Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 58 аз 12 феврали соли 2010 таъсис ёфтааст. Таъсиси Донишкада дар асоси ҳамҷояшавии Филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Филиали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акдемик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд амалӣ сурат гирифтааст.

 

Пояҳои моддиву техникии устувор

Дар сохтори донишкада 4 факултет, 14 кафедра, 4 марказ ва 8 шуъба амал менамоянд. Дар донишкада ба миқдори умумӣ 157 синфхонаҳои таълимӣ, 24 озмоишгоҳҳои таълиму таҳқиқотӣ, 26 синфхонаи компютерӣ, 4 синфхонаи лингафонӣ, 2 толори варзишӣ, 2 майдончаи варзишӣ, 1 технопарк, 3 толори маҷлис, 3 китобхона, 3 қироатхона мавҷуд аст. 81 нафар устодони дараҷа ва унвони илмидошта, ки аз ин шумор 7 нафар докторони илм ва профессорон ҳастанд, ба 3823 нафар (аз он ҷумла, 3472 нафар бакалавр таҳсили рӯзона, 214 нафар бакалавр таҳсили фосилавӣ, 137 нафар магистр) дарс мегӯянд.

Дар давоми соли гузашта 5 нафар устодони ҷавони донишкада рисолаҳои номзадӣ ва як нафар рисолаи докториро ҳимоя карданд. Дар маҷмӯъ, 67 дар сади устодони донишкадаро олимони ҷавон ташкил медиҳанд.

Маҳз пурқувват будани пояи моддиву техникӣ, дастгирии ҳаматрафаи устодон имконият фароҳам овард, ки дар самти лоиҳаҳҳои инноватсионӣ донишкада пешрав гардад. Чуночи устодони донишкада бо ширкати байналмилалии Майкрософт ҳамкории зич дошта, таҳти роҳбарии академик Зафар Усмонов лоиҳаи «Тафтиши имлои забони тоҷикӣ дар барномаи компютерӣ”–ро сохтаанд. Ҳамзамон, устодон муаллифи комплекси барномаҳои TajSpell мебошанд, ки бо роҳандозии барномаи мазкур кор бо забони тоҷикӣ дар шабакаи байналмилалии интернет хеле осон гардид. Донишкада дар ин самт ва дигар бахшҳои навоварӣ соҳиби беш аз 22 гувоҳномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 50 шаҳодатномаи зеҳнӣ, 8 патенти берун аз ҷумҳуриро ба даст овардааст.

Маҳз ҳамин тозаҷӯиҳоро ба инобат гирифта, устодон Одилхӯҷа Солиев ва Хуршед Худойбердиев соли гузашта ба гирифтани ҷоизаи ба номи акдадемик Султон Умаров мушарраф гаштанд. Гузашта аз ин, дар донишкада барои омӯзгорони ҷавон шароитҳои хуби пажӯҳишӣ муҳайёст. Давоми чор соли охир 16 нафар устодони ҷавони донишкада дар бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷа дар самти техникаву технология рисолаи номзадиро ҳимоя намуданд, ки ин дастоварди хуб аст. Ҳамзамон се нафар устодони ҷавони донишкада —  Илёсхӯҷа Исломов, Абдунабӣ Қосимов ва Парвиз Солиев дар озмунҳои вилоятиву шаҳрии «Беҳтарин лоиҳасоз» ва «Барномасози беҳтарин»  ҷойи аввалро ишғол намуданд. Донишкада давоми 9 – соли фаъолияташ ду маротиба макони баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Лоиҳаи инноватсионӣ”, як маротиба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ буда, донишҷӯёни фаъоли донишкада дар ин озмуни бонуфуз мунтазам ҷойҳои ифтихориро соҳиб мегарданд. Чунончи  дар солҳои 2014-2018 донишҷӯёни донишкада дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти ҷоизаи “Ҷоми Академияи илмҳои ҶТ” иштирок намуда, соли 2014 — 2 нафар, соли 2015 – 2 нафар, соли 2016  — 1 нафар, соли 2017 — 3 нафар ва соли 2018 – 2 нафар ғолиб гардиданд. Дар баробари ин, донишҷӯёни донишкада дар Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, соли 2014 — 7 нафар, соли 2015 – 3 нафар ва соли 2017 — 2 нафар ғолибият ба даст оварданд.

