Кӯдакон аз мо чӣ мехоҳанд?

Хаёли аввал:

КӮЧАҲОИ ХОЛӢ

Дар кӯчаҳои холии мо дигар кӯдакон бозӣ намекунанд. Дар кӯчаҳои холии мо дигар мисли пештара садои ханда, гиря, савол, эътироз, хушсуханӣ, очагӯӣ ва сурудхонии кӯдакон нест.

Дар кӯчаҳои холии мо дигар даводав, бозикуниҳо, ҷангҳо, ҷӯрагиҳо, футболҳо, лойбозиҳо, буҷулбозиҳо, наклейкабозиҳо, рустшавакон ва дигар “қаҳрамон”-иҳои кӯдакон дида намешавад.

Дар кӯчаҳои холии мо дигар кӯдакони ҳамсояҳо намебороянд, бозӣ намекунанд, ҷанг намекунанд, ягон тирезаро намешикананд, доду вой намекунанд, намеханданд, намегирянд, гову гӯсола, мурғу чӯҷаҳоро сур намекунанд, хонаҳои замбӯрҳоро вайрон карда, пасон ба ҳар тараф намегурезанд…

Дар кӯчаҳои холии мо дигар кӯдаконро намебинӣ. Дигар кӯдакони мо “ба кӯча мебароям” намегӯянд. Дигар модарон ба писар ё духтарони калонтарашон намегӯянд: “Хоҳаратро аз кӯча фарёд кун”. Дигар падарон намегӯянд: “Писарам, рафта дар кӯча бозӣ кун”. Дигар…

Инак, як моҳ мешавад, ки ман дар деҳа ҳастам ва дар ин муддат танҳо садои кӯдакони даруни дарвозаро мешунавам. Медонам, ҳоло кӯчаҳои тамоми дунё холиянд, вале бояд иқрор шуд, ки ягона зебдиҳандагони кӯчаҳои мо кӯдаконанд. Худо кунад, ки ҳарчи зудтар башарият ба ҳаёти пешинааш баргашта, кӯдакон кӯчаҳои холии моро зеб диҳанд.

Хаёли дуввум:

МУСОҲИБОНИ ХАЁЛӢ

Чун 1-уми июн Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон аст ва ҳоло дар арафаи он қарор дорем, хостам чанд кӯдаке ёфта, бо онҳо атрофи мушкилиҳо, гапногирӣ, китобхонӣ, забони гуфтор, боғча, мактаб, мураббию муаллим, волидон, орзуҳо ва хостаҳояшон суҳбате дошта бошам, вале наёфтам, зеро кӯчаҳо холиянд.

Ин дар ҳолест, ки агар аз як паҳлу мо ба кӯдакон саволҳои зиёди беҷавоб дошта бошем, ҳатман аз ҷониби дигар онҳо низ сухани зиёди мегуфтанӣ доранд. Пас, чӣ бояд кард? Бояд ба хаёл рафт. Бояд дар хаёл фазо сохт. Бояд дар фазои сохта чанд кӯдак монд. Ва бояд бо онҳо хаёлан мусоҳиба кард.

Худо кунад, ки ин хаёлҳо моро фиреб надиҳанд ва ҳар калимае гуфта мешавад, гӯяндаи дарди касеву дармони дигаре гардад.

Саволҳоямро гирифта, ба кӯча мебароям. Бале, ҳамон кӯчаи холӣ. Бо навбат ба ду тараф менигарам. Касе нест. Чашмонамро мепӯшам.

Сонияҳо ҳаракат мекунанд. Дақиқае гузашт. Ба гӯшҳоям садои кӯдакон мерасад. Садои кӯдакони шинос. Чашмонамро мекушояму мебинам: писари акаи Ашӯрбойи тоҷир, духтари муаллима Алиева Робия, писари акаи Ғолиби раиси маҳалла, духтари апаи Сорои хонашин, писари акаи Эркини муҳоҷир, духтари амаки Нуралии журналист, писари амаки Баҳруллоҳи деҳқон, духтари Саиди режиссёр ва писари Синои психолог дав-давон тарафи ман меоянд.

– Салом, бачаҳо!

– Воалейкум бар салом!

– Ин ҷо шинед, ман ба шумо чанд савол диҳам…

– Хуб шудааст.

Шуморо намедонам, вале ман бо кӯдакон суҳбат карданро дӯст медорам, зеро вақте ки салом медиҳӣ, ҳамагӣ бо як овоз ҷавоби саломатро мегардонанд. Вақте ки чизе мепурсӣ, гапи якдигарро бурида-бурида ҷавоб медиҳанд, ки дар натиҷа овози кадоме баланд бошад, саволдиҳанда ҷавобашро аз ӯ мегирад. Вале чун ман бо ин кӯдакон мусоҳибаи махсуси ҳам ҷиддӣ ва ҳам идона дорам, аз онҳо хоҳиш кардам, ки бо навбат ба саволҳоям ҷавоб гӯянд.

