Аҷоиб мардуманд гулободиҳо. Чизи дар таги биниашон бударо надида, барои ҷустуҷӯйи он, ба гуфти кампири Гулбибӣ, «кафшҳояшонро ғалбер кардаву асояшонро сӯзан», ба паси ким-кадом куҳи Қоф мераванд. Дар он ҷо ки наёфтанд, ана Худо дод гуфтан гиред, занҳои лаби оби Гулободро. Ҳангоме мардҳояшонро бе табъи хуш диданд, дарҳол байти машҳури «Ёр дар хонаву мо гирди ҷаҳон мегардем»-ро қасдан дар хондан мешаванд.

Агар ҳаводиси охири Гулободу замзамаи занҳои лаби обро таҳлил намоем, дар ҳақиқат як муаммоеро мемонад, ки имрӯзҳо пиру барно, зану мард, бачу качи Гулободӣ чун шоҳмотбозҳое, ки болои як гашт ҳафтаҳо фикр мекунанд, чандинсолаҳо дар ҷустуҷӯяш ҳастанд.

Вале Гулободро ҳамеша бо «знаток»-ҳои машҳураш (шояд ҳамон хушхӯракҳои «Донояк»-ро бисёр хӯрда бошанд) — кампири Гулбибиву бобои Гулбиддин мешиносанду ҳатто аз дигар манотиқ барои муаммоеро ҳал намудан ё ҷавобе ба саволҳои муҷмали хеш дарёфтан ба назди ин ду пири хирад меоянд. Беҳуда нагуфтаанд, ки «назди табиб марав, назди корафтода рав». Зеро, ба қавли эшон, «ҳақиқат зодаи баҳс аст» ва ҳамеша мушкилкушои кулли муаммоҳост. Маҳз ана ҳамин баҳси бобои Гулбиддину кампири Гулбибӣ солиёни зиёд мушкилкушои ҳам халқи оддӣ ва ҳам мансабмардони Гулобод гаштааст ва муаммои охири Гулобод, ки баландшавии нарх, махсусан нархи гӯшт ва он ҳам дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ҳамаро безобита кардаасту лекин ягон аксуламале аз ҷониби давлатмардони Гулобод роҳандозӣ намешавад, хеле нигарон сохтааст. Эшон ин масъалаи баландшавии нархро борҳо гуфтаанду мегӯянд, лек гӯши насиҳату маслиҳатшунаве дар Гулобод нест, ки нест.

Бобои Гулбиддин бо кампири баҳсдӯсташ ин маротиба низ худро дар канори мардуми оддии Гулобод гирифтанду аз нуқтаи назари ин табақаи ҷомеаи Гулобод баҳсашонро ба миён гузоштанд. Зеро бо ин халқи бузургу соҳибтамаддуну соҳибфарҳангу қадимиву боз чандин соҳибҳои дигар зиндагӣ карда истода, нону намаки ҳамдигар чашида, шарики ғаму шодии якдигар буда, аз мушкилоти ин халқ берун буданро ба худ эб надиданду виҷдонашон қабул накард.

Зимни тадқиқоти маркази стратегии оилаи тифоқи бо андешаҳои тозаву обнорасида ва воқеӣ яроқноки бобои Гулбиддину кампири Гулбибӣ ва кӯмаки мушовирон — занҳои лаби об муайян ва муқаррар карда тавонистанд, ки сабабгори баландшавии нарх дар Гулобод шахсони алоҳида ё туҷҷору фурӯшандаҳои ба қавли баъзеҳо «беинсоф» набуда, балки дуртар будаасту «айби ошу мошро » дар дигар ҷой меҷустаанд, ки ҳайати мушовара хушбахтона, дуруст хулосабарорӣ ва баҳогузорӣ намуданд.

Сараввал, чун ҳамешагӣ кампири Гулбибӣ суханро ғоз надода, омирона бо далелҳои мушаххас дар як сол чанд маротиба ва дар кадом лаҳза баланд шудани нархро гӯё исбот намуд. Зимни баён ӯ қайд намуд, ки дар як сол панҷ маротиба дар Гулобод нарх бе риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ — кор дар шароити баландӣ ба осмон дакка мехӯраду баъдан, дигар нияти фаромадан ҳам намекунад. Ин ҳам бошад, оғози ҳар соли нави мелодӣ, баъдан, идҳои мазҳабӣ — Рамазон ва Қурбон, барои мактаббача харидорӣ намудани лавозимоти хонишу либоси мактабӣ ва панҷум, ҳангоме ки эълони баландшавии маош дар моҳи декабр нашр мегардаду пардохт аз сентябр ба роҳ монда мешавад, баландшавии нарх мувофиқи шкалаи баландшавии маош ба роҳ монда мешавад, ки арифметикаи оддист.

Бобои Гулбиддин чун ҳарвақта гӯшу ҳуш ба даҳони кампири Гулбибӣ шуда, хеле сукут карду сипас, бо нӯшидани қаймоқчойи кампири Гулбибӣ фарзияи хешро пеш овард. Лекин аввал аз кампираш танқид намуд, ки вақти баландшавии нархро медонаду халос. Бояд омилҳо ва роҳи ҳаллашро низ баён намояд, дар акси ҳол камбудиро ҳама гуфта метавонанд. Ин танқид албатта, ба кампири Гулбибӣ писанд набуд, лекин чӣ илоҷ, камбудиашро бояд иқрор шавад. Кампир бо қошу қавоқи овезон ду чашм ба даҳони бобои Гулбиддин интизор буд.

Пири хиради Гулободро парвои қошу қавоқи кампири Гулбибӣ, ки гӯё дар тобистон ҳам аз онҳо барф меборида бошад, набуду суханро аз давраи Шӯроҳо оғоз намуда, далел меовард, ки агар нархи ягон маҳсулоти ниёзи аввалаи мардум дар бозор баланд мешуд, ҳатман рӯзи дигар ҳамон маҳсулот аз ҷониби матлубот бо нархи хеле арзон вориди бозор мегашт. Имрӯзҳо бошад, иқтисоди бозорӣ дар Гулобод ҳукмрон асту талаби рақибу рақобат дорад. Лекин чуноне дар Эрони куҳан Рустамро рақибе набуд, дар Гулобод низ кулли сохторҳои марбут ба бозор тавони бо тоҷирону қассобон рақобат карданро надоранд. Майдон, ки холист, на танҳо қассобон, балки тамоми нафароне, ки (ҳатто, носфурӯш низ) бо савдо сарукор доранд, кордашон болои равған асту буҷулашон олчин. Лекин сохторҳо амал мекунанду аз ҳисоби андози мардуми Гулобод соҳиби маоши баланду мошини дакаданг ва қасру кӯшкҳо низ ҳастанд. Фақат халқи бечора бесоҳиб. Ин давлатмардони Гулободматлуботу, вазорати савдо, корхонаҳои маҳсулотзахиракунанда танҳо дар ҳисоботи солонаву шашмоҳаву семоҳа рақамҳои ҳангоми дар ҷаласаҳои ҳукумати Гулобод пинакравиҳо дар хоб дидаашонро дар шакли «нақшаи ба давлат фурӯхта шудани гӯшту шир 115% иҷро шуд», ҳисобот медиҳанду халос. Лекин кампир, ту боре суол кардаӣ, ё касе гуфтааст, ки ба кадом давлат фурӯхта шуду оё боз ягон давлате бо номи «Гулобод-2» бошаду ману ту бехабар монда бошем, ҳам хандаовар асту ҳам нобахшиданӣ. Зеро мардуми шарифи Гулобод ба ҳамадонии ману ту боварии калон доранд. Нашояд, ки ин боварии эшонро коста гардонем. Ҳатман, аз пайи аниқ кардани ба кадом давлат фурӯхтани маҳсулоти Гулобод бояд шавем. Шояд ба таври қочоқ мефурӯхта бошанд. Лекин агар қочоқ мешуд, дар «ҳисобот» зикр намекарданд.

Имрӯз ҳама тамоми гуноҳро ба гардани қассобу савдогарони ба қавле «беинсофи» бозор бор мекунанд, ки аз таҳи дили ун сохторҳои боло гуфтаам мешаваду онҳо бо баҳонаи Рамазон (кош рӯзадор мебуданду каме гуноҳҳояшонро мешустанд) боз пинакашонро давом дода, нарху наво он тараф истад, оби шикамашонро намеҷунбонанд. Гунаҳкор ёфт шуд, тамом. Давомаш кори «Фейсбук»-у дигар сомонаҳои интернетӣ дар Гулобод, ки сабабгори баландшавии нарху наворо напурсида, ба таҳқиру пастзании қассобони бечора мепардозанд. Охир, кампири ҷон, агар дурусттар андеша намоӣ, ҳамон дашномпардозҳо ҳатто аз телевизион ун ҷаласаҳои иҷроиши нақшаро тамошо карда, кафкӯбиҳои бардавоми пурмавҷи осмонкаф мекунанду агар имкони аз телевизор калларо даровардан мешуд, ҳатман, аз пешонии он ҳисоботдиҳанда бӯсаҳои гарм меканданд. Лек ту напурсу ман нагӯям, кампири ҷонам.

Барои ҳамин бояд як идораи тарғиби нарху наво ташкил намуда, ба мардуми Гулобод фаҳмонид, ки имрӯзҳо ҷаҳонишавӣ асту ҳама чиз бо суръати кайҳонӣ пеш меравад ва нарх низ. Дар Гулобод баландшавии нарх довталаби фатҳи кайҳон асту ин ҳама болоравиҳо тамринест, барои мутобиқ будан ба обу ҳаво ва шароити кайҳонӣ.

Лекин кампири ба ҷон баробарам, мабодо, давлатмардони матлуботу савдову захираи маҳсулоту дигару дигар, ки корашон фақат аз ҳисоби андози мардуми Гулобод зиндагии пурфайзу барака доштан неву ақаллан як фоизаки хурди — хурди хурдакаке хизмат ба хӯронандаву пӯшонандаҳояшон низ ҳаст, дар хобашон тарсанду корро ҷиддӣ гиранд, ин бурди мардуми оддии Гулобод хоҳад буд.

Бобои Гулбиддин каме андеша намуду ба кампири Гулбибӣ нигоҳи меҳрубононаи асроромезе намуд. Кампир дар ҳайрат афтода, чашмонашро чун фурӯзонакҳои чинӣ ба тарафи бобои Гулбиддин дӯхта, сабаби нигоҳҳои ғайриоддиро пурсиданӣ шуд, ки бобои рамузфаҳм ба суханаш идома дод. Кампир, мегӯянд, ки шабҳои тоқи Рамазон шаби Қадр асту чӣ ниятеву орзуе дошта бошӣ, бо намозу дуо аз Худованд талаб намоӣ, ба орзуят мерасонад. Хаёли кампири Гулбибӣ ба куҷое парвоз карду аз шарм каме сурх шуд, ки бобои Гулбиддин ин ҳолати ҳамешагии кампири Гулбибиро дида, мақсадашро возеҳтар баён намуд. Биё, беҳтараш якҷоя чанд ракат намоз гузорему аз номи мардуми ботақвои Гулобод дуои ҷамоат кунем, ки масъулини ҳафтаномаи «Фараж»-ро Худованд дар паноҳи исматаш нигаҳ дораду ҳамин маслиҳати моро ба дастандаркорони Гулобод расонанду пайи амалӣ гаштанаш мусоидат ва назорат намоянд, инчунин, ун давлатеро, ки 115% маҳсулоти гӯшту шири Гулободро, ки аз ҷиҳати экологӣ хеле муфид аст, мехараду дар Гулобод нархро баланд менамояд, муайян созанд.

Омин!

 

Бахтиёр Облоқулзодаи ГУЛОБОДӢ

Добавить комментарий