри нав ва ҷаҳони бозаргонӣ, ки худамро гум карда будам, маро дубора ба худам нишон дода, зинда кардед”.

Ҷасури ВАШГИРДӢ

Добавить комментарий