Он метавонад солҳои сол ба раванди таълиму тарбия зарбаҳои ҳалокатовар занад

 

Ман ҳамчун як сокини ин марзу бум холисонаву беғаразона оид ба мушкилоте, ки дар аксар таълимгоҳҳо мавҷуд асту ислоҳи он ногузир, андешаҳои хешро баён кардаам. Яъне ман нисбати таълиму тарбияи насли наврас бетараф нестам ва бо байти шоир гуфтаниам:

Ҳар кӣ по каҷ мегузорад, хуни дил мо мехӯрем,

Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо.

 

Ҷустуҷӯ, дарёфт ва пешниҳод намудани роҳҳои нав ба наву бисёр муфиди усули таълиму тарбия дар шароити имрӯза, ки илму техника мунтазам дар рушду тараққӣ аст, масъулияти танҳо як кормандони соҳаи маориф нест. Зеро тавассути филмҳо, интернету шабакаҳои зудтаъсиррасони техникӣ мафкураи насли наврасро ба зудӣ заҳролуд намудани душманон аз эҳтимол дур нест. Бинобар ин, ҳар як фарди ҷомеа, хоса падару модарон барои пешравии таълиму тарбия бояд масъулият, дақиқназарӣ ва саъйю кӯшиши беандоза дошта бошанд.

Пешравии таълиму тарбия аз фаъолияти пурсамари роҳбарияти шуъбаи маориф, маъмурияти муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорону сардорони синф сахт вобастагӣ дорад. Раванди рушди соҳаи маориф ба қобилияту истеъдоди бузурги ташкилотчигии омӯзгорон, фидокору дилсӯзу дилсоф будани онҳо ва ба маҳорати баланди касбият доштани тарбиятгарон иртиботи ногусастанӣ дорад. Хушбахтона, дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо ҳазорҳо омӯзгороне ҳастанд, ки гумон мекунед, онҳо танҳо барои ҳамин касб ба дунё омадаанд. Ҳар як дарси онҳо мазмуни як китобро дорад. Хуш ба ҳоли он шогирдоне, ки аз чунин устодони арзанда сабақ мегиранд. Мутаассифона, дар қатори омӯзгорону мураббияҳои асил муаллимоне ҳам ҳастанд, ки ҳаёти талаба аз дасти онҳо ба бод меравад. Умри ширину даврони бебозгашти зиндагии кӯдак, ки худ ба ҳукми гул аст ва бехабар аз ноёб будани ҳар лаҳзаи умраш, ки бефоида, бесамар ва бематлаб мегузарад, гуноҳи нобахшиданист! Ин гуноҳи ҳам омӯзгори ноуҳдабаро, ҳам гуноҳи хонанда ва ҳам гуноҳи сахту бемасъулиятии волидайн аст! Он хонандаи муассиса вақте иштибоҳи хешро мефаҳмад, ки аллакай дер шудааст.

Мутаассифона, дар баъзе муассисаҳои таълимӣ роҳбарони ноуҳдабаро, дасту дили пок надошта, хешу таборпараст, пулдӯсту азхудрафта фаъолият доранд, ки ба пешравии кор на танҳо халал мерасонанд, балки латма ворид менамоянд. Барои баъзе сарварони муассисаҳо омӯзгорони пешқадам, уҳдабаро, вале ҳақгӯю ҳақпараст умуман даркор нест. Муаллиме бошад, ки танҳо синфашро идора карда тавонад, ба роҳбарияти мактаб гап нагардонад, шуд!

Бисёр омӯзгорони ҷавоне, ки дониши хуб, маҳорати баланди касбият доранду нав донишгоҳро хатм карда, ба кори муаллимӣ бо дасту дили гарм оғоз мекунанд, баъди чанд соли аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи Ҳукумат бархӯрдор нагаштан, аз мафияи дар мактаб буда дилхунук шуда, тарки вазифа менамоянд. Дар баробари ин, баъзе муаллимони ҷавоне ҳам ҳастанд, ки баъди хатми макотиби олӣ саводи казоӣ надоранд ва онҳоро дубора аз санҷишу озмун гузаронидан ба фоидаи кор аст. Муаллим будан, чароғи роҳнамои илму донишу адаб будан кори осон нест. Дар халқ мегӯянд, ки «кори ҳар буз нест хирман кӯфтан». Илми андӯхтаашро нигоҳ доштану онро пайваста сайқал додану насли наврасро аз он бархӯрдор кардан кори саҳл нест, сахт душвор аст! Пешаи омӯзгорӣ хеле боифтихор ва яке аз муқаддастарин ва беҳтарин пешаҳои дунёст. Вале, алҳазар аз нимчамуллою нимтабибу ниммутахассис!

