Бобои Юсуф табиатан марди шух буда, ҳар як маъракаро бо нақлҳои шавқовар ба гуфти дӯсти давраи ҷавониаш амаки Ғулом «обод» мекунад.

Боре аз ӯ пурсидам:

– Бобои Юсуф, ин қадар нақлу саргузаштҳои аҷоибро аз куҷо медонед?

– Ман, ҷони бобош, як ҳаёт мусофиркаш будам. Замоне, ки мо ронанда будем, аз ҳисоби тоҷикон кам буданду аксарияташонро миллати осетинҳо ташкил медод. Як ҳаёт дар роҳ будаму бо ҳазорҳо одамон ҳамсуҳбат шуда, қариб тамоми ноҳияҳои ҷумҳуриамонро гаштам. Чанде пеш бо як дӯсти қадрдонам, ки солҳои дароз дар тарабхонае ба фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ машғул буду имрӯзҳо имомхатиби масҷид аст, вохӯрдам. Аз ӯ шӯхиомез пурсидам:

– Дар вақташ майфурӯшӣ мекардиву акнун гуноҳҳоятро мешӯӣ? Табассуме карду чунин гуфт:

– Хайр, чӣ кор мекардем? Зиндагӣ ҳаминро талаб мекард, бачаю качаро хӯрондану пӯшондан даркор буд. Гуфтагӣ барин, ман барои фурӯхтани нӯшокиҳо гунаҳгор нестам. Медонед барои чӣ?

– Не. Барои чӣ?

– Барои он ки ман ба ҳар шишаи арақ об мерехтам, то ин ки одамон маст нашуда, гунаҳгор нашавам.

Ба ҳамин мазмун собиқ ҳамкорам Андрей, ки солҳои дароз ҳамроҳи ман ронанда шуда кор мекард, баъди 23-сол аз шаҳри Тула ба хабаргирии ман омад. Вақте ки аз фарзандаш Барис, ки дар мактаб забони немисиро нағз омӯхта буд, пурсидам, гуфт:

– Дар як тарабхона ба фурӯхтани нӯшокиҳои спиртӣ машғул буд. Баъдтар бо маслиҳати як рафиқаш давлати Германия (Олмон) рафт. Ба миёнаравии ҳамин дӯстонаш дар тарабхона ба ҳайси фурӯшанда кор кард. Баъди чанд муддати кор кардан ба соҳиби тарабхона маблағи зиёде пешниҳод мекунад. Соҳиби тарабхона маблағи зиёдро дида, аз ӯ мепурсад:

– Ин аз ҳисоби куҷо оварда шуд?

– Аз ҳисоби 100-грамӣ то 10-15-грамӣ кам карда фурӯхтам ва фоидаашро хостам байни худ тақсим кунем.

– Маблағи фоидаатро ба худат гиру аз имрӯз эътиборан аз кор озод,- гуфтааст роҳбараш.

Медонед барои чӣ? “Дар мо фиребу ҳаромхӯрӣ вуҷуд надорад. Агар ин коратонро давом медодеду мизоҷон огоҳӣ меёфтанд, тарки тарабхонаи ман мекарданд” гуфтааст.

Баъди ин бозгашта ба хонаамон омада, аз рӯи касби ман, яъне мусофиркаш шуда кор карда истодааст.

Ин гуфтаҳои бобои Юсуф мақсади ситоиши майгусорӣ набуда, балки зери он ҳикмате нуҳуфтааст, ки хонандаи закӣ кайҳо пайхас намудааст.

Дар ноҳияи Муъминобод дӯсти давраи донишҷӯиям чандин сол боз ба парвариши замбӯри асал машғул аст. Мувофиқи шартнома дӯстам бо ҳамроҳии чанд тан аз ҳамсояҳояшон асалҳои омодакардаи худро ба давлати Чехословакия содирот менамуданд. Худи ӯ воқеаи аз сар гузаронидаашро чунин шарҳ дод:

– Бори охирин мо асалҳоямонро ба онҷо фиристодем. Мувофиқи шартнома баъди бурдани он маблағҳои боқимондаро баъдан равон мекарданд. Дар ҳамин асно табаддулоте ба амал омаду давлати Чехословакия ба ду қисмат – Чех ва Словакия ҷудо шуд. Умедамонро тамоман аз он маблағи боқимонда кандем. Аз байн ду сол гузашту аз давлати Словакия рӯзе ба суроғаам барқия омад. Мазмунаш чунин буд: «Барои сари вақт насупоридани маблағ аз шумо узр мехоҳем. Мо ба шумо ба ғайр аз маблағи боқимонда боз барои зарари маънавӣ расониданамон ҳамчун ҷуброн маблағҳои иловагӣ равон намудем». Дар кӯчае, ки зиндагӣ мекунем, собиқ шуъбаи пиллақабулкунии ноҳия вуҷуд дошт. Мувофиқи шартнома ҳамаи он ашёи хомро тоҷирони ветнамӣ харидорӣ намуданд. Соли аввал онҳо ба кормандони шуъба чунин гуфтанд:

– Шумо мардуми мусулмонед. Мо ба шумо боварӣ дорем, аз ин рӯ, худатон аз рӯи инсоф пилларо дар тарозу кашида, ба мошин бор кунед. Соли дуюм вақте ки онҳо омаданд, бо таассуф чунин гуфтанд:

– Мо ба шумо бовар кардем, вале шумо моро фиреб додед. Қариб аз ҳар як мошин 100-150 кг кам омад. Ин дафъа мо худамон пилларо дар тарозу бармекашем.

Имрӯзҳо тоҷирони мо нарху навои маҳсулоташонро ба таври сунъӣ боло мебардоранд. Дар моҳи шарифи Рамазон фурӯшандагон ба шир об омехта мекунанд, равғанфурӯшон равғани навъи арзонро бо арзиши баланд, қасам болои қасам хӯрда, ба харидорон мефурӯшанд. Дар мағозаҳо қисман маҳсулоти муҳлатгузаштаро мефурӯшанд. Бо фиребу найранг ҳақи якдигарро мехӯранд. Барои ба даст овардани манфиат чӣ корҳое намекунанд. Пас кадоме аз моён боинсофтарем: масеҳиён ё мусулмонон? Мунтазири андешаҳои шумоем.

Рӯзимади ТОҲИР

Добавить комментарий