Нимаи дуюми солҳои ҳаштоди садаи гузашта буд. Ман дар синфи шаш мехондам. Рӯзе муаллимамон аз фанни забон ва адабиёт моро вазифадор намуданд, ки шеър ё ҳикоя нависем. Ман баъди дарс либосамро иваз намудаму ба назди падарам рафтам. Нигоҳубини раммаро ба зимма гирифтам ва падарамро ҷавоб додам. Баъд барои эҷоди шеър ба андеша рафтам. То бегоҳ шеъраке дар васфи табиат пайдо шуд. Аз хурсандӣ бегоҳ дар назди аҳли хонавода хондам. Ҳама хурсанд шуданд. Баъд падарам гуфтанд: «Дар бораи ман ҳам шеъраке бинавис!». Ман ба фикр фурӯ рафтам. Баъди чанде чунин сатрҳо пайдо гаштанд:

Падари ман чӯпон аст,

Гирифта таёқ ба даст.

Сагаш ба ақиби вай

Бисёр роҳ мекунад тай.

Вай мебарад рамаро

Мечаронад дар саҳро,

Рамаҳояш, ки сер шуд,

Дар хона қурача буд,

Рамаҳоро андохта,

Дарашро руст менамуд.

Ин чакидаро низ дар назди аҳли хонавода хондам. Писандашон афтид. Дертар бе маслиҳати ҳеч кас, бо умеди шуҳрат пайдо намудан, онро ба рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳозира «Анбоз») фиристодам. Баъди чанде номи маро дар саҳифаи «Ғунча», ки шеър ва ҳикояҳои навқаламон хулоса мешуд, дар қатори камҳунарон ҷо додаанд. Дертар пай бурдам, ки дар чакидаи ман ҳиҷоҳо дуруст, қофияҳо баҷо, аммо нақл хушку холӣ буд. Дар он мушоҳидаи муаллиф, ки дили хонандаро ба ҷумбиш биоварад, дида намешуд. Баъд кам-кам ба омӯхтани назарияи шеър пардохтам. Дертар шеъри тозаамро рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» бори аввал чоп кард ва дар ҷодаи шеъру шоирӣ роҳи маро кушод. Бовар дорам, аксари адибони барҷастаи мо низ аз чунин кӯча гузаштаанд.

Баъди истиқлолият шумораи маҷалла ва рӯзномаҳои хусусӣ барои кӯдакон зиёд гаштаанд. Вазъияти «Пионери Тоҷикистон» (ҳозира «Анбоз»), «Чашма» ва «Машъал» (ҳозира «Истиқбол») чандон хуб нест. Ду номгӯи аввалӣ дар як моҳ як бор ва номгӯи баъдӣ дар се-чор моҳ як бор чоп мешаванд. Хулосаи шеърҳои кӯдакон дар онҳо дида намешавад. Баъзан дар онҳо шеърҳои суст роҳ меёбанд. Маҷалла ва рӯзномаҳои хусусӣ бошанд, бештар ба хотири тиҷорат маълумотро аз интернет мегиранд. Ба завқи кӯдак чандон таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Ба адибони тоҷик, ки навиштаҳояшон кӯдаконро ба худшиносӣ ҳидоят мекунад, ба хотири насупоридани ҳаққи қалам кам муроҷиат мекунанд.

Бояд як чизро зикр кард, дар майнаи ҷавони ноогоҳ наметавон дар як лаҳза ҳушёриро ҷо намуд. Онҳоро бояд дар замони тифлӣ тарбия кард ва ба чунин роҳ ҳидоят намуд.

Дар кишвари Ҷопон ба таълим ва тарбияи кӯдак диққати махсус медиҳанд. Онҳо то сесолагӣ тифлро ба ҳолати худаш мегузоранд, ки ҳарчӣ дилаш мехоҳад, иҷро мекунад. Падару модарон намегӯянд: чой гарм аст, дастат месӯзад, яхмос хунук аст, зуком мешавӣ. То сесолагӣ хислати кӯдак шакл мегирад. Дар онҳо бештар хислатҳои озодипарастӣ, масъулиятшиносӣ, ҷасорат ва боварӣ бар худ инкишоф меёбад. Баъди сесолагӣ падару модарон ба таълим ва тарбияи фарзандашон мепардозанд.

Баъзеҳо гумон мекунанд, ки афсона, ҳикоя ва шеър бештар завқи бадеии кӯдакро инкишоф медиҳад. Ва гумони дуруст мекунанд. Аммо бо воситаи шеър, афсона ва ҳикоя метавон завқи кӯдакро низ ба физика, ҳисоб, химия… зиёд гардонд. Барои тақвияти фикр мехоҳам як мисол биоварам. Нависандаи рус Оксана Астретсова «Фили доно» ном ҳикояи хурдакаке дорад. Ман ин ҷо ҳикояро мазмунан меорам: Фил ба хонаи Зарофа меҳмон шудан мехоҳад. Вай телфон мекунад ва мегӯяд, ки мошини калоне фиристонанд. Мошин меояд ва шофир мегӯяд: дар мошини ман фақат як пои фил меғунҷад. Фил, ки доно буд ва ҳисобро хуб медонист, боз се мошини дигар таъин мекунад. Се мошини дигар ҳозир мешавад. Фил чор пояшро ба чор мошин бор карда, ба меҳмонӣ меравад.

Аз ин навишта бармеояд, ки муаллифи ҳикоя қобилияти дарк намудани хислати кӯдакро доштааст. Ӯ медонад, ки кӯдакон афсонаро дӯст медоранд. Бо офаридани образҳои фил ва зарофа мехоҳад дар мағзи сари кӯдаки сесола шумурдани ададро ҷо бидиҳад.

Дар охир мехоҳам як андешаро иброз бидорам. Агар хоҳем, ки кӯдаконамон худшинос, ҳушёр ва ҷасур ба воя бирасанд, мо бояд онҳоро дар замони тифлӣ тарбия намоем. Дар қатори дигар омил дар ин ҷода маҷалла ва рӯзномаҳои кӯдакона низ ба мо кӯмак хоҳанд расонд.

 

Ҳамроҳи АВЛИЁПУР

Добавить комментарий