Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчӣ зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Имрӯзҳо ҳамватанони худро бо сару либоси гуногун дида, эҳсос мекунем, ки ҳар кас дар доираи фаҳму дарки худ ва завқаш ин ё он либос ва тарзу услуби пӯшиши онро интихоб кардааст. Баъзе аз мардон дар синну соли гуногун либоси миллӣ ба бар кардаву бархе либосҳои замонавӣ ва қисмате бо мудҳои нав ба нави либосҳои амрикоию чинӣ пеши назар ҷилва мекунанд. Аксар духтарону занони мо бошад, либосҳое мепӯшанд, ки бисёр аз аъзои баданашон шона, гардан, сина ва рону сонашон намоён аст. Ба гуфти кампиракони рӯзгордида «буду шуд»-и худро ба мардони бегона нишон медиҳанд. Ҳатто баъзан байни духтарон ва писарон фарқ гузоштан хеле душвор аст, чунки аксари духтарон бо либосҳои мардона гаштугузор мекунанд, мӯйҳои сарашро «кирпич»  ё «стрижка» намуда, футболка ё ҷинс мепӯшанд. Агар солҳои пеш ҷинсҳои худро бо хишт «сафед карда» мепӯшиданд ва ё ба сари зонуҳояшон тасвири «дил»-ро медӯхтанд, имрӯзҳо ҳар ҷои онро сӯрох намудаанд.

Тақлиде, ки духтарони мо ба давлатҳои Аврупо, Амрико ва Русия мекунанд, то ҳаддест, ки қариб 90 дар сад бадани худро ба намоиш гузоштаанд. Ин доғи ҷомеа махсусан байни ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, дида мешавад, ки ба бегонапарастӣ майл карда, ба либоспӯшӣ ва рафтору кирдори ғарибиён тақлид мекунанд.

Боре дар ҷамъомаде чун сухан атрофи либоспӯшии занону духтарон мерафт, ҷавоне бо истеҳзо гуфт:

-Чӣ бадӣ дорад, агар дар ибтидои асри гузашта момаҳоямон фаранҷиро партофта бошанд, пас бо талаботи глобализм (ҷаҳонишавӣ) қисме аз занон аврупоипӯш гаштаву либоси тоҷикиро бо  шим ва юбка иваз кардаанд. Бигзор, чи хеле ки мехоҳанд, пӯшидан гиранд, муҳимаш хушбахту саодатманд бошанд.

Дар сурате, ки аксар донишмандони Ғарб иқрор шудаанд, ки «офтоби тобноки тамаддун ва илму ҳунар аз Машриқзамин» дурахшидааст. Мардуми Машириқзамин ба тамаддуёни ғарбиён кӯмаки бузург намудааст. Пас чаро имрӯзҳо баръакси  онро мушоҳида мекунем ва тақлид ба фарҳанг ва расму оини онҳо зиёд шудааст. Ҳол он ки дар олами Ғарб як гуруҳ донишмандон мегӯянд, ки Худованд падару модари инсоният Одаму Ҳаворо бараҳна офаридааст. Аз ин рӯ, онҳо иддаъо менамоянд, ки бараҳнагии зан дар асли хилқат аст, чунки модари мо Ҳаво чунин офарида шудааст. Ин мавзӯъ дар Таврот, сифри Таквин  (2-7-11)  ва дар Қуръон дар сураи Аъроф, ояти 22 чунин омадааст:

«Одаму Ҳаво сараввал либосҳои ҷаннат ба бар доштанд. Пас аз он ки шайтон эшонро фиреб дода, ба иртикоби гуноҳ кашид ва гумроҳашон намуд ва бар асари он аз он дарахт хӯрданд, либосҳояшон аз баданашон афтод. Сипас онҳо баргҳои дарахтонро ҷамъ карда бар баданашон мегузоштанд, то шармгоҳашонро пӯшонанд».

Гарчанде давлати Ҳиндустонро чандин солҳо муғулону португалиҳову англисҳо зери тамаддуни худ гирифта бошанд ҳам, ин мардум аз таърихи қадимаи оинашон даст накашиданд. Сарвари собиқи  Ҳиндустон Индира Гандӣ мудом бо либоси миллӣ мегашт.

Беҳтараш ба бонувони Тотористон пайравӣ кунед. Онҳо ҳамасола дар Федератсияи Русия намоиши либосҳои миллиро ташкил менамоянд. Роҳбари иттиҳодияи бонувон Наиля Зиганимна дар мусоҳиба ба хабарнигорон гуфтааст: «Мо бонувони тотор дар пӯшидани либоси миллӣ пешсаф мебошем. Намехоҳем, ки ба либосҳои кишварҳои араб тақлид намоем. Кӯшиш дорем, ки бештар либосҳоеро тарғиб намоем, ки инъикоскунандаи унсурҳои миллии мо бошанд».

Дигар масъалае, ки боиси нигаронии муаллимон гаштааст, ин либоспӯшии духтарони мактаб мебошад. Баъзеашон либосҳое  мепӯшанд, ки ними баданашон урён, ҳатто рону соид, пешбағали кушодаашон баръало намоён аст. Ба падару модари онҳо чӣ шуда бошад? Магар онҳо бо чунин либос баромадани фарзандашонро намебинанд. Вой бар ҳоли чунин падару модарон. Аз ин маълум мешавад. Фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон доири либоси ягонаи мактаб, ки чанд сол пеш ба тасвиб расида буд, ба таври комил ҷорӣ нашудааст.

Бонувони азиз! Бовар кунед, аз ҳамаи занҳои  дунё шумо зебоед ва бо либоси хушдӯхти миллиамон зеботару дилработар ҳастед. Аз тақлиди кӯр-кӯрона ҳеҷ гоҳ ба ҳадафи хеш намераседу ҳарчи зудтар худро раҳо намоед. Дар фароварди сухан байти Аллома Муҳаммад Иқболро меорам ва боқӣ қазоват аз шумост, хонандагони азиз!

Дар ҷаҳон болу пари хеш кушодан омӯз,

Ки паридан натавон бо пару боли дигарон.

РӯзимадиТоҳир,

омӯзгор

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here