 

Нахустин системаи бисёрфунксионалии идоракунии мактаби олӣ

Аввалин шуда дар Осиёи Марказӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд системаи бисёрфунксионалии идоракунии мактаби олӣ коркард шудааст. СИД дар шабакаи ягонаи компютерӣ амал карда, ҳамаи биноҳо, воҳидҳои маъмурӣ ва таълимии сохториро, ки дар қисмҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудаанд, муттаҳид месозад. Тамоми ҷанбаъҳои раванди таълимии донишҷуён, омӯзгорон ва кормандон ба воситаи интерфейс дар СИД ба амал оварда мешаванд.   Кори система шаффоф буда, дар он тамоми маълумотҳо доир ба фаъолияти донишкада, омӯзгорон, кормандон ва дастовардҳои донишҷӯён марказонида шудаанд, ки ин ҷиҳат шаффоф ва пурра будани маълумоти мавриди истифодаро кафолат медиҳад. Яке аз ҳадафҳои асосии истифода ва татбиқи ин система таъмин ва кафолати сифати таҳсил дар донишкада мебошад. Зеро бо истифодабарӣ аз системаи мазкур донишҷӯ имкони соҳиб шудан ба маълумоти заруриро пайдо хоҳад кард.

Системаи мазкур дар шабакаи дохилии донишкада фаъолият мебарад, таъминоти бехатарӣ ва шахсӣ будани маълумотро кафолат медиҳад. Шарти асосии ворид шудан ба системаи мушаххас доштани парол ва логини ҳар истифодабаранда мебошад ва ҳар яки онҳо мақоми муайяни худро доранд.

Яке аз ҳадафҳои асосии донишкада ҳамқдами замон будан аст. Бо ин мақсад 6 сол инҷониб дар донишкада усули таҳсилоти фосилавӣ фаъолият дошта,  80 нафар тариқи ин таҳсилот соҳиби шаҳодатномаи  хатм гардиданд. Раёсати донишкада бо мақсади паҳн намудани таҷрибаи пешқадам дар ин самт, ҳамчунин барои боз ҳам самараноктар роҳандозӣ намудани таҳсилоти фосилавӣ ду сол пайи ҳам конфронси илмӣ — амалиро бо ширкати роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ доир намуд, ки бешакк, ширкаткунандагони конференсия бардоштҳои хубе аз ин ҳамоиш гирифтанд.

 

Маркази мартаба

Мусаллам аст, ки пешрафти донишкада аз чигунагии вазъи хатмкунандагон вобастагии калон дорад. Бо ин мақсад дар назди донишкада Маркази мартаба таъсис ёфта, ба он хатмкунадагон бештар ҷалб гардида истодаанд. Дар ин росто баргузории ярмаркаи “Интихоби мутахассиси арзанда”, ки ҳар сол моҳи май доир карда мешавад, робитаи донишкадаро бо хатмкунандагон қавитар намуд.  Дар ин чорабинӣ наздики 60 корхонаву ташкилотҳо ширкат варзида, пас аз шиносоӣ бо ҷараёни таълиму тарбия, пойгоҳи моддиву техникӣ, дастоварлҳои илмиву техникии донишкада беҳтарин хатмкунандангонро ба кор ҷалб мекунанд. Дар маҷмӯъ, ҳамасола зиёда аз 70 нафар маҳз тариқи ҳамин чорабинӣ соҳиби ҷойи кори муздаш баланд мегарданд. Оид ба ташкили захираи ҷавонон, ки бо кор таъмин карда мешаванд, ба хатмкунандагони ҳамаи ихтисосҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба тарзи дуруст пур кардани CV (ҳолнома) гузаронида мешавад. Ба махзани маълумотии хатмкунандагони соли хониши 2018 маълумоти пурра сабт шудааст. Қабули CV-и хатмкунандагон дар сомонаи martaba.dpdtt.tj сабт шудааст, ки корфармоён аз он маълумоти пурра оид ба малакаҳои мутахассисони ҷавонро гирифта метавонанд. Донишкада оиди мусоидат намудани омодагии касбии ҷавонон бо роҳи таҷрибаомӯзии онҳо дар тамоми ташкилотҳо ва муассисаҳои давлатӣ, бо корхонаву ташкилотҳои ҳудуди вилоят ва берун аз он дар робитаи мустақим буда, миқдори шартномаҳои тарафайн 260 ададро ташкил медиҳад. Дар соли 2018 бо 24 корхонаҳою ташкилотҳо шартномаҳо баста шудаанд. Дар ин моваро дар ҳамкорӣ бо  ташкилоту муассисаҳо таъсиси 9 кафедраҳои сайёр барои тақвияти дониши амалии донишҷӯён мусоидат менамояд.

