Ҷанҷоли оила, ки амсоли тундар дар рӯзи равшан буд, ҳамаро ба ҳайрат овард. Издивоҷи ҷавонзани 25 сола ба марди нафақагири синнаш аз 60 гузашта ҳамаро ба ҳайрат овард. Ҳолдонҳо мегуфтанд, ки ин оила, зани ҷавону шавҳари пир бебақо аст, он дер давом намекунад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Домод, Асадулло, ки марди сарватманд буд, якбора ба ҷавонзане ошиқ шуд ва онҳо саросема аз қайди никоҳ гузашта, зану шавҳари қонунӣ шуданд. Тӯй дар тарабхонаи беҳтарин баргузор гашт, меҳмонон арӯсу домодро табрик карда ба онҳо хушбахтӣ, умри дарози бобаракат талаб карданд, вале баъди се соати ба бӯстонсарой омадани арӯсу домод Асадулло вафот кард. Гарчанде духтурони ёрии таъҷилии тиббӣ сари вақт расида омада бошад ҳам, домодро наҷот дода натавонистанд.

 

Ин воқеа ҳанӯз аз хотири сокинони ноҳия фаромӯш нашуда, овозаи нав ба миён омад. Овоза шуд, ки Шаҳло ба суд аризаи даъвогӣ навишта, хоҳиш кардааст, ки талабгори сеяки мероси шавҳари марҳумаш мебошад.

— Чаро сеякашро?- пурсиданд вайро.

— Чунки аз шавҳари марҳумаш ду фарзанд, як писару як духтар мондаанд, онҳо низ меросхӯранд, — ҷавоб додааст Шаҳло.

Аз ҷавоби пухтааш маълум мешуд, ки вай аз ягон адвокати таҷрибанок маслиҳат гирифтааст.

Рӯзи мурофиа бинои суди ноҳия серодам шуд. Чанд нафар хешони Асадулло, ҷавобгарон — духтару писари соҳибкори марҳум дар қатори пеш ҷой гирифта буданд. Шаҳло дар тарафи дигар менишаст, ӯ дар бар либоси азогӣ дошт. Толорро тамошобинону ҳангомаҷӯён пур карда буданд.

— Бархезед, суд меояд! — овоз баланд кард котиб.

Ба толор марди тахмин панҷоҳсолаи ба мӯяш сафедӣ афтода, даромада ба ҳозирон салом доду дар минбар ҷой гирифта гуфт:

— Парвандаи гражданӣ оиди даъвои Шаҳло Обидова ба ҷавобгарон Акбаровҳо шунида мешавад,- гуфт раисикунандаи мурофиа Боҳиров.

— Марҳамат даъвогар, сухан ба шумо.

— Аз Акбаровҳо талаб мекунам, ки ба ман сеяки мероси аз шавҳари марҳумам мондаро диҳанд,- аз ҷой хеста гуфт ҷавонзани пироҳани сиёҳпӯш.

— Ту бо вай чанд сол зиндагӣ кардӣ?- луқма партофт ҷавобгар Волида Акбарова.

— Ҳамагӣ се соат, — ҷавоб дод Шаҳло.

— Хоҳишмандам, бе иҷозат сухан нагӯед, — болғаи чӯбинро ба рӯи миз зад судя.

— Як рӯз хизмати падарамро накарда, соҳиби манзил шудан мехоҳад, ин чӣ берӯгӣ, шарму ҳаё куҷо шуданд?- луқма партофт Акбарова.

— Илтимос, ба мурофиа халал нарасонед,- гуфт судя, ман ба шумо сухан медиҳам.

— Марги шавҳаратонро таҷзиягарон чӣ хел маънидод карданд?- пурсид судя.

— Ташхиси судию тиббӣ онро инфаркт-миокард маънидод кард, — ҷавоб дод зан.

— Чаро рӯзи тӯй ӯ гирифтори ин дард шудааст? — ба Шаҳло нигариста пурсид Абдулло Акбаров — ҷавобгари дуюм, писари марҳум.

— Инашро ман намедонам, он кас пештар ҳам ба инфаркт гирифтор шуда будаанд, — ҷавоб дод Шаҳло.

— Шумо пеш аз хонадор шудан инро медонистед?- пурсид судя.

— Не, хабар надоштам, — ҷавоб дод Шаҳло.

— Шинед, ба курсӣ, — ишорат намуд судя.

— Сухан ба ҷавобгар Абдулло Акбаров дода мешавад,- гуфт судя.

Марди тахмин сӣ — сиюпанҷсола аз ҷой хеста худро муаррифӣ намуда гуфт, ки писари Асадулло Акбаров мешавад.

— Шумо даъвои Шаҳло Обидоваро эътироф мекунед?

— Не, ман эътироф намекунам.

— Қисман ё пурра?- пурсид судя

— Пурра,- ҷавоб дод Абдулло. — Аз осмон фаромаду ба молу амволи  солҳо бо заҳмат ғундоштаамон муфт соҳиб шуданӣ, адолат куҷо шуд?

Ин қаллобӣ, мардумфиребӣ, бо роҳи ҳаром соҳиб шудан ба амволи шахси дигар мебошад. Ман аз суд хоҳиш менамоям, ки ба худи даъвогар, барои қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода шавад.

Шаҳло бо табассуми писхандомез ба нуқтае нигариста менишаст, вай ба гуфтаҳои писари ӯгай аҳамият намедод, гуфтанӣ буд, ки чӯҷаро дар тирамоҳ мешуморанд.

— Дигар чизе гуфтанӣ надоред? — пурсид судя.

— Не, — ҷавоб дод Акбаров.

Марҳамат шинед, — ба курсӣ ишорат намуд Боҳиров ва ба Волида нигариста афзуд. — Шумо даъвои Обидоваро эътироф мекунед?

— Не, пурра эътироф намекунам.

— Гуфтаатонро шарҳ диҳед.

— Чунин нафаронро «шикорчӣ» мегӯянд, аз ягон кунҷи дунё меоянду мардони пулдори соддаро ба домашон меафтонанд. Шаҳло аз чунин қабил аст, медонист, ки падарам бемор аст, умри дароз намебинад, найрангашро истифода бурда ба ӯ соҳиб мешавад. Мегӯяд, ки падарамро дӯст доштааст, вале ин чӣ муҳаббат аст, кадом хислатҳои марди аз худаш ду баробар калонро дӯст доштааст? Ба аблаҳи гузаро ҳам маълум аст, ки вай пулу чизи падарамро дӯст доштааст. Аз суд хоҳиш менамоям, ки даъвои Обидоваро ба инобат нагирифта, парвандаро қатъ намояд, то ки ин ба дигар «шикорчиён» дарси ибрат шавад.

Боз чанд нафар хешони Акбаровҳо ба минбар баромада, аз суд хоҳиш намуданд, ки даъвогарро ҷазо диҳад.

— Суд ба машварат меравад, — болғаро ба миз зада гуфт Боҳиров.

— Хоҳишмандам аз ҷой бархезед! — гуфт котиб.

Ҳозирон курсиҳоро тақар- туқуркунон аз ҷой хестанд, судя парвандаю болғаро гирифта аз толор баромад.

Тақрибан ним соат пас судя баргашт. Котиб ба ҳозирон гуфт:

— Бархезед, суд меояд!

Ҳозирон аз ҷой бархестанд. Судя чанд варақро гирифту қарори қабулкардаашро хонд. Гуфт, ки суд даъвои Обидоваро нисбати Акбаровҳо ҳаллу фасл карда, онро қаноатбахш намуд, зеро Асадулло Акбаров бо Шаҳло Обидова то вафоташ никоҳи қонунӣ дошт, аз ин рӯ даъвогар ҳуқуқи ба сеяки мероси шавҳараш соҳиб шуданро дорад. Тарафҳои ба қарори суд норизо, метавонанд дар муҳлати муайянкардаи қонун тавассути ин суд ба суди вилоят муроҷиат намоянд.

Судя парвандаю болғаашро гирифта аз минбар дур шуд.

 

Ромиши Фирдавс

Добавить комментарий