Хаёли саввум:

ЗАБОНИ КӮДАК

Ман фикр мекунам падару модаре нест, ки аз гапногирии кӯдаконашон ба дигар волидон шикоят накунанд. Яъне ба назар мерасад, ки ҳама калонсолон аз кӯдакони худ дар хусуси гапро гӯш накардани онҳо шикоят доранд. Чаро ин тавр аст?

– Бачаҳо, хуб медонед, калонсолон шикоят мекунанд, ки шумо гапногир ҳастед. Чаро?

– Ман ҷавоб диҳам?,- гуфт аз миёни кӯдакон писари Ашӯрбойи тоҷир.- Ман тамоман гапи падару модарамро намегирам. Онҳо тарзе сухан мегӯянд, ки барои ман нофаҳмост. Масалан, мегӯянд, ки бо Нилуфар, духтари амаки Нуралӣ бозӣ накун. Ва агарчи ҳар рӯз онҳо ин гапро такрор ҳам кунанд, ман боз гапи онҳоро намегирам, зеро онҳо ба ман намегӯянд, ки барои чӣ гапашонро гирам.

Кӯдакон қабл аз ҳама аз волидон забони гарм ва ширин мехоҳанд. Ҳар забоне, ки ба ӯ фаҳмо, сода ва одӣ бошад, ҳамон ширин ва нарм аст. Дарк кардан ё накардани кӯдак ба забони гуфтори волидон аз ҳама ҷиҳат ба падару модар дахл дорад. Пас, бояд волидони муҳтарами мо тарзе матлабашонро гӯянд, ки дар зеҳни кӯдакон ҳеҷ нофаҳмие ҷой нагирад. Яъне калонсолонро мебояд, ки пеш аз шикоятномаҳо таҳия кардану назди дигарон хондани он, бо забони кӯдаконашон сухан гуфтанро омӯзанд.

Хаёли чаҳорум:

ОНҲО МОРО НАМЕФАҲМАНД

– Бачаҳо, ба ҳамин монанд як саволи дигар: чаро шумо калонсолонро намефаҳмед ё ин ки фаҳмидан намехоҳед?

– Саволатон бисёр ҷавоби сода дорад: барои он ки калонсолон ҳам моро намефаҳманд,- бо як нафас ҷавоб дод духтари муаллима Алиева Робия ва аз сабаби шармгинии ирсӣ даррав рухсораҳояш сурх шуданд. Зуд ба қафо нигариста, рӯяшро аз ҳамсолонаш гурезонд.

Бовар кунед, ин кӯдаки 6-сола дуруст мегӯяд. Мо калонсолон ҳар чизе, ки мехоҳем, ҳар чизе, ки талаб дорем, ҳар чизе, ки шуданашро интизорем, аз кӯдакон талаб мекунем, вале бисёр кам мешавад ҳолате, ки дар пайи амаликунии хостаҳо, талабҳо ва орзуҳои кӯдакон бошем. Пас, бояд ҷумлаи “Кӯдакон калонсолонро намефаҳманд”-ро аз байн барем. Зеро мо ҳам онҳоро намефаҳмем ва фаҳмидан ҳам намехоҳем.

Хаёли панҷум:

КӮДАК ВА КИТОБ

Бояд дар зеҳнҳо ҷой диҳем, ки кӯдакро бо зӯрӣ, зорӣ ва ё зар наметавон китобхон кард. Зеро зӯрию зорӣ ва зар муҳлати эътибори муайян доранд, ҳамин ки муҳлаташон гузашт, дигар таъсир расонида наметавонанд. Ба гунае, ки кӯдаки бо зӯрӣ китобхоншуда то рафъ шудани зарби чӯб бо китоб ошноӣ мекунаду халос. Кӯдаки бо зорӣ китобхоншуда то илтимосу илтиҷо шуниданаш китоб мехонад, аммо баъдан меравад пайи дигар корҳо. Кӯдаки бо зар китобхоншуда ҳам то зар додан мехонад ва баробари тамом шудани зар аз китоб дур мешавад. Балки бояд аввал ба кӯдак чӣ хондану барои чӣ хонданашро содаву равон фаҳмонид ва вақте ки нахонд, аз ӯ пурсид, ки чаро бо китоб ногап аст. Ҳамон тавре ки ҳоло ман мепурсам.

– Бачаҳо, чаро китоб намехонед? Ман намедонам, ки кадоме аз шумо китоб мехонед ва кадомеатон не, вале хоҳиш ҳамин ки, ба саволи ман ҳамон нафаре ҷавоб диҳад, ки китоб намехонад.

– Ман тамоман китоб намехонам,- бо овози баланд гуфт писари Ғолиби раиси маҳалла.- Ака, дадаи ман фақат як гап дорад: “Донёр, дар вақтҳои бекорият китоб хон!”. Ман намехонам. Барои он ки ман боре китобхонии худашонро надидаам. Барои он ки худашон боре аз китоби хондаашон ба ман нақлҳои аҷоиб накардаанд. Барои он ки худашон дар вақти бекорияшон телевизор мебинанд. Барои он ки намегӯянд, ки асосан китобхонӣ чӣ фоида дорад ва ман барои чӣ бояд китоб хонам. Пас аз ин гуна ҷавоб чӣ бояд кард? Албатта, ёфтед: СУКУТ!

Хаёли шашум:

ТАРС

Бояд қабул кард, ки калонсолон, хусусан бибиҳову модарон барои он ки кӯдакон ба корҳояшон халал нарасонанд ё онҳоро хоб рафтан гузоранд, фарзандони худро бо ҳар намуд прототипҳои сохтаву бофтаи худ метарсонанд. Аз ҷумла, мегӯянд: “Хоб рав, ки кампир омад!”, “Ба кӯча набаро, ки сагҳо поятро мегазанд!”, “Гиря накун, ки одамбарак мебарад!”. Ва табиист, ки дар чунин ҳолат ба воя расидани кӯдак ба ӯ таъсири манфии зиёд мерасонад.

Дар миёни мусоҳибони ман духтари апаи Соро – Ясмина ҳам ҳузур дорад. Ӯ зоҳиран бисёр тарсу ва худнобовар менамояд. Ва фикр мекунам вай дар байни мардум худашро на он қадар роҳат ҳис мекунад. Намедонам, ӯ аз чизи номаълуме метарсад.

– Ясмина, ту аз чӣ метарсӣ?

– Метарсам, ки яке боз одамбаракон модарамро мисли падарам набаранд…

Пас аз ин ҷавоб ҳам бояд сукут кард ва бо он сукут ислоҳ шуд.

Хаёли ҳафтум:

БӮЙИ ҒУЛОМӢ

Бадбахтона, дар ҷомеаи мо нафареро ба коре маҷбур кардан ва корҳои иҷрошудаи маҷбурӣ чунон зиёданд, ки ногуфтанӣ. Мо маҷбурӣ кор меравем, маҷбурӣ дарс меравем, маҷбурӣ хизмати нафареро адо мекунем ва ҳатто маҷбурӣ моро ба хизмати аскарӣ мебаранд. Ба болои ин ҳама, дарсҳои талқинкунандаи маҷбурӣ дар ҷомеа, боз қисме аз волидони мо шиква аз он мекунанд, ки кӯдаконашонро то ба коре маҷбур накунанд, ба он машғул намешаванд. Мову шумо хуб медонем, ки айби кист, вале ба ҳар ҳол ман аз кӯдакон мепурсам.

– Бачаҳо, чаро шуморо то маҷбур накунанд, кореро анҷом намедиҳед?

– Падари ман дар Русия муҳоҷир аст ва ҳар вақте бо ман гап занад, барои чӣ наомаданашро мепурсам ва ӯ мегӯяд: “Писарам, ин ҷо маро маҷбуран кори зиёд мефармоянд, аммо пули камамон медиҳанд ва ҳоло маҷбур ҳастам, ки то ҳисобӣ кардани меҳнатҳоям дар ин ҷо монам”. Пас, ман фикр мекунам, ки кореро баъди маҷбур кардан кунем, ин хуб аст.

Хаёли ҳаштум:

ИН КОРРО НАКУН!

Ман бо волидони зиёде вохӯрдаам, ки ба фарзандонашон тамоми кор, сухан ва бозиро манъ мекунанд. Онҳо фикр мекунанд, ки кӯдакро, хусусан кӯдаки имрӯзро аз ҳама корҳо манъ карда мешавад ва ин манъкуниҳо бар суди тарафайн анҷом меёбад. Вале агарчи онҳо худашонро доно ҳам тарошанд, ин тавр нест, зеро худашон ҳам дар кӯдакӣ ба талаботи имрӯзашон мутобиқ набуданд. Яке аз чунин нафарон ҳамдеҳаи мо Нуралии журналист аст. Ӯ ба қавли худаш кӯдаконашро ботарбияву нафъовар ба ҷомеа калон мекунад, вале бехабар аз он ки чунин сахтгириҳову ҷиддӣ буданҳо бо кӯдакон танҳо бар зарар аст. Дар ин маврид ман ҳоло савол медиҳам ва яқин медонам, ки духтари журналист Нигинабону ҷавоб медиҳад.

– Бачаҳо, чаро ҳар кореро ба шумо манъ мекунанд, боз ҳамонро мекунед?

– Падарам телевизортамошокуниро барои ман манъ мекунад, вале худаш баробари аз кор омадан то бевақтиҳои шаб дар таги он мешинад. Модарам дар кӯча гаштану бозӣ кардани маро манъ мекунад, вале худаш баробари соя шудани хараки пушти хона ҳамсояҳоро ҷеғ зада, то омадани падарам суҳбат мекунаду механдад. Бародарам доимо мегӯяд, ки дар мактаб назди писарон нашинам, вале худаш боре ҳам ҳампартаи писар надорад. Апаам даст расонидан ба телефони волидонро ба ман манъ кардааст, вале худаш доимо телефони онҳоро дуздида, дар интернет мешинад. Ман фикр мекунам, ки ҳар кореро, ки ба ман манъ мекунанд, он кори хуб аст, зеро хуб набошад, онҳо худашон намекунанд. Барои ҳамин ҳар кореро, ки накун гӯянд, ман ҳатман онро мекунам.

Хаёли нуҳум:

БОҒЧАВУ МАКТАБ ВА МУРАББИЮ МУАЛЛИМ

– Бачаҳо, дар бораи боғча ва мураббияҳоятон ягон чиз гуфта метавонед?

– Чӣ ҳам мегуфтем? Ягонтои мо боғчаро надидаем. Худатон ҳам медонед, ки дар деҳоти ҷумҳурӣ боғча сохтану ба боғчаҳо ҷалб шудани кӯдакон мӯд нест.

– Шумо ҳамаатон мактаб мехонед. Бигӯед, ки барои чӣ мактаб ба шумо писанд аст ва барои чӣ писанд нест?

– Хубии мактаб дар он аст, ки ҳар рӯз 4-5 соат аз корҳои хона дурем ва дарс мехонем. Бадияш дар он аст, ки яку якбора зиёда аз 10 муаллим моро маҷбур мекунанд, ки фанашонро бо баҳои хубу аъло хонем. Чаро ин тавр аст, намедонам. Барои чӣ муаллимон худашон танҳо як фанро медонанд, вале моро маҷбур мекунанд, ки ҳамаи фанҳоро донем?

– Шумо муаллимҳоятонро чӣ гуна дидан мехоҳед?

– Ба фикри ман, муаллим бояд нафаре бошад, ки дилаш ба ояндаи мо бисӯзад. Бояд нафаре бошад, ки аз надонистани мо ғазабӣ нашавад, балки моро омӯзонад, зеро агар мо ҳама чизро донем, мактаб намеравем. Бояд нафаре бошад, ки бисёр доно бошад ва ҳар мавзӯеро, ки ба мо мегузарад, худаш об барин азёд донад. Ва бояд нафаре бошад, ки бо забони ба мо фаҳмо суҳбат кунаду дарс гузарад. Моро аз фарзандони худаш ҷудо накунад…

Хаёли даҳум:

ХОСТАҲО

– Бачаҳо, ҳама волидони шумо аз ин суҳбати мо бохабар мешаванд ва дар охир ҳамаатон кӯтоҳакак чӣ хостанатонро аз волидонатон бигӯед.

– Ман мехоҳам падару модари ман сахтгир, бадқавоқу ҷиддӣ, ғамгину ногап набошанд…

– Ман мехоҳам падару модари ман барои мактаб рафтан роҳкиро, обедпулӣ, пули парда, пули обуна, пули зодрӯзи муаллимаву ҳамсинфон диҳанд. Барои футболбозиям “будсӣ”, тӯб, либос бихаранд. Барои дар хона зиқ нашуданам бо ман бозӣ кунанд.

– Ман мехоҳам волидонам ҳамеша гапи маро бигиранд…

– Ман мехоҳам волидонам ба ҳама саволҳои ман ҷавоб гӯянд…

– Ман мехоҳам онҳо ҳама хоҳишҳои маро иҷро кунанд…

– Ман мехоҳам падарам як рӯз кор наравад ва ҳамроҳ бо модарам хӯрок хӯрем.

– Ман мехоҳам падару модари ман дар маҷлисҳои мактабӣ иштирок кунанд ва аз муаллимон барои баҳоҳои “аъло”-и ман раҳмат шунаванд…

– Ман мехоҳам мисли модарам зебо ва монанди падарам пулдору коргар бошам…

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

P.S. Кӯдаконро тарбия накунед, аз пушти тарбияи худатон шавед, зеро кӯдакон мисли шумо хоҳанд шуд.

(Мақоли англисӣ)

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here