 

Китобхонаи рақамӣ

Донишкада яке аз аввалин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аст, ки бо ёрии барномасозони худ китобхонаи рақамиро сохтааст. Донишҷӯён бо ёрии саҳифаи интернетии худ ба ин китобхона ворид шуда, аз адабиётҳои даркорӣ истифода мебаранд. Теъдоди  китобҳои чопӣ ва электронӣ сол аз сол афзуда, имрӯз дар махзани китобхонаи донишкада 146 ҳазору 319 нусха китобҳои чопӣ ва 46 ҳазору 446 нусха китобҳои электронӣ маҳфузанд, ки ҳамарӯза аз он ҳам устодон ва ҳам донишҷӯён тариқи саҳифаҳои интернетии худ новобаста дар донишкада ё дар хона истифода мебаранд.

 

Равобити хориҷии донишкада

Донишкада сол аз сол робитаҳои хориҷиро вусъат мебахшад. Вобаста барои рушд дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ алҳол донишкада корро дар 3 самти асосӣ пурзӯр намуд: Ҷустуҷӯ, таҳия ва идоракунии лоиҳаҳои байналмилалӣ, фароҳамории имкониятҳои сафарбаршавии академӣ, мубодилаи таҷриба, таҳсил, тадқиқот ва таҷрибаомӯзӣ дар хориҷа барои кормандон ва донишҷӯёни донишкада, қабули донишҷӯён ва кормандони илмӣ аз хориҷа.

Вобаста ба ин, дар соли 2018 шуъбаи робитаҳои хориҷӣ дар доираи самти якуми фаъолияти худ — ҷустуҷӯ, таҳия ва идоракунии лоиҳаҳои байналмилалӣ бо манбаъҳои асосии грантҳо, ки муассисаҳои олии таълимиро дастгирӣ мекунанд, ба алоқа баромада, 17 лоиҳаи дархостиро ба озмунҳои грантии Эраcмус + (қисми “Такмили имконот дар соҳаи таҳсилоти олӣ”), Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ), сафоратхонаҳо, Бонки умумиҷаҳонӣ (WB), Бонки рушди Осиё (ADB),  Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Департаменти рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID), Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA), Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA), Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (EBRD) ва Котиботи давлатии Швейтсария оид ба иқтисодиёт (SECO) таҳия ва ирсол намуд. Дар натиҷа, дар донишкада дар соли 2018 чор лоиҳа амалӣ гардид:

— Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ (574005-EPP-1-2016-1-LV-EPPKA2-CBHE-JP Higher Education for Central Asia Food Systems and Standards);

— Таҳсилоти касбӣ ва такмили ихтисос дар Осиёи Марказӣ (Professional Education and Training in Central Asia);

— Курсҳои кӯтоҳмуддат дар доираи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» -и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи созишномаи дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ;

— Ҳамкорӣ дар соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ бо Маркази тиҷорати байналмилалӣ.

Устодон ва кормандони ДПДТТХ бо иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2018 дар семинарҳо ва конференсияҳои ин лоиҳаҳо иштирок кардаанд. Дар вақти сафар устодон ва кормандони ДПДТТХ бо фаъолияти озмоишгоҳҳо, раванди дарсомӯзӣ, ҷараёни таълим, тадрис ва усулҳои муосири раванди таълим дар муассисаҳоии олӣ, дидактикаҳои махсус, талабот ба таври замонавии танзими дарс ошно гардидаанд.

 

Курсҳои омӯзишӣ ва татбиқи лоиҳаҳо

Бо иқдоми Вазорати маориф ва илми кишвар дар доираи созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ташкил карда шуд. Нафароне, ки шуғл ё касб надоштанду дар чорсӯи зиндагӣ роҳи худро ҷустуҷӯ доштанд, ба ин курси омодагии кӯтоҳмуддат ҷалб гардида, аз донишу маҳорати устодони соҳаи энергетика, нақлиёт ва тарроҳиву чеварӣ нозукиҳои ин касбҳоро омӯхтанд. Ба онҳо дар анҷоми курси омӯзишӣ сертификати хатм дода шуд. Дар доираи ин лоиҳа барои гузаронидани курсҳои кӯтоҳмуддат маводҳои таълимӣ харидорӣ ва лабораторияҳои 3 курси кӯтоҳмуддат бо таҷҳизоти зарурӣ таҷҳизонида шуд.  Мувофиқи нақша 28 гурӯҳ бо 280 нафар шунавандагон, дар охири моҳи марти соли гузашта курсҳои кутоҳмуддатро хатм намуданд. Маблағи умумии гранти хурд 209,609.00 сомонӣ буд.

Дар доираи ҳамкорӣ бо лоиҳаи “Таҳсилоти касбӣ ва такмили ихтисос дар Осиёи Марказӣ” ва робитаҳои дуҷониба давоми соли 2018 таҷҳизот ба лабораторияи таҳлили маҳсулоти хӯрока ба маблағи 1,107,537.56 сомонӣ ба тариқи ройгон аз тарафи Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ қабул карда шуд. Шурӯъ аз соли нави хониши 2018-2019 дар доираи лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ» -и Барномаи Ерасмус плюс устодон аз давлатҳои Латвия, Литва ва Полша барои донишҷӯёни донишкада, ки дар ихтисоси технологияи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология таҳсил доранд, дарс гуфтанд. Рӯзҳои 19-23 ноябри соли 2018 дар ДПДТТХ семинар дар мавзӯи “Технологияи пухтани маҳсулотҳои нонӣ” баргузор гардид, ки дар он омӯзгорон, донишҷӯён, коршиносони хориҷӣ, намояндагони ширкатҳои гуногуни истеҳсолкунандаи орд ва маҳсулотҳои нонӣ ширкат варзиданд. Итирокчиёни семинар дар лабораторияи нави истеҳсоли маҳсулотҳои нонӣ аз рӯи дастурамал таҷҳизотҳо, аз ҷумла тафдон барои пухтани маҳсулотҳои нонӣ, таҷҳизот барои нигоҳдории он, тарозуи сенсорӣ, осиёби лабораторӣ ва ченкунии намӣ, таҷҳизоти ченкунии миқдори афтишро насб карда, бо маҳсулотҳо таҳлил гузарониданд. Дар охир, хати истеҳсолоти хурди маҳсулоти хамирӣ дар донишкада ба кор дароварда шуд. Бо мақсади баландбардории сатҳи дониш ва пешрафти раванди таълим дар доираи лоиҳа санаҳои 20 — 21 ноябри соли равон дар ДПДТТХ семинар оид ба масъалаҳои  «Истифодаи барномаҳои таълимӣ» баргузор гардид. Дар семинар масъалаҳои таълим ва нақшаву барномаҳои он, муаммо ва ҳалли онҳо таҳлил карда шуд, ки барои баландбардории сатҳи таълим дар ДПДТТХ мусоидат хоҳад кард. Дар ҳамкорӣ дар соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ бо Маркази тиҷорати байналмилалӣ Созишномаи ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни ДПДТТХ ва Донишкадаи нассоҷӣ ва саноати сабуки шаҳри Тошканд имзо шуд. Соли 2018 дар самти дуюми фаъолияти шуъба — фароҳамории имкониятҳои сафарбаршавии академӣ, мубодилаи таҷриба, таҳсил, тадқиқот ва таҷрибаомӯзӣ дар хориҷа барои кормандон ва донишҷӯёни донишкада, миқдори барнома барои таҳсил ва тадқиқот дар хориҷа ба 19 ва барномаҳо барои таҷрибаомӯзӣ ба 11 адад расид.  Дар донишкада барномаҳои сафарбаршавии академии Erasmus+, ISEP, DAAD, EducationUSA, Campus France, StudyInNorway, SEPIE, Uni-Italia, EducationUK, StudyInSweden ва барномаҳои таҷрибаомӯзии Praktikum Global, Internship International, IAAS, LOGO e.V., GeTec-Solutions UG, AIESEC, APOLLO e.V., JD East, PRAXX, IAESTE барои тайёр кардани мутахассисон оид ба технологияхои навин, мухандисон, конструкторон ва барномасозон дар давлатҳои хориҷии дур ва наздик имконият медиҳад. Дар давоми соли рафта 159 онлайн мусоҳибаҳо бо донишҷӯён ва 3 маротиба рӯзи маълумотӣ, ки барои таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ дар хориҷа имконият медиҳад, ташкил карда шуд. Инчунин, аз рӯи барномаҳои шуъба 63 нафар устодону донишҷӯён барои таҳсил, таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос, тадқиқот ва иштирок дар конфронсҳои байналмилалӣ ба хориҷи кишвар сафар намуданд.  Соли 2018 дар самти сеюми фаъолияти шуъба — қабули донишҷӯён ва кормандони илмӣ аз хориҷа, 11 нафар донишҷӯён дар ДПДТТХ таҳсил карданд ва 13 омӯзгор аз хориҷи кишвар дарс гузаштанд. Умуман дар соли 2018, миқдори умумии шартномаҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии ҷаҳон басташуда ба 234 расид, ки он имконият медиҳад, ки донишҷӯён ва устодони донишкада дар муассисаҳои олии пешоҳанги дунё таҳсил ва коромӯзӣ намоянд.

 

Хобгоҳи муҷаҳҳаз

Роҳбарияти донишкада фароҳам овардани шароити хуби таҳсилу зисти донишҷӯёнро дар рисолати асосии худ медонад. Ба ин хотир  соли рафта  ошёнаҳои 2,3, 4 хобгоҳи донишкада аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, бошандагони хобгоҳ бо мизу курсӣ, рахти хоби нав, либосовезаки нав  таъмин карда шуданд. Дар маҷмуъ дар соли нави хониши 2018- 2019 453 нафар донишҷӯён ва наздики 15 оилаҳои омӯзгорони донишкада бо утоқҳои маҷҷаҳҳаз таъмин гардиданд. Донишҷӯён бар ивази 65 сомонӣ метавонанд, аз китобхона, интернети ройгон ва ошхонаи барҳавою дигар лавозимоти зиндагӣ бархурдор бошанд.  Ҳоло таъмири ошёнаи якуми хобгоҳ низ ба анҷом расида, дар назар аст, ки боз теъдоди зиёди донишҷӯёни аз ноҳияҳои дурдаст омада бо хобгоҳи муҷаҳҳаз таъмин шаванд.

 

Гар дасти фитодае бигирӣ,…

Лозим ба қайд аст, ки дар арафаи иду ҷашнҳо ба ятимони кулли донишкада кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад, чунончӣ: Тибқи фармоиши директори донишкада бахшида ба соли нави мелодии 2018 ба 5 нафар ятимони кулли донишкада ва 2 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернат ба миқдори 300 сомонӣ кӯмакпулии якдафъина расонда шуд. Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз бо фармоиши директори донишкада 5 нафар ятимони кулл, 11 нафар маъюбон ва 2 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернат бо кӯмаки яквақтина ба миқдори  500 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

Тибқи фармоиши директори донишкада дар арафаи Рӯзи Президент 614 нафар донишҷӯён, аз он ҷумла:  тариқи квота (350 сомонӣ), буҷавӣ таҳсилкунанда (310 сомонӣ), ятимон (500 сомонӣ), маъюбон (500 сомонӣ) ва тарбиятгирандагони мактаб-интернат (500 сомонӣ) бо кӯмакпулии яквақтина мукофонида шуданд. Ҳамаи донишҷӯёни ятими кулл ва тарбиятгирандагони мактаб-интернат аз пардохти маблағи таҳсил озод карда шуда, эҳтиёҷмандон бо хобгоҳи ройгон таъмин ҳастанд.  Раёсат ва маъмурияти донишкада мунтазам оид ба таълим ва зисти ятимони кулли донишкада бохабар шуда, ҳангоми ба вуҷуд омадани ягон масъала барои ҳаллу фасли он мекӯшанд.

 

Талошҳо дар шукуфоии Ватани азиз

Яке аз самтҳои асосии таълиму тарбия ин ширкати фаъолона дар чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ маҳсуб меёбад. Баргузории наздики 100 вохӯриҳо бо намояндагони мақомотҳои қудратӣ, ходимони дин, раёсатҳои кор бо занон, ҷавонон дар донишкада нишонаи онро дорад, ки шавқ ва завқи донишҷӯён новобаста дар риштаи илмҳои дақиқ ва техникӣ таҳсил доштан ба адабиёту ҳунар хеле баланд аст.

Имрӯз кулли мардуми сарбаланди тоҷик ифтихор аз Ватани азиз, бахти баланд ва истиқлолияти комили давлати Тоҷикистон дошта, баҳри гул-гулшукуфоии кишвар, пояи устувори иқтисодиёту маънавиёт ва мудофиаи он талош мекунанд. Ба хубӣ эҳсос менамоянд, ки ин ҳама хушрӯзиҳо тавассути татбиқи сиёсати сулҳофарини Сарвари давлатамон — Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гардидааст. Ва ҳама нашъаи хурсандию шодмонӣ мекунанду шукронаи Ваҳдат ва сулҳи бебозгашти Тоҷикистони азизро дар қаъри дил ҷой медиҳанд ва бо меҳри саршор ба Сарвари хирадманд ва Ватани азизи аҷдодии хеш сари таъзим фуруд меоранд.

Ҳоло замоне фаро расидааст, ки барои ободӣ ва шукуфоии кишвар ҳама сарҷамъ ҳастанду дар пиёда сохтани ҳадафҳои созандаву бунёдкории сарвари хирадпешаи тоҷикон бо азму иродаи қавӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Добавить комментарий