Шеваи таъсиррасониро бояд дигар кард ва муассир гардонд. Агар омӯзгор, устод таваҷҷуҳи талабаро ба масоили бисёр муҳими миллату миллатдӯстӣ, илму донишу адаб, одаму одамгарӣ, инсондӯстию хештаншиносӣ ҷалб карда натавонад, баъзе ҷавонони сабукфикру аз донишҳои сиёсӣ мусаллаҳ нагардида ба гуруҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мегарданд, ки роҳи бозгашт надоранд ва оқибати кори онҳо фақат бо фоҷиа анҷом меёбад. Он ҷавони хомхаёлу беандеша вақте хатои хешро мефаҳмад, ки аллакай дер шудааст. Зеро мафкураи ӯро ба ҷои донишҳои зарурии ҳаётӣ хаёлҳои хому фантастикӣ ишғол кардаанд.

Оре, андешаи нодуруст касро ба роҳи нодуруст мебарад. Бинобар ин, ҳар кас бояд дилу ният, азму ғайраташро нек гардонад. Дасту дили пок нияту орзуи хуб ва ба оянда хушбин будан касро ба қуллаҳои баланд мерасонад ва ҳарду дунёяш обод мешавад. Мардум мегӯянд: «Ҳар кас аз дилу нияташ меёбад». Дар ин ҷо иродаи мустаҳкам доштан шарт аст. Ҳатто дар ботини ҳар шахс қувваҳое ҳастанд, ки касро ба самтҳои гуногун мекашанд. Шоир мегӯяд:

Дар миёни чор дарё тахтабандам кардаӣ,

Боз мегӯӣ, ки доман тар макун, ҳушёр бош!

Моҳияти мактабу маориф, таълиму тарбияро ба волидайн чунон фаҳмонида тавонистан даркор, ки мардум нисбати мактаб на нафрат, балки муҳаббат дошта бошанд. Вақте ки падару модаронро ба маҷлиси синфӣ ё умумимактабӣ хабар мекунанд, баъзеҳо дар роҳ дилхунукона мегӯянд: «Э, чӣ мегӯянд, боз маблағ будагист-да».

Алҳол сокинони сайёра дар шароити ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) қарор доранд. Ин раванд чун дарёи дамон фарҳангҳои хурду беҳимояро ба коми худ мекашад. Аз ин раванд миллате анъанаҳои неки ниёгон, фарҳангу тамаддуни хешро эмин нигоҳ дошта метавонад, ки ба гузаштаи миллати хеш арҷ гузорад, фарҳанги аҷдодиро дӯст дорад ва дар сурати зарурият мероси бузурги ниёгонашро аз коми фано наҷот дода тавонад. Хушбахтона, миллати тамаддунсозу тамаддунофари тоҷик аслан рисолати таърихии худро дар тӯли дарозои таърих барои ҷаҳониён бо китобхонию китобнависию китобдорӣ, кашфиётҳои илмӣ, ривоҷу равнақ додани соҳаи кишоварзӣ ва ба арсаи тамаддуни ҷаҳон баровардани олимону шоирони номдор бо муваффақият иҷро карда тавонист. Ин миллати фарҳангиро мебояд дар замони имрӯза бо таҳким бахшидани ҳуввияти миллӣ, бедорию зиракии сиёсӣ тамаддуни хешро аз таҳоҷуми бегонагон ҳимоя намояд ва дар рушду густариши анъанаҳои ниёгон, ки барои ҳар сокини Тоҷикистон қарзи имонию виҷдонию инсонист, саҳми босазои хешро гузорад.

Суоли мо оид ба чанд адад филмҳои таълимӣ тамошо кардани мактаббачагон, ки ба чанд нафар хонанда матраҳ гардид, ҷавоби мусбат дарёфт накард. Вақте кӯдакону наврасон филмҳои таълимию тарбиявӣ тамошо намекунанд, рӯ меоранд ба тамошои силсилафилмҳои туркӣ, русӣ ва англисӣ, ки баъзеаш хусусияти зӯроварӣ дорад. Аз чанд мағозаи дискфурӯшӣ филмҳои тарбиявиро пурсон шудем, ҷавоби манфӣ дарёфт кардем. Ба фикрам дар баъзе мағозаҳои дискфурӯшӣ ғайр аз дискҳои истеҳсоли «Тоҷикфилм» дискҳои истеҳсоли тамоми давлатҳои дунёро дарёфт кардан мумкин аст.

Дар робита ба ин ва чанд мушкилоти дигар якчанд пешниҳод дорам, ки манзуратон мегардад.

Роҳбарони шуъбаҳои маориф, маъмурияти муассисаҳои таълимӣ бояд ба тамошои филмҳои таълимӣ низ эътбори ҷиддӣ диҳанд.

Хушбахтона, чанд сол боз ротатсия — ҷойивазкунии сарварони муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шуд, ки кори хуб аст. Дар баробари ротатсияи сарварони мактабҳо ротатсияи омӯзгорон ҳам дар чор-панҷ сол бояд баргузор шавад. Зеро як мафияе, ки дар як мактаб шакл мегирад, солҳои сол ба раванди таълиму тарбия зарбаҳои ҳалокатовар мезанад. Дар ин бора дар китоби «Нишони зиндагӣ»-и устод Кароматулло Мирзоев муфассал инъикос ёфтааст.

Шояд баъзе муаллимоне, ки солҳои сол дар як муассиса кору фаъолият доранд, одат кардаанд, кор дар дигар муассиса хуш наояд. Лекин ин сабаб шуда наметавонад. Омӯзгор ҳамчун сарбоз аст. Сарбози давлату миллат. Аз амри давлату миллат бояд сар напечад. Шукри Худо, роҳҳо хубу нақлиёт дастрас аст. Солҳои қаблӣ ҳазорҳо муаллимон аз роҳҳои дур дар гармою сармо пои пиёда ба деҳаҳои дигар, ҳатто куҳистонҳо рафта дарс медоданд. Ҳатто омӯзгорон аз шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Конибодом, Панҷакенту Қаротоғу Ҳисор ба деҳаҳои дурдаст рафта, ба таълиму тарбияи насли наврас сидқан машғул мешуданд. Мардум хизмати бузурги омӯзгоронро ҳамчун равшанидиҳандаи роҳи маърифат, чун қулфкушои дари илму донишу адаб фаромӯш намекунанд. Худованд руҳи онҳоро шод ва ҷои онҳоро ҷаннат гардонад.

Ҳар омӯзгор дар муассисаи таълимӣ бояд дар шакли озмун ба кор ҷалб карда шавад.

Дар муассисаи таълимие, ки дар шиору овезаҳояш хатоҳои дағал роҳ ёфтаанд, директори муассисаро ҳатман муҷозот намоянд, то аз вазифааш хориҷ кардан. Зеро дар аксар муассисаҳо иштибоҳҳое ҷой доранд, ки гуноҳи нобахшиданист. Хонанда нисбати сухани чопӣ арҷ мегузорад ва он навиштаи пурғалат дар хотирааш нақши абад меёбад.

Ҳар хонанда вазифадор аст, ки дар як моҳ ақаллан се-чор китоби бадеӣ хонад ва мазмуни он аз ҷониби комиссияи мубаллиғони китоб санҷида шавад.

Ҳар омӯзгор низ вазифадор аст, ки дар як моҳ чор-панҷ китоби бадеӣ хонад, ғайр аз мутолиаи матбуоти даврӣ ва шунидани ахбори ҳамарӯзаи радио ва телевизион. Ин сухан бояд шиори ҳар омӯзгор бошад: «Муаллим то он даме, ки зинда аст, меомӯзад, ҳамин ки аз омӯхтан даст кашид, хислатҳои омӯзгорӣ дар вай мемирад». Ва ё агар соддатар карда гӯем, «агар муаллим як лаҳза аз омӯхтан боз истад, ҳамчун омӯзгор мемирад».

Нақш ва фаъолияти ассотсиатсияи падару модаронро ҳамаҷониба баланд бардоштан талаботи рӯзмарраи замон аст. Падару модарон бояд ақаллан дар ду моҳ як маротиба дар дарсҳои фарзандонашон ширкат дошта бошанд. Ин масъулияти омӯзгор ва хонандаро боз ҳам баланд менамояд.

Вобаста ба тақозои замон ва вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир нақши ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявиро баланд бардоштан беш аз ҳар вақти дигар зарур аст. Дар ин вазифа шахсияте (на шахс) лозим аст, ки қобилияти бузурги ташкилотчигӣ дошта бошад ва корҳои фаҳмондадиҳиро дуруст ба роҳ монда тавонад, бо волидайн робитаи мустаҳкаму доимӣ дошта бошад.

Ҳар кӯдак дар оила, мактаб ва ҷомеа тарбия меёбад. Як оилаи носолим, беодоб ва бетарбия зарараш ба чандин оилаҳои дигар мерасад. Алҳол як қисми мардум нисбати тарбияи насли наврас мавқеи бетарафиро интихоб мекунанд, ки ғалат аст. Бояд ҳамагон нисбати тарбияи насли наврас бетараф набошанд.

Чӣ ҷои пинҳон кардан, ки дар аксар муассисаҳои таълимӣ ба хотири таъмиру дигар корҳо ҷамъоварии маблағ мутамарказ нест. Яъне мақсаднок сарф шудани маблағро назорат намекунанд. Дар ин амали коррупсионӣ ҳам шахсони пулгиранда ва ҳам шахсони пулдиҳанда баробар гунаҳгоранд. Бояд як комиссияи бонуфуз аз натиҷаи маблағҳои ҷамъшуда, мақсаднок ё ғайримақсаднок сарф шудани он дар маҷлиси умумии падару модарон ҳисобот диҳад.

Иҷрои барномаҳои давлатӣ бояд таҳти назорати доимӣ бошад. Аз ҷумла, баъзе муассисаҳо нақшаи компютеркунониро пурра иҷро кардаанд, вале дар муассисаашон компютери коршоям ками андар кам аст.

Силсилавохӯриҳоро дар муассисаҳои таълимӣ бо пешқадамони истеҳсолот, собиқадорони ҷангу меҳнат, адибону ашхоси пешқадами ҷомеа мунтазам доир кардан аз аҳамият холӣ нест.

Ҷидду ҷаҳдро ба он равона кардан зарур аст, ки дар муассисаҳои таълимӣ ҷамъоварии маблағҳои бамавриду бемаврид ҳарчӣ камтар шавад.

Беш аз ҳар вақти дигар ба тарбияи экологии насли наврас диққат додан талаби замон аст. Зеро аҳолӣ босуръат меафзояд, иқлим тағйир меёбад, маърифати экологии баъзе аз қишри ҷомеа ба дараҷаи даркорӣ нест.

Алҳол Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор мегузорад. Кишвари мо дар баробари таъмиру таҷдиди роҳҳои нави замонавӣ, бунёди нерӯгоҳҳои барқии обӣ, кушодани нақбҳои афсонавӣ, бунёди садҳо корхонаву биноҳои хуштарҳи замонавӣ ба сохтмони муассисаҳои таълимӣ низ диққати аввалиндараҷа медиҳад. Танҳо дар даврони Истиқлолият бо ибтикори Президенти маҳбуби мо беш аз 2500 адад биноҳои муассисаҳои нави таълимӣ сохта шуд. Сиёсати бунёдкоронаву маърифатпарваронаи Пешвои миллат имкон дод, ки садҳо соҳибкорони саховатпеша дар бунёди синфхонаҳои иловагӣ, муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳо саҳми арзанда гузоранд. Бисёр соҳибкорони саховатпеша ҳамчун пайравони Пешвои миллат барои шароити мусоид пайдо кардани аҳли маориф саҳми арзанда гузоштаанду мегузоранд. Бинобар ин, ба таълиму тарбияи насли наврас диққати аввалиндараҷа додан барои ҳар шаҳрванд ҳам қарз асту ҳам фарз!

Эълон гардидани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» аз ҷониби Пешвои миллат беҳтарин тадбир баҳри рафъи буҳрони маънавӣ ва бозгашти ҷиддӣ ба самти китобхониву китобдӯстиву китобдорӣ хоҳад гашт.

Вақти он расидааст, ки ба ҷои суоли «Шумо аз куҷо ҳастед?» саволи «Ҳоло Шумо кадом китобро хонда истодаед?» матраҳ гардад.

 

Ҳотам РАБИЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here