Ашхоси дорои маъюбият узви ҷудонашавандаи ҷомеаи шаҳрвандии мо маҳсуб меёбанд. Албатта, ҳеҷ як нафаре намехоҳад, ки дорои нуқс бошад. Ё модаре асло орзуи доштани фарзанди маъюбро намекунад, вале вуҷуди онҳо низ дар ҳаёт барои мо чун обу ҳаво зарур аст.

Волидон ҳар як фарзанди худро баробари ҷон азиз медонанд ва кӯшиш менамоянд, ки кӯдакони накӯ ба камол расонанд. Бо ин мақсад ҳама талошҳояшонро дар ҳамин ҷода равона месозанд.

Бояд гуфт, ки тарбия ва таълими кӯдакони дорои маъюбият як андоза нозуктар аст, зеро ба онҳо омӯзонидани мустақилият зарур меояд. Мутаассифона, дар ҷомеаи мо барои кӯдакони дорои маъюбият чунин фазо мавҷуд нест. Яъне онҳо чун дигарон зиндагӣ карда наметавонанд (ҳатто агар хоҳанд ҳам), чунки волидон сайъ месозанд, то онҳо пойбанди нафаре бошанд. Хусусан, модар ба кӯдаки дорои маъюбият бештар таваҷҷуҳ намуда, ӯро нозук ба камол мерасонад. Чунин тарзи камолот мустақилиятро дар ниҳоди кӯдак маҳв месозад ва ӯ андеша менамояд, ки то охири умр ҳамин гуна бояд буд.

Тасаввур кунед, ки дар муҳити оила агар 5 кӯдак бошаду яке аз онҳо дорои маъюбият, кулли аъзои оила диққати худро ба ӯ равона месозанду пайваста ғамхориаш мекунанд: либосашро мепӯшонанду хӯрокашро мехӯронанд, барояш беҳтарин бозичаҳоро мехаранд, зуд-зуд ҳадя дода меистанд. Иҷрои ин амалҳо албатта ба кӯдаки дорои маъюбият писанд меафтад ва ӯ ба ғамхории доимӣ одат мекунад. Вақте ба воя мерасаду аллакай миёни ҷомеа роҳ мегирад, аксаран зуд дилшикаста мешавад. Чаро? Чунки вуҷуди кӯдак нозук парвариш ёфтааст ва ҳамеша меҳрубонӣ дида, ба ин ҳатто одат карда мондааст ва агар ягон нафар носазояш гӯяд, ё ба ӯ эътибор надиҳаду эркагиашро набардорад, дарҳол худро нодаркор ба ҳама эҳсос мекунад. Инро таҷриба собит намудааст.

Омили дигаре, ки боиси дилсардии афроди дорои маъюбият мегардад, ин батаваҷҷуҳии аҳли ҷомеа нисбати онҳост. Чуноне ки болотар зикр намудем, маъюбон ғамхорӣ дида, аз ҳама меҳрубонӣ мехоҳанд, аммо на ҳама онҳоро навозиш карда метавонад. Равшантар гӯем, дар ҷомеаи имрӯзаи мо қариб мӯд шудааст ба ашхоси дорои маъюбият пул додан. Ин ғамхорӣ 2 паҳлу дорад: яке эҳсоси шафқат ва дуюмӣ алорағми он. Аз ин амал маъюб албатта шод мешавад ва дарк мекунад, ки ӯ низ дар ҷомеа соҳибмавқеъ аст. Аммо аз назари дигар ин амал ӯро одат мекунонад ва агар нафареро дучор ояд, ки барояш пуле надиҳад, дарҳол андешаҳояш тағйир меёбанд. Афсӯс, ки дар ҳоли ҳозир баъзе падару модарон чунин кӯдаконро ҳамчун воситаи пулкоркунӣ истифода мебаранд, ки ин комилан хатост! Чун, амиқтар назар кунем, мебинем, ки аз ин боис онҳо муфтхӯр мешаванд ва дигар ҳавсалаи корро аз даст медиҳанд. Пас, биёед барояшон манбаи дигари даромадро ҷӯем.

Мушкили дигаре, ки воқеан ҳам хеле нигаронкунанда аст, дар ин самт набудани муассисаҳои махсус, чун боғча, мактаб, мактабҳои бачагона ва монанд ба инҳост, ки танҳо ба таълиму тадрси кӯдакони дорои маъюбият дар шакли рӯзона машғул бошанд. Чунки мактаб-интернатҳо низ наметавонанд ҳама кӯдаконро яку якбора фаро гиранду ба муассисаҳои ҳамагонӣ ва литсею гимназияҳо роҳ намеёбанд (афсӯс, ки ҳарчанд мехоҳем онҳо доимо бо ҷомеа бошанд, аммо ҷомеаи мо инро қабул надорад). Пас, мактабҳои махсус лозиманд, аммо на ба шакли шабонарӯзӣ. Дар ин ҳолат робитаи байни кӯдаку оила канда мешавад ва дар натиҷа дилсардиеро миёни аҳли хонавода ва кӯдаки дорои маъюбӣ ба вуҷуд меорад. Аммо дар ҳолати рӯзона кӯдаки дорои маъюбият метавонад саҳар чун дигарон дарс хонад ва боқимонда вақт дар муҳити оилавӣ камол ёбад. Ин пешниҳодест ба ниҳодҳои фаъолиятварз дар ин ҷода.

Ҷомеаи шаҳрвандии мо имрӯз сари он меандешад, ки барои кӯдакони дорои маъюбият ихтисосҳои вижа ҳастанд, чун чеварӣ, таббохӣ, кандакорӣ, пояфзолдӯзӣ ва монанди инҳо, ки ниҳоят осон маҳсуб меёбанд ва боиси ташвишҳои барзиёди ин қишр намешаванд. Фурсати он даррасидааст, ки мо бояд барои маъюбон пешаҳои навро пешниҳод кунем: устод, табиб, ҳуқуқшинос, рӯзноманигор, санъаткор ва зиёданд касбҳо. Аз онҳо метавон беҳтарин рӯзноманигор сохт ё беҳтарин табиб, ки ҳатто ашхоси солим он гуна натавонанд буд. Пас, чаро қолабӣ бояд бошем? Барои таҷриба биёед як замон қолабшиканӣ намоему бинем, ки чӣ суде мебардорем? Ва ҳамзамон муҳити оилаву шароити камолашро иваз созем. Ӯро водор намоем, ки корҳои мушкилро худаш уҳда кунад, то дар оянда гирифтори уқубат нашавад. Сатҳашро баробар ба дигар фарзандон донем ва барояш ҷойгоҳи махсус надиҳем, то ки эрка бузург нашавад. Худаш бояд василаи даромад пайдо кунад. Нигаронӣ ва эҳтиёҷоташро чун шахси комил бартараф созад. Сипас, соҳибмавқеъ дар ҷомеа мешавад.

Пас, биёед аз баҳри эркагӣ ва муфтхӯрии кӯдакони дорои маъюбиамон мегузарему барояшон зиндагии оддиро тавсия медиҳем.

Воқеан, мо метавонем ҳам кӯдак ва ҳам ҷомеаро тағйир диҳем.

Мирсаид САТТОРИЁН

Добавить комментарий