Ду нафар ҷавон чаҳор сар гӯсфандро, ки аз фарбеҳӣ базӯр қадам мезаданд, дар назди ҳавлии Тоҳири Имомиддин аз мошин фуроварданд. Баъди як ҳафта Тоҳири мӯсафед аз деҳаи Сабздараи ноҳияи Куҳанобод ба зиёрати Каъба мерафт. Писараш Баҳриддин гӯсфандро аз бозор харида буд. Зеро ӯ мехост пеш аз рафтани падараш маъракае орояд.

— Ту бояд бо ман маслиҳат мекардӣ,- норозиёна гуфт падараш ба Баҳриддин, ки ҳозиракак аз паси чамбари «Тойота» фуромада буд.- Ҳозир қонун баровардаанд. Пеш аз зиёрати Каъба ва баъди бозгашт маърака гузаронидан мумкин нест.

— Ман аллакай ғами инро хӯрдаам,- гуфт писараш ва аз киса коғазеро баровард.- Аз шӯрои назорат тӯйи хатна гуфта иҷозат гирифтаам.

— Ин чӣ хел мешавад?,- ҳайратзада гуфт падараш, баъд бо нармӣ илова кард.- Дар урфият гуфтаанд, ки девор муш дораду муш гӯш. Шояд гӯши кадоме бод бардорад.

— Парво накунед,- гуфт писараш ва бо ғурур илова кард.- Ман коми  кормандони идораро чандин маротиба ширин кардаам. Гапи ман ба онҳо чун корд мегузарад.

— Даҳони мардума пӯшида намешавад. Ба ҷуз идораи ноҳия боз идораҳои болотаре ҳастанд,- шиква намуд падараш.- Ман ба ту гуфта будам, ду-се сомонӣ, ки ҷамъ шудааст, кӯпруке созем, ки аз болои дарёча гузаштани мардум осон шавад ё мактабе бино кунем, ки наберагони ман, яъне писарони ту дар шароити хубтар дарс хонанд.

— Он чизе, ки шумо мегӯед, ин дар навбати сеюм ё чаҳорум меафтад,- гуфт Баҳриддин садояшро андаке балантар намуда.- Аммо ман як мақсад дорам. Ин ҳам бошад, шуморо болонишин дидан. Маҳмадалии кӯзпушт ва Баҳруллои качал бо кӯмаки писаронашон ба ҳаҷ рафтанд ва имрӯз бологузар шудаанд. Ягон маърака бе бисмиллоҳи онҳо оғоз ва бе омини эшон анҷом намеёбад. Пас ман аз писарони онҳо чӣ камӣ дорам? Як хоҷагии калон дар ихтиёрам асту дар идораҳои боло суханам мегузарад.

Тоҳири мӯсафед хомӯш монд. Баҳриддин бошад, аз фарбеҳии гӯсфанд сабақ нагирифт. Бар доми худхоҳиву худнамоӣ афтода буд. Рӯзи маърака гуруҳи бузурги Шӯрои назорат ҳозир шуданд. Барои сохтакорӣ ва риоя накардани қонун ӯро гунаҳкор дониста, ҷаримаи калон бастанд. Падараш бошад, барои пардохтани ҷарима аз сафари ҳаҷ даст кашид.

 

Ҳамроҳи АВЛИЁПУР

Баҳриддин дар маъракаи ба ҳаҷ рафтани падараш гӯсфанд куштанӣ аст…

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here