Ҳар рӯз алорағми хостаҳоямон бо ҳолатҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки аз заифии мафкураи мо гувоҳӣ медиҳанд. Боре ҳам нашудааст, ки дар зиндагӣ кӯшиши “пешсаф” буданро накунем.

Инсон доимо дар тараддуд ва такопӯ аст, то ҳамаи хостаҳояш амалӣ шаванд. Мусобиқа байни тамоми табақаҳои ҷомеа мушоҳида мегардад. Албатта, мусобиқа ҳам ҷиҳати мусбат дорад, ҳам манфӣ. Дар мавриди омилҳои манфиатбахш мисол меоварем аз ду ҳамкор, ки яке дар навбати худ ба дастовардҳои дигаре ҳасад мебарад, дигаре таҳсуб мекунад. Фикр кунед, нафари таҳсубкарда талош мекунад, то ба мисли дӯсташ ба дастовардҳо ноил гардад ва шахси ҳасадхӯрда ба ҳеҷ мақоме намерасад.

Пас, мақсад аз овардани матлаб чист?

Ҳолати ҷолиб ва риққатангез дар шоҳроҳҳои шаҳр. Мусофирбари рақами 25 дар истгоҳи назди беморхонаи рақами 14‑и маҳаллаи Зарафшон мавриди таваҷҷуҳи мо қарор гирифт. Ҳамон лаҳзае, ки мусофирбар таваққуф намуд, ба ҷалби “клиентҳо” шуруъ кард: “Биё, 25‑и холӣ! Биё холашка, аз мо ҷой барои нишаст дорад!”. Акнун нав кори муштариҷалбкунии кондуктор гарм шуда буд, ки ногаҳон “Азроил”‑и ӯ, яъне мусофирбари дигар расида омад. Акнун мусобиқа байни ронандагон ва дастёракони онҳо сар шуд. Ман ба яке аз он ду мусорфирбар савор шудам. Эҳа, маршруткаи зӯр будааст-ку, теливизор гирон аст, сарояндаи беҳтарин – Шабнами Сурайё дар рӯйи экран дида мешавад. Аммо афсӯс, садояшро шунидан имконпазир нест, чун садои мусофирон тамоми фазоро фаро гирифта буд. Кондуктор сарфи назар аз он, ки худ ҷойи озоди истодан надошт, боз мусофиронро якто ‑ якто тела карда, ҳамин тавр боз 5 нафари дигарро савор намуд. Худашро бо як азоб вориди мусофирбар намуд.

Акнун нуқтаи ҷолиб наздик шуд. Мусофирбари рақами 25‑и муқобил расида омад ва аз рақиб гузашт. Чеҳраи ронанда ва кондукторро намегӯед!? Тамоман асабӣ буданд ва чунон ба назар мерасид, ки гӯё аз “оши наҳор” дер мемонда бошанд, ронанда суръати мусофирбарро то 180 тағйир дод. Аз ҷониби муқобил садоҳое шунида мешуд: “Ҳой бача, инсоф надорӣ магар!? Чаро ҳамаи “клиентора” чинда рафта истодаӣ?”. Аз ин ҷониб ба суол чунин посух гардонида шуд: “Ту бо суръати паст ронандагӣ кунӣ, баъд айби ман!? Бирав, садақаат кардам, меистам 5 дақиқа, ку бинем чанд одам мегирӣ. Боз расида меоям, пиракии аблаҳ!”.

Баъди сурат гирифтани тафоҳум, ронандаи ваъдакарда каме ист намуд ва пас аз он бо суръати баланд ба “пойгаи” навбатӣ шуруъ намуд. Мусофирбари аввала айни ҳол дар мусобиқа пешдав аст, мусофиронро савор карда рафта истодааст. Дуюмӣ ҳам расида омад. Чанд лаҳзае баробарӣ ҳукмрон гардид, вале боз “пойга” сар шуд. Мусофироне, ки нишаста буданд, мисли бед такон мехӯрданду мусофирони ростистода мисоли маҷнунбед ҷавлон мезаданд. Баъзе аз мусофирони хатсайр ба ҷониби ронанда лаънат фиристода, кирдори ронандагонро амали паст мехонданд.

Билохира ғолиб муайян шуд. Мусофирбари аввала ғолиб баромад ва дуввумӣ мисле, ки бохташро пазируфта бошад, дар роҳ дида намешуд. Ана акнун “пойга” ҳам ба анҷом расид. Ронанда хушҳол буд, ҳам аз бурдаш ва ҳам аз даромади ба даст овардааш.

Биёед сари ин масъала биандешем, ки оқибати ин амали мо чӣ зиёне бароямон медиҳад? Оё мумкин аст барои ёфтани ризқу рӯзӣ ҷони инсонҳоро ба хатар гузоштан? Афсӯс, ин гуна “пойга”-ҳои бемаврид ба сар задани бисёре аз мушкилоти ҷомеа сабаб гардидаанд. Ин ҳолат на танҳо миёни ронандагони хатсайрҳо, балки дар байни ҷавононе, ки пушти чанбараки мошинҳои “люкс” нишастаанд ва бо такаббур даст рӯйи чанбараки он мегузоранду маротибае ҳам дар фикри ҷони пиёдагардону мусофирон нестанд, низ хеле зиёд ба назар мерасад.

Шаҳноз АЛИЗОДА

Добавить комментарий