Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, ҳамин ҷонишини «мо»-ро аз забони касе шунавам, табъам чунон болида мешавад, ки дар тасвираш забон оҷиз мемонад. Сараввал, чанд воқеаҳоеро меорам, ки боиси меҳр пайдо карданам ба «мо» шуданд.

Вақте ки бо ҳамсабақонам масъалаи саёҳатро ба миён гузоштем, пас аз пурсидани сардори гуруҳ, ки «меравам ё не?», даррав ҷавоб додам, ки «як ман чӣ, мо ҳама меравем». Ҳамсабақам Ҷонона (ки ба сиҳат будан ё набуданаш ростӣ он қадар бовар надоштам ва надорам) яку якбора ба миёни гап лагад зад: «Ака, ту аз номи худат ҷавоб те, ба мора умуман кордор нашав, ок!?». Ғайр аз «ҳа, гапат рост, баъзеҳоро шояд волидон, кавалерҳояшон нагузоранд?» дигар чӣ ҳам мегуфтам? Якум маротиба ба «мо» дар ҳамин ҷо дил бастам.

Боре ҳангоми аз донишгоҳ ба хона омадан бо ҳамсояамон амаки Халил ва ҳамсарашон холаи Соро вохӯрдам. Амаки Халил қошу қавоқ гиронда буд. Аз як қавоқаш барфу аз қавоқи дигараш борон меборид. Пас аз пурсупос сабаб пурсидам. Сабаб ҳамон симкартаи сабил будааст, ки барои азнавбақайдгирии он бечораҳо расо ҳашт соат навбат истодаанд ва ду рӯз инҷониб.

– Расо ду рӯз шуд ба як по рост истодем,- бо алам ва ҷиддӣ ҷавоб доданд амаки Халил,- аз пушти симкартаи кампир.

Холаи Соро, ки зани мулоимтабиатанд (шояд барои ҳамин амаки Халил он касро бо меҳр мулоимхунук меноманд), оромона ҷавоб доданд:

– Симкартаи ман не, симкартаи мо. Як ман бо бачаҳову набераҳо гап намезанам-ку!

Ва давоми суханони холаро табассуми базеби ғолибона пурра кард.

Аввалаш Худову дуввумаш ҳамин қошу қавоқи амаки Халил диламро  ба «мо» гарм кард, чуноне ки ях будаму об шудам.

Бори сеюм латифаеро аз кадом газетае хонда будам, ки ба якборагӣ моили «мо» шудам. Мазмуни он чунин буд:

Мард, ки раиси корхонае буд аз кор баргашта, бо оҳу воҳ мегӯ:

– Ман дар корхона бо мушкилии бузурге рӯ ба рӯ шудам, сад афсӯс, ки ҳал карданаш ғайриимкон аст.

– Ҷонакам,- мегӯяд сари мардро силакунон занаш,- акнун ман неву мо.

– Ин тавр бошад, котибаи мо ҳомила шудааст, занак!,- тарсон-тарсон ҷавоб медиҳад мард.

Не, агар худатон бошед ба ҳамин ҷонишин ошиқ намешавед? Албатта, барои баъзеҳо аз силоҳу аслиҳа дида, ҳамин «мо» азизтару хубтар аст, азҷумла барои ман. Ё не? Мо ин кор мекунем, мо он кор мекунем, мо месозем (пасон маълум мешавад, ки як сохтани мо даҳ сӯхтани дигарро ба бор овардааст), баъдан мо мехӯрем, мо мепӯшем, мо менӯшем (ана ҳамин нӯшиданаш корро чатоқ мекунад) ва ғайраву ҳоказо. Пас аз ин чӣ гуна метавон «мо»-ро дӯст надошт? Охир, ҳамин «мо» аст, ки моро мехӯронад, мепӯшонад ва муҳофизатамон мекунад. Баъзеҳо мегӯянд, ки «моро гунаҳкор накунед, мо бегуноҳем!». Сад фоиз гапашон дуруст аст (ман тарафдори эшонам ва бетараф нестам, охир бетарафӣ бешарафист, вобаста ба вазъият албатта), ҳақиқати тоза аст. Охир, камтар инсоф ҳам даркор-ку! Дар рӯзи равшан гунаҳкор кардани «бегуноҳон» гуноҳест нобахшиданӣ. Эҳтиёт шудан даркор, эҳтиёт! Ҳар қадар «мо»-ро дӯст дорему дар ҳар як ҷумлаамон даҳ бор онро истифода кунем, корамон барор мегираду нонамонро ба равған тар карда мехӯрем. Ё не? Баъзеҳо «мо»-ро чунон ба забон меоранд, ки аз қанду асал дида ширинтар менамояд. Даҳони одам об мекушояд, лекин бо қанду асал гуфтан даҳон ширин намешавад-ку!

Аз ҳама чиз рӯй гардонем ҳам, аз «мо» набояд рӯй гардонем. «Мо»-ро дӯст доред, азизон! Морро не охир, «мо»-ро! О, мор газиданаш мумкин…

Ифтихор ЮСУФӢ

Добавить